Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Чизе, ки худо надод мулло намедиҳад.
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам
1 2 3 ... 58 >>

БИОЛОГИЯИ УМУМЙ Китоби дарсӣ барои синфи 11

Тэги:китоб | мактаб
Добавил:Admin (07.04.2015 / 14:14)
Рейтинг:rating 78 article (0)
Прочтений:8581
Комментарии:0
Муаллимони муҳтарам!
Хоҳишмандем, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба мазмуни китоби мазкур ба нишонии 734024, ш.Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 45, Пажӯҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистон ирсол намоед.
!5ВЫ 99947 - 715 - 1 - 5
БА ҶОИ МУҚАДДИМА
Шумо дар синфи 11-ум омӯзиши биолгияи умумиро, ки дар синфи 10-ум ба он шурӯъ карда будед, давом меди- ҳед. Ба хотир меорем, ки дар синфи 10 кадом мавзӯъҳо- ро омӯхтед: гуногуншаклии олами зинда, пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин, ташаккули химиявии ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, сохт ва вазифаи ҳуҷайра, афзоиши организмҳо, инкишофи фардии организмҳо, мафҳумҳои асосии гене- тика ва қонун-ҳои ба мерос гузаштани аломатҳо.
Дар синфи 11-ум ба мавзӯъҳои зерини биологияи умумӣ шиносоӣ пайдо хоҳед кард: қонунҳои тағйирпазирӣ, асо- сҳои селексия, қонунҳои инкишофи табиати зинда, мак- роэволютсия, инкишофи олами органикӣ дар рӯи Замин, пайдоиши инсон, бионика, биосфера, асосҳои экология.
Китобро гурӯҳи муаллифон навиштаанд. Бобҳои 1-11 ба дотсент Савлатов С.Х., бобҳои Ш-У!! ба дотсент Маҳмад- зиёев А.М. ва бобҳои У!!!-Х ба дотсент Султонов С.С. та- аллуқ доранд.
Аз сабаби хусусияти умумӣ доштани бисёр қонунҳои биологӣ мо тағйир додани расмҳоро аз рӯи мақсад нашу- моридем. Расмҳо аз рӯи китобҳои ба забони русӣ нашршу- да, ки дар барномаи таълимии биологияи умумӣ нишон дода шудаанд, истифода гаштанд.
Дар китоб дастовардҳои илмии олимони ватанӣ аз рӯи имконият ва ба мавзӯъҳо дахлдошта маълумот оварда шу- даанд.











ҚОНУНИЯТҲОИ
ТАҒЙИРПАЗИРИ
Тагйирпазирӣ гуфта он қобилияти орга- низми зиндаро меноманд, ки баъзан аломат ва хусусиятҳои нав пайдо карда, гоҳо ало- мат ва хусусиятҳои худро гум мекунанд. Тагйирпазирӣ инъикоси таъсири тарафайни организм ва муҳити беруна аст. Ду шакли тагйирпазирӣ вуҷуд дорад: ирсӣ ё генотипӣ ва гайриирсӣ ё модификатсионӣ.
§1. ТАҒЙИРПАЗИРИИ ИРСИ
Ба тағйирпазирии ирсӣ он тағйиротҳои зоҳирии организм хосанд, ки бо генотип вобаста буда, дар наслҳо боқӣ мемо- нанд. Албатта, ин навъи тағйиротҳо гуногунанд ва баъзан аломатҳои тағйирёфта ба чашм намоён мебошанд. Маса- лан, пойҳои кӯтоҳ дар гӯсфандони анконӣ (расми 1.1), пар надоштани паррандагон (расми 1.2, 1.3), дигар шудани панҷаҳои гурба, набудани пигмент (албинизм) ва кӯтоҳан- гуштӣ дар одам (расми 1.4).
Ин тағйирпазирӣ устувор буда, аз насл ба насл мегуза- рад ва бо ин роҳ навъҳои нав пайдо мешаванд. Масалан, навъи паканаи нахӯди хушбӯй, растаниҳои махмалгул ва ғайра дар асоси ҳамин тағйирпазирӣ ба вуҷуд омадаанд.
Тагйироти ирсие, ки дар заминаи маводи генетикӣ ба амал меояд, мутатсия номида мешавад.
Тағирпазирии мутатсионӣ
Мутатсияҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани сохтори ген (яъне пайдарҳамии нуклеотидҳои КДН) ё хромосомаҳо ба амал омада, сарчашмаи гуногуншаклии дохили намуд ба ҳисоб мераванд.
Дар натиҷаи доимӣ будани ҷараёни мутатсия роҳҳои гуногуни омезиши генҳо ба амал омада, захираи ирсияти

Расми 1.1. Мутатсияи гӯсфандон:
аз рост ва мобайн-гӯсфандони кӯтоҳпой, аз чап - гӯсфанди пойҳояш мӯътадил

тағйирпазириро ташкил мекунад. Вале гуногуншаклии бе- охири организмҳо ва нотакрории ҳар як фард дар табиат ба тағйирпазирии комбинативӣ ва омезиши хромосомаҳо дар рафти афзоиши ҷинсӣ, ҳамчунин ба ивазшавии қисмҳои ба ҳам монанди хромосомаҳои гомологӣ (чилликишавӣ) вобас- та аст.
Дар натиҷаи чунин тағйирпазирӣ сохтори генҳо ва хро- мосомаҳо бетағйир монда, фақат омезиши аломатҳои ирсӣ ва тарзи таъсири тарафайни генотип тағйир меёбад.
Таснифоти мутатсионӣ
Мутатсияҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки хусусияти зоҳиршавӣ, ҷои пайдоиш ва дараҷаи онҳоро ни- шон медиҳанд. Албатта, чунин таснифоти мутатсияҳо нисбӣ аст. Вобаста ба дараҷа ва хусусияти зуҳурот мутатсияҳо доминантӣ ва ресессивӣ мешаванд (расми 1.3). Бештари му- татсияҳои ресессивӣ дар ҳолати гетерозиготӣ буда, зоҳир намешаванд ва ин ҳолат барои вуҷуд доштани намуд хеле муфид аст. Мутатсияҳо аслан омили зарарноканд, зеро му- возинати силсилаи аксуламалҳои биохимиявиро вайрон мекунанд. Организмҳо (фард)-е, ки мутатсияи зарарноки 
Расми 1.4.
Брахидакталия (кӯтоҳ- ангуштӣ) дар одам:
А - панҷаи даст.
Б - нақшаи рентгенӣ нишон медиҳад, ки ду бугум якҷоя шудаанд
доминантӣ доранд, дар ҳамаи наслҳо ҳам дар ҳолати гомо- зиготӣ ва ҳам дар ҳолати гетерозиготӣ зоҳир мешаванд. Ак- сари онҳо қобилияти зистан надошта, дар оғози инкишофи фардӣ (онтогенез) ҳалок мегарданд. Баъзан бо тағйир ёфта- ни муҳити зист, мутатсияҳои қаблан зарарноки ресессивӣ, ки захираи ирсияти тағйирпазиранд, метавонанд хусусияти муфид пайдо кунанд. Фардҳои дорандаи ин гуна мутатсияҳо дар интихоби табиӣ бартарӣ пайдо менамоянд. Мутатсияҳо баъзан қобилияти ҳаёт ва насловарии организмҳоро паст мекунанд (расми 1.5). Мутатсияҳое, ки қобилияти ҳаёти фардҳоро якбора суст мекунанд, ё инкишофи онҳоро пурра қатъ мегардонанд, мутатсияҳои нимкушта (полулеталӣ) ном доранд. Мутатсия, агар ба ҳаёт номувофиқ бошанд, пас онро мутатсияи кушанда меноманд.
Мутатсияи ресессивии генӣ-гемофилӣ барои мардҳо му- татсияи нимкушта ва барои занҳо дар ҳолати гомозиготӣ мутатсияи кушанда ба ҳисоб меравад. Вобаста ба мавқеи пайдоиш мутатсияҳоро чунин тақсим кардан мумкин аст: 
1. Мутатсияҳое, ки дар ҳуҷайраҳои ҷинсӣ пайдо шуда, ба худи организм таъсир намерасонанд. Таъсири онҳо дар насл- ҳои оянда мушоҳида мешавад. Чунин мутатсияҳоро гене- ративӣ (ҷинсӣ) меноманд.
2. Мутатсияҳое, ки дар ҳуҷайраҳои ҷисм пайдо шуда, дар фардҳо зоҳир мегарданд, дар вақти афзоиши ҷинсӣ аз насл ба насл намегузаранд, вале дар мавриди афзоиши ғайриҷин- сии ин гуна организмҳо аз ҳисоби ҳуҷайра ё гурӯҳи ҳуҷай- раҳо чунин тағйирот аз насл ба насл мегузаранд. Чунин мутатсияҳоро мутатсияҳои соматикӣ (ҷисмӣ) меноманд.
Дар растанипарварӣ аз ҳисоби мутатсияҳои ҷисмӣ (узвҳои он) навъҳои нави растаниҳои киштбоб рӯёнида ме- шаванд. Дар ҳайвонот бошад, натиҷаи мутатсияи ҷисмӣ дар шакли доғи сиёҳ дар заминаи мӯи хокистарранги гӯсфандо- ни қароқӯлӣ вомехӯранд.
ТАСНИФИ МУТАТСИЯ ВОБАСТА
БА ДАРАҶАИ ПАЙДОИШ (ГЕНОТИП)
Вобаста ба тағйир ёфтани генотипи организмҳо мутат- сияҳоро ба чунин шаклҳо ҷудо кардан мумкин аст: генӣ, хромосомӣ ва геномӣ.
Тағйиротеро, ки ба ивазшавии як ё чанд нуклеотидҳои дар ҳудуди як ген пайдошаванда боис мегарданд, мутатсияи генӣ ё нуқтагӣ меноманд. Ин гуна мутатсияҳо сабабгори дигар шудани сохтори сафеда хоҳанд шуд, зеро пайдарҳа- мии нави аминокислотаҳо дар занҷири полипептидӣ ба ву- ҷуд омада, ба дигар шудани фаъолияти молекулаи сафеда оварда мерасонад.
Тағйироте, ки дар сохтори хромосомаҳо ба амал меоянд, мутатсияи хромосомӣ ном доранд. Ин гуна мутатсияҳо би- нобар канда ё илова шудани баъзе қисмҳои хромосомаҳо ба вуҷуд меоянд. Агар дар қисми кандашуда генҳои қобили ҳаёт ҷой гирифта бошанд, пас чунин мутатсия организмро ба ҳало- кат мерасонад. Дар кӯдакон канда шудани қисми хурди 21- уми хромосома сабаби бемории вазнини лейкоз (сафедхунӣ) мегардад. Дар баъзе маврқдҳо қисми кандашуда метавонад ба дигар хромосомаҳои ғайригомологӣ якҷоя шуда, омези- ши (комбинатсия)-и нави генҳоро ба вуҷуд оварад, ки хусу- сияти таъсири тарафайни онҳоро тағйир медиҳад.
Шакли дигари
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 58 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 48

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©