Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дар кисааш муш бо асо меравад
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр

Баромади Навруз

Тэги:табрикоти наврӯз | шеърхои наврузи | наврӯз дар тоҷикистон | навруз табрикот | навруз баромади таёр | 21 март | навруз точики | навруз | баромад | шеърхои наврӯз | шеърҳо | навруз 2015 навруз в узбекистане | навруз в таджикистане навруз ресторан навруз имя navruz bayrami haqida navruz mp3 праздник навруз сочинение
Добавил:Admin (07.04.2015 / 14:09)
Рейтинг:rating 77 article (0)
Прочтений:2495
Комментарии:0
Барандаи 1. Баромад боди субхи буйи навруз
Ба коми дустону бахти пируз
Муборак бодат имсолу хама сол
Хумоен бодат ин рузу хама руз.
Барандаи 2. Салом эй субхи нав субхи дилафруз ,
Салом фасли гули айёми навруз!
Салом,эй навбахори кишвари ман.
Салом хуршеди бахти оламафруз. Салому дуруди моро бипазиред,устодон, донишчуён ва мехмонони оликадр !Каблан кадамхои хар яки шуморо хайрамакдам мегуем.Наврузи Ачам –иди вокеанд милли ва ачдоди ,ба хонаи Шумо муборак бошад. Шукр ки худованд мову шуморо ба наврузи нав расонид ва умед дорем ,ки боз ба Наврузи дигар мерасонад! Ба хонаводаатон саломати тансихатиро аз даргохи худованнд талаб менамоем ва таманно дорем,ки
Барандаи 1.Чехраи Шумо чун гулхои наврузи хандону шукуфон.
Барандаи 2.Калбатон чун офтоби оламорои навруз гарму равшан.
Барандаи 1.Таъбатон чун насими наврузи хурсанди бахш.
Барандаи 2.Рухатон чун субхгохи навруз пок,бещубор
Барандаи1.Мехратон чун мехри модарон бепоён ва саршор аз мехру мухаббат.
Барандаи 2.Дастархонатон чун дастархони наврузи пурнозу неъмат ва пурнаво бошад.
Барандаи 1. 19-феврали соли 2010 мачмааи умуми СММ катъномаеро кабул кард ки тибки он чашни Навруз макоми байналлмилалиро касб намуд .Иди навруз соли 2009 аз чониби кумитаи хифзи мероси фархангии СММ расман ба фехристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарханги чахони дохил гардид. Истикболи Иди байналмиллалии Навруз баъд аз катъномаи Мачмааи умуми СММ дар ЧТ дар сатхи байналмиллали тачлил карда мешавад.
Барандаи 2.Ба ин муносибат тасмим гирифтем барномаи фархангиамонро тахти унвони «Наврузи хучастапай фархунда бод !» пешкаши шумо гардонем.
Барандаи 1. Гули бодом буи нози навруз ,
Гилеми сабза пойандози навруз.
Ба рохат абри найсон дурр бипошад .
Ки тундар оварад овози навруз.
Барандаи 2.Бахорам ман бахори зиндагони
Биёрам бахри мардум шодмони
Табиатро ман аз нав зинда созам
Чаманхоро бубахшам гулфишони
Бахор наврузро жещ мезанад
Барандаи 1. Нафаси тозаи навруз муборак бошад,
Чашни фархундаю фируз муборак бошад
Хамачо хурсандиву тозачавони бинам
Чехраи поку дилафруз муборак бошад.

Барандаи 2. Ба огуше пур аз атри бахорон
Ба чашмони мунири нозанинон
Биё ай махзани рузи мухаббат
Биё ай иди гул ай иди дехкон.

Барандаи 1. Биё навруз эй огози тавлид
Гуле аз боги вахдат соз эхдо
Биафрузон чароги сулху вахдат
Даруни манзили торики дилхо.

Барандаи 2. Сари хар сахро ракси майса гуёст ,
Таги хар санг чашми чашма биност.
Агар навруз ёри кухнаруз аст ,
Мухаббат рузии наврузии мост .
Барои боз хам болидахотирии шумоён суруд дар ичрои ……………………… такдими шумо мегардад мархабо раксед бозед ва хамрохи мо хурсанди созед.
Барандаи 1. Навруз расид ёри дирузии ман ,
Як руз биё барои дилсузии ман .
Гамхои ту кухнаанд.аммо имруз,
Хуштар зи гами ту нест наврузии ман.

Барандаи 2. Иди наврузи ачам дар остонаи дархои мост ,
Ин бахори нозанин сарсабзии сахрои мост.
Мерасад боре садою нагмахои дилнишин,
Созу оханги сафо дар базми минбархои мост .

Барандаи 1. Наврузи Ачам омад аз хона бадар оед
Чун Хазрати Мавлоно аз хеш бадар оед
Як даст ба дасти ёр як даст ба дасти гул
Дар базмгахи Наврузи чун гунчаи тар оед!!

Барандаи 2. Дар руи хони Навруз рамзи бахори дунё
Ё хафтсин бибояд ё хафт навдаи он-
То боги хафт иклим руи хазон набинад
То боги умр бошад то човидон гулафшон
.
Барандаи 1. Наврузи кухан зи нав чавони дорад,
Дар кухна замин тоза замоне дорад.
Хар бор зи омадаш замин гирад хусн
З-ин чост ки умри човидони дорад.

Барандаи 2. Навруз ки бар замин бувад хуснфизо
Рафтанд чи асрхову урост бако
Хохи ту агар бакои умрат бошад
Бар руи замин ба мисли навруз биё

Барандаи 1. Биё чун хадяе бахшо табасум
Бурун овар гам аз дилхои мардум
Бизан теша дарахти кинаю кибр
Зи нав эхё намо гулхои гандум
Биё ай мурги субхи навбахорон
Биё ай чашни чумла одамиён
Чадиде кун зи нав дунёи кухна
Биё ай шури ишку чуши имон

Барандаи 2. Ки то ин сабзгулшан човидона
Бувад кошонаи сулху амони
Хумои бахт бикшояд пару бол
Ба авчи осмони зиндагони.

Барандаи 1. Чашни навруз аст ,сарви гулъизори ман кучост,
Дар чаман ёрон хама чамъанду ёри ман кучост.
Гашта мардум хар яке имруз сайди чобуке ,
Чобуки сайдафкани мардумшикори ман кучост .
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 47

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru