Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Шири гов аз даҳонаш вобаста аст.
Библиотека | Сказки народов мира / Афсонахо халки
1 2 3 ... 29 >>

АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК Скачать Кисми 3

Тэги:точикистон | ханда | анекдотхои точики | хазлу шухихо | афсонаҳои халқи тоҷик | афсонаҳои | халқи | тоҷик | скачать | афсонахои халкии точик
Добавил:Admin (09.04.2015 / 07:32)
Рейтинг:rating 81 article (2)
Прочтений:4810
Комментарии:1
АЗ НАШРИЁТ
Вуҷуди таърихии адабиёт ба ҳузури нахустин тасаввуроти инсон роҷеъ ба ҳастии фарогири ӯ - устура пайванди муҳкам дорад ва ҳамин ривоёту асотири ав- валия минбаъд барои ба миён омадани нахустин намунаҳои насри форсу тоҷик ба сурати афсонаҳо боис омадааст. Ҳарчанд аз мутолиаи осори гузаштагони мо рав- шаи мегардад, ки осори буруномада аз асотиру ривоёт ба унвони насри ривоятӣ муаррифӣ гардида, бахши аъзами онхо дар мустақилияти хеш ба унвони афсонаҳо низ маъруф шудаанд, аммо намунаҳои барҷасгаи афсонаҳои миллии мо ҳамчун осори тарбиятӣ ба сӯи арзишҳои олии ахлоқи инсонӣ аз даҳон ба даҳон гузаш- та, ҳамчун сарвати бебаҳои адабиёти нурғановати милла ги соҳибтамаддуни мо то имрӯз расидаанд. Воқеан, ҷои таъкид ва тазаккур аст, ки нақши афсопаҳо аз ҳар чиҳат барои тарбияи насли наврас, шурӯъ аз аёми кӯдакӣ то ҷавонӣ хелс муҳим ва муассир аст, чун нахустин маърифате, ки кӯдаки хурдсол дар бораи одаму олам пайдо мекунад, маҳз таваесути шунидани ҳамин афсонаҳо аз даҳони бузургсолон ҳосил мешавад. Шояд он нафароне ҳам, ки ба унвони ровиёни киссаҳои насри ривоятӣ дар ин навъ кутуб зикр мешаванд, иеш аз ҳама, ҳамин афроди солманд ва бомаърифат будаанд, ки дар ҷойҳои махсус барои хурдсолон ин ҳикоёту ривоят ва нақлу афсонаҳоро бозгӯй мекарданд. Ҳамин гуна, пақши афсонаҳо барои га- шаккули шуури маънавии кӯдакон дар ҳамаи давру замон бузург будааст ва имрӯз ҳам ҷомеа новобаста ба бархӯрдҳои фарҳанги техникӣ ва зуҳури ҷаҳонишавӣ ба таъсири файзбахши афсонаҳо дар андешаи кӯдакон бо хадафи таъмини маъри- фати бузурги инсонии онҳо ниёзманд аст. Сиёсати давлат дар бахши маориф, ки ҳоло ба раванди ислоҳи муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба олами маърифат ва зсбоӣ такя мекунад, маҳз бозгӯи ҳамин тафаккур аст, ки ҳоло дав- лати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо шарофати сиёсати маорифиарваропаи сар- вари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар чӣ бсштар ба вижагиҳои хоси низоми маорифи миллӣ, ки сарчашма дар инсонгароии омӯзишу тарбият доранд, пайвапд бахшидани равандхои босуръати ниёзҳои маорифи ҷаҳонӣ ва татбиқи воҳиди ии ду унсури муҳим-суннатҳои маорифи миллӣ ва таҷаддуди ни- зоми тарбия ва таҳсилот такя мекунад. Дар саргаҳи таҳаққуки ин амалкард ва ҳадафи муҳими тарбияи ҷомеа. пеш аз ҳама, таваҷҷӯҳ ба парвариши маърифатӣ ва ахлоқии кӯдакон қарор дорад. Аз ин рӯ, нашру таблиги афсонаҳои халқи тоҷик ҳамчун ёдгории беназири тарбиятгари миллӣ мегавонад ба уивони яке аз муҳимтарин воситаҳои таъмини камолоти маънавии кӯдакону бачагон хидматгу- зор бошад ва ҷалби кӯдакон ба мутолиаи афсонаҳо ва истифода аз роҳу усулҳои ҷадиди фарогирии оион бо ин сарвати бебаҳои ақлонияти миллӣ дар ин росто беҳгарип омили таъсиргузор хоҳад буд.
Бо ҳадафи мусоидат дар ин амри муҳими тарбияи маънавии ҷомеа нашриё- ти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки бо исгифода аз нусхаҳои чопии
мавҷуд дар Тоҷикистон нашри ҷадиди китоби «Афсоиаҳои халқи тоҷик»-ро мун- ташир созад. Тавре маълум аст, бори аввал бо кӯшиши донишманди тоҷик акаде- мик Раҷаб Амонов нахустин бор нашри нисбатан мукаммали китоби «Афсонахои халқи тоҷик» дар соли 1957 ба дасти чоп расид, ки дар кори тахия ва таҳрири он аз корҳои дар ин арса анҷомдодаи устодони пасри навини тоҷик Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳаким Карим ва дигарон истифода шудааст. Минбаъд аксари нашрҳои баъдии китоби «Афсонаҳои халки тоҷик» бо такя бар ҳамин матни му- каммали афсонаҳо рӯи чопро диданд. Бо гузашти шаш сол аз иашри ин китоб бо эҳтимоми устод академик Раҷаб Амонов муҷаддан китоби мазкур рӯи чопро дид.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бошад бар асоси нусхаи нахусти- ни китоби мазкур соли 2004 нашри нави «Афсонаҳои халқи тоҷик» дастраси хо- нандагон гардид, ки маҷмӯан аз 120 афсона иборат буд. Ҳарчанд нашри нахусти- ни китоби «Афсонахои халқи тоҷик» дар чаҳор бахш афсонаҳоро қисмат намуда буд, аммо ин нашр бо ҳамии шева афсонахои фарогири худро дар се қисмат ҷой додааст.
Бо гузангги наздик ба дах сол аз нашри ин китоб эҳсос мешавад, ки имрӯз зимни афзудани теъдоди аҳолӣ ва шумораи кӯдакони фарогири муассисаҳои томактабӣ ниёзмандии ҷомеа ба мутолиаи афсонаҳо меафзояд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама бо ҳадафи бароварда гардонидани нисзҳои кӯдакон ва мактаббачагон нашри- ёти «Ношир» низ тасмим гирифтааст, ки ба нашри муҷаддади китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик» икдом намояд. Барои тахия матни афсонаҳо, пеш аз ҳама, нашри нахустини китоби мазкур бар асос гирифта шуд, ҳарчанд дар мавориди зарурӣ аз нусхаҳои дигар истифода шудааст. Аз сабаби он ки сабки иншо ва китоби нашри аввалини «Афсонаҳои халқи тоҷик» аз ҳар ҷиҳат ба меъёрхои забони фаҳмо ва фасеҳ барои кӯдакон мутобикат дорад, дар аглаб маворид зимни таҳрири матни афсонаҳо ба ои руҷӯъ шудааст. Ҳамзамон, дар ҷараёни таҳияи матни афсонаҳо гоҳо аз рӯи зарурат бархе аз вожагони номафҳум ва бар асоси меъёрҳои лаҳҷаву гӯйишҳои муайян китобатшуда бо ҳадафи ошноии кулли алоқамандон ва хонан- дагон дар поварақ тавзеҳ дода шудаанд. Афзун бар ин, дар ҷараёни таҳияи муту- ни қаблӣ эҳсос гардид, ки баъзе номҳои ҷугрофии мавҷуд дар афсонаҳо ба номи имрӯзини онҳо баргардонида шудааст. Аммо мо бо ҳадафи риояи суннати таъ- рихияти сабт ва фароҳамоварии матни афсонаҳо асомии аслии таърихии онҳоро барқарор ва дар ҳошия никоти марбут ба онро тавзеҳ додем. Боқӣ, умед бар он дорем, ки чун ҳадафи аслии мо аз нашри китоби мазкур мусоидат дар дастрасии бештари кӯдакои ва иаврасон ба ҷаҳони пуробуранги афсонавии зиндагонии мар- думи хеш ва аз ии роҳ, тарбияи маънавии онон маҳсуб мешавад, нашри ин ки- тоб метавонад дар ташаккули шуури ахлоқӣ, маърифаг ва ҷаҳоншиносии кӯдакон ҳамчун ояндасозони ҷомеаи мо таъсири пурфайзе гузорад.





БУЗАКИ ҶИНГИЛАПО
<Б уд, набуд, як Бузаки ҷингилапо буд. Бузак се бача дошт. Номи якташ Алӯлак, дуюмаш Булӯлак, сеюмаш Хиштаки сари танӯр. Бузаки ҷингилапо ҳар рӯз ба чарогоҳ рафта истода, ба бачагонаш мегуфт:
- Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки сари танӯракам! Ман ба чарогоҳ мера- вам, дар шохакам алаф, дар даҳонам об, дар пистонакам шир меорам. Дарро қулф карда дар хона шинетону ба ҳеҷ кас накушоетон!
Як рӯз баъди рафтаии бузак ба таги дари хонаи ӯ Шағол омада, уллос ка- шида гуфт:
- Алӯли ман, Булӯли ман, Хиштаки сари танӯри ман, зудтар дарро кушоед!
Бузголаҳо Шаголро аз овозаш шинохта, дарро накушоданд. Шагол ноилоҷ
гашта рафт. Дере нагузашта, гург омад. Гург аз пуш ги хона исгода, гапи Буза- ки чингилапоро шунида буд. Вай монанди бузак овозашро маҳин карда гуфт:
- Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки сари танӯракам! Дарро кушоед, дар шо- хакам алаф, дар дахонакам об, дар пистонакам шир овардам!
Бузголачаҳо гургро модарашон гумон карда, дари хонаро кушоданд. Гург ба хона тохта даромаду бузголачаҳоро хӯрда, гурехта рафт.
Бегоҳӣ Бузаки ҷингилапо аз чарогох омад. Дари хонаро кушода дид, ки на Алӯлак ҳасту на Булӯлак ва на Хиштаки сари танӯр. Бузак ҳайрон шуда, бача-
т 


гонашро ҷег зад: Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки сари тапӯракам, куҷоед? Дар шохакам алаф, дар даҳонам об, дар пистонакам шир овардам!
Аз ҳеҷ ҷо овози бузголаҳо набаромад. Бузак зор-зор гириста, ба худ ме- гуфт, ки боз бачагонамро
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 29 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 35

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©