Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Як рӯз бошу хурӯс бош
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 14 >>

Тестҳои Назарияи иктисоди барои гуруххои гайрииктисоди

Тэги:тестхо | чавобхо | назарияи иктисоди
Добавил:Admin (04.04.2015 / 12:16)
Рейтинг:rating 73 article (0)
Прочтений:5388
Комментарии:1
Тестҳои Назарияи иктисоди барои гуруххои гайрииктисоди

1. Рисолаи ба иқтисод мансуби Сино чї ном дошт?
а) Ал-қонун.
б) Тадбири манзил
в) Тибби рӯҳонї.
г) Ал-шариат

2. Тарҷумаи илмї ва маънидоди мантиқии вожаи Экономикс чист?
А) бозори мол
Б) ташкили истехсолот.
В) қонуни хоҷагидорї
Г) талаботи ҷомеа.

3. Иқтисод ин аз пеш ҳама илм оид ба
А) қоидаву низомҳо ва равишҳои хоҷагидорї
Б) таърихи инкишофи ҷомеа
в) талаботи инсон ва ҷомеа
г) таклифоти инсон ва ҷомеа

4. Мояи тадқиқоти марказию асосии назарияи иқтисодиёт- ин:
А) маҳфумҳои таърихї
Б) узвҳои муносибатҳои амалї
В) муносибатҳои истеҳсолии одамон ва алоқаи онҳо бо қувваҳои истеҳсолии ҷомеа
г) муносибатҳои истеъмолии одамон ва вобастагии онҳо аз истеҳсолот

5. Омилҳои аввалиндараҷаи истеҳсолот
А) меҳнат ва сармоя, технология, техника, экология
Б) замин, сармоя, меҳнат ва қобилияти соҳибкор
В) меҳнат ва замин
Г) замин, меҳнат, сармоягузор

6. Муносибатҳои иқтисоди аз кадом узвҳои асоси иборатанд.
А) истеҳсолот, истеъмолот, тақсимот
Б) истеъмолот, мубодила, истеъмолот
В) тақсимот, мубодила ва такрористеҳсолот
Г) истеҳсолот, тақсимот, мубодила, истеъмолот

7. Захираҳои табиї, сармоя, захираҳои меҳнат, ахборот, экология, соҳибкори, комёбиҳои илмию техникии муосир -ин ҳама….?
А) омилҳои истеҳсолотанд
Б) воситаҳои истеҳсолотанд.
В) таркибдиҳандаҳои захираҳои иқтисодї мебошанд
Г) субъектони асосии бозоранд

8. Субъектҳои асосии бозор инҳоянд:
А. корхонаҳо, хоҷагиҳои оилави ва давлат
Б. нарх, талабот ва таклифот.
В. рақобати мукаммал ва номукаммал.
Г. пул, мол, хизмат

9. Илми иқтисодї истеҳсолоти ҷамъиятиро ба кадом қисматҳо ҷудо мекунад?
А. моддї ва фархангї
Б. моддию ғайримоддї
В. дастї, ҳунармандї ва махаллї
Г. хусусї, давлатї ва байналхалқї.

10. Арзиши истеъмолии мол чиро мефаҳмонад?
А. сифатнокиро.
Б. доштани нархҳоро.
В. бадоштиии молро.
Г. Манфиатнокиро.

11. Мактаби аввалини иқтисоди чи ном дорад?
А. физиократҳо.
Б. иқтисоди сиёси классики.
В. назарияи иқтисод.
Г. меркантилистон.

12. Сароби илми иқтисоди дар чист?
А. таърихи тамаддун
Б. инкишофи ҷамъият
В. таърихи ҳикмат
Г. қоидаву низомҳои хоҷагидори.

13. Дар кадоме аз ин сарчашмаҳо таълимоти иқтисоди бештар дида мешавад?
А. “Насиҳатнома”
Б. “Шаҳодатнома”
В. “Маснавии маънавї”
Г. “Авасто”

14. Унсурҳои асосии бозор ин-
А. рақобат, моликият, хусуси
Б. талабот, таклифот, нарх ва рақобат
В. низоми бозор,маҷмуи бохор
Г. захираҳои моддї ва иқтисодї

15. Неъматҳоро аз нигоҳи иқтисодї ба ду қисм ҷудо менамоянд
А. иқтисоди ва иҷтимои
Б. илми ва методи
В. табиї ва ғайритабиї
Г. иқтисодї ва ғайри иқтисодї
16. Мол чист?
А. мол - ин истеҳсоли маҳсулот барои истеъмолот
Б. мол - ин истеҳсоли маҳсулот барои фурӯш
В. тӯҳфа, об, ҳаво, замин.
Г. неъмати худованд

17. Пул чист?
А. қоғази қимматнок
Б. ҷавоҳир ва боигари
В. экваленти умумии молҳо
Г. арзиши аслии маҳсулот

18. Рақобат ин-
А. аз байн бурдани рақиб
Б.аз рақибон дида бештар истеҳсол намудани маҳсулот
В. мусобиқаи иқтисоди барои ташкили хуби истеҳсолот, харид ва фурӯши мол ва хизматҳо
Г. рақобатнокии молу хизматҳо

19. Музде, ки вобаста ба андозаи вақти кори иҷрошуда дода мешавад.
А. музди кори вақтбайъ
Б. музди кори корбайъ
В. музди кори мукофотї
Г. музди кори прогрессивї
20. Дар иқтисодиёт ҳамчун истеҳсолкунандаи мол ва хизмат баромад мекунад
А. фирма
Б. ҳокимияти давлати
В. объекти тиҷорати
Г.шахси инфиродї

21. Талабот чист?
А. талабот- ин истеҳсоли маҳсулот аст
Б. талабот - ин рафтори харидор аст
В. талабот - ин эҳтиёҷоте, ки шакли пулро гирифтааст
Г. талабот- ин эҳтиёҷоте, ки бо пул таъмин аст

22. Ҳаракат аз рӯи каҷхаттаи пешниҳод зери таъсири кадом омилҳо ба миён меояд
А. омилҳои нархи ва ғайри нархи
Б. омилҳои вақти
В.омилҳои нархи
Г. омилҳои ғайринархи

23. Микроиқтисод ҳамчун қисми таркибию асосии
А. назарияи иқтисод аст
Б. микроиқтисод аст
В. мезоиқтисод аст
Г. иқтисодиёти ҷаҳони аст

24. Талаботи истеъмолкунанда асосан аз чї вобастагї дорад.
А. сатҳи даромад
Б. кӯшиш барои фоидаи максималї
В. системаи бонкҳо
Г. мавҷудияти пулҳои пурракунанда ва ивазкунанда

25. Ду роҳи афзоиши фирма вуҷуд дорад
А. мукаммал ва номукаммал
Б. бавосита ва бевосита
В. пурра ва нопурра
Г. умумї ва ҷузъї

26. Дар асоси истеҳсолоти неъматҳои моддї чї ба амал меоянд
А. афзоиши субектони иқтисоди
Б. мубаддалшавии омилҳои истеҳсолот ба маҳсулот
В. афзоиши берунаи фирма
Г. афзоиши дохилаи фирма

27. Моликият чист?
А. онҳое, ки қобилият ва нерӯи объектҳои иқтисодиро соҳиби кардан доранд.
Б. воситаҳое мебошад, ки мустақим ва ғайримустақим аз ҷониби субъектони иқтисодї аз худ карда мешавад.
В. кулли муносибатҳои байни субъектони иқтисодї оиди тарзу услуби истифода, соҳибї, дургирої, азонихудкунї ва идораи объектҳои иқтисодї.
Г. ҳуқуқи истифодабарии молро надоштан аст
28. Фирма – ин:
А. субъекти иқтисодї аст
Б. объекти иқтисодї аст
В. омили иқтисодї аст
Г. омили истеҳсолот аст

29. Мафҳуми назарияи иқтисод бори аввал кай ва аз тарафи кї ҳамчун илми иқтисоди сиёсї пайдо шудааст.
А. А. Маршалл-1890
Б. Ф. Кенэ-1750
В. А. Монкретен-1615
Г. А. Смит-1777

30. Кадом маънидоди моликиятро қабул медонед
А. муносибати воқеъии тақсими маснуот
Б. муносибати ҷории одамон оиди истеҳсолот
В. муносибати соҳибї, азонихудкунї, истифодабарї
Г. муносибати одамон оиди истифодабарї

31. Кадоме аз шаклҳои моликият вуҷуд доранд
А. давлатї
Б. ҳамҷоя
В. хусуси
Г. ҳамаи вариантҳо дуруст

32. Асосҳои истеҳсолоти ҷамъиятро ҷудо кунед.
А. Захираҳои иқтисоди ва омилҳои истеҳсолот
Б. имконоти рушди истеҳсолоти ҷамъияти
В. ақидаҳои дар бобати пешрафти истеҳсолот.
Г. ҳар як захираи дар ихтиёри одамон буда

33. Масъалаи марказии илми иқтисодї:
А. чи? барои ки? чи тавр бояд истеҳсол кард?
Б. чи қадар? чанд-то?, бояд истеҳсол кард.
В. чаро? аз барои чї? аз куҷо бояд истеҳсол кард?
Г. барои чї?, чаро?, аз кадом ҳисоб бояд истеҳсол кард?

34. Микроиқтисод, қисми назарияи иқтисодие, ки
А. фаъолияти хоҷагии миллиро меомӯзад.
Б. хоҷагидории бозорҳои ҷаҳониро меомӯзад
В. фаъолияти хоҷагидории фирмаҳоро меомӯзад.
Г. Иктисодиёти зарраҳои хурдтаринро меомӯзад

35. Ба кадом намуди низоми иктисодї он низоме дохил мешавад, ки дар хукмронии моликияти давлатї ва низоми мутамарказии идоракуни асос ёфтааст?

а) анъанавї
б) бозорї
в) маъмурию фармонфармої
г) омехта

36. Иктисодиёте, ки дар сатҳи хочагии хонавода, корхона ва фирма омӯхта мешавад, чунин ном дорад:

а) макроиктисод
б) микроиктисод
в) мегаиктисод
г) иктисоди чахон

37. Куввахои истехсолкунанда ин…

а) муносибатхои иктисоди мебошанд, ки одамон дар раванди истехсоли неъматхои модди пайдо менамоянд
б) воситахои истехсолот ва одамоне, ки онхоро идора мекунанд
в) дастгоххо, мошинахо
г) кувваи ҳар як шахси корхона

38. Олигополия – ин таркиби бозорие, ки дар он хукмрон аст…

а) микдори ками фирмахои ракобаткунанда,
б)
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 14 >>
На главную
0 / 42

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru