Привет, Гость!
На главную
Вход
Интернет магазин в Таджикистане
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 4 >>

Тестҳои нисбатан содда.

Тэги:тест | ответы
Добавил:Admin (04.04.2015 / 12:05)
Рейтинг:rating 67 article (0)
Прочтений:1821
Комментарии:0
Тестҳои нисбатан содда.
1.Ба сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дохил мешаванд?
а) шартномаҳои байналхалқӣ, одатҳои байналхалқӣ, қарорҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, амсоли суди байналхалқӣ, доктринаҳо, ақида ва ғояҳои олимони барҳастаи соҳа.
б) шартномаҳои байналхалқӣ, одатҳои байналхалқӣ ва оинномаи СММ.
в) Конститутсияи Чумҳурии Точикистон, оинномаи СММ, ақида ва ғояҳои олимони барҳастаи соҳа.
г) қарорҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, амсоли судӣ байналхалқӣ ва оинномаи СММ
2. Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқиро ба чунин намуд чудо намудан мумкин аст:
а) аввалиндараҳа ва дуюминдараҳа; б) пешбаранда ва ёрирасон;
в) аввалиндараҳа ва факултативӣ; г) асосӣ ва ёрирасон.
3. Зери мафҳуми субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ чӣ фаҳмида мешавад?
а) ин ҳамаи давлатҳои аъзои СММ, ки сиёсати сулҳҳўёнаро пеша намуда барои инкишоф додани ҳуқуқи байналхалқӣ омода мебошанд;
б) дорандагони ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои байналхалқӣ аз қабили сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, ки ба муносибатҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ байни ҳам медароянд;
в) ин иштирокчии мустақили муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дорандаи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои байналхалқии мутобиқи шартномаҳои ҳуқуқи байналхалқи муқарар гардидашуда мебошанд;
г) ин ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои сулҳпарвар, ки оинномаи СММ - ро
ба тасвиб расонида сиёсати беруна ва дохилии худро дар асоси принсипи сулҳҳўёна амалӣ менамоянд.
4. Субъектони ҳуқуқи байналҳалқӣ ба чунин гурўҳҳо ва намудҳо чудо мешаванд?
а) аввалиндараҳа - давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ва дуюминдараҳа – халқу миллатҳои барои озодии худ мубориза баранда;
б) пешбаранда – ташкилотҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои давлатмонанд ва ёрирасон – роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо
в) аввалиндараҳа - роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва таъсисшаванда - давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ;
г) асосӣ - давлатҳо ва халқу миллати барои истиқлолияти худ мубориза баранда, таъсисшаванда - ташкилотҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои давлатмонанд.
5. Мафҳуми ҳуқуқи байналхалкӣ чист?
а) ин низоми махсуси ҳуқуқӣ буда аз мачмуи меъёрҳо ва принсипҳое иборат мебошад, ки муносибатҳои байналхалқии байни субъектони ҳуқуқи байналхалқи бавучуд меомадаро ба танзим медарорад;
б) ин кисми таркибии низоми ҳуқуқи миллии ҳар давлат ба шумор рафта муносибати ин давлатҳоро бо дигар субъектони ҳуқуқи байналхалқи ба танзим медарорад.
в) ин низоми махсуси ҳуқуқӣ буда барои пурра намудани низоми ҳуқуқи миллии давлатҳо коркарда баромада шуда аз мачмуи принсипҳои иборат мебошад, ки барои танзими муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқи расона шудааст.
г) соҳаи ҳуқуки Чумҳурии Точикистон ба шумор рафта аз мачмуи меъёрҳо ва принсипҳое иборат мебошад, ки муносибатҳои байналхалқии Чумҳурии Точикистон, дигар давлатҳо ва умуман субъектони ҳуқуқи байналхалқи бавучуд меомадаро ба танзим медарорад.
6. Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои таъбизи нажодӣ кай тасдиқ карда шудааст?
а) 23 марти соли 1976; б) 21 декабри соли 1965; в) 3 январи соли 1966; г) 10 декабри соли 1948.
7. Намояндагии САҲА дар Точикистон кай ба фаъолият шурӯъ намуд?
а) моҳи июни соли 1997; б) 19 феврали соли 1999;
в) моҳи октябри соли 2002; г) моҳи ноябри соли 1984.
8. Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар кадом санадҳои зерин оварда шудааст?
а) Эъломияи умуми ҳуқуқи башар аз 1948, Оинномаи ИДМ, Оинномаи СММ;
б) Санади хотимавии САҲА аз 1975, Оинномаи ИДМ;
в) Оинномаи СММ ва Санди хотимавии САҲА аз 1975;
г) Санди хотимавии САҲА аз 1975, Оинномаи СММ, Оинномаи ИДМ.
9. Матлаби хуқуқи байналхалқиро чӣ хел муносибатҳо ташкил медиҳанд.
а) муносибатҳои байни ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳо, ки хусусияти сиёсиро доро мебошад;
б) муносибатҳои хуқуқӣ – сиёсӣ, ки байни шахсони чисмонӣ ва давлат ба вучуд меояд;
в) муносибатҳои байналхалқии байни субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ ба вучуд оянда;
г) муносибатҳои давлатҳо бо кишварҳои хоричӣ оид ба масъалаҳои тиҳоратӣ савдои ба вучуд оянда.
10. Меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ кадомҳоянд?
а) меъёрҳои одатии байналхалқӣ ва шартномавии байналхалқӣ;
б) меъёрҳои шарномавӣ ва меъёрҳои локалӣ;
в) меъёрхое, ки аз чониби САХА (ОБСЕ) тасдиқ мешаванд;
г) меъёрҳое, ки дар доираи давлатхои аъзои ИДМ кабул мешавад.
11. Инкишофи ҳуқуқи байналхалқӣ дар асрҳои қадим ба кадом аз ин олим алоқаманд аст?
а) Ф. Мартенс; б) Г. Гротсий; в) Левин Д.В; г) Ж. Ж. Руссо.
12. Меъёрҳоеро, ки дорои қувваи ҳатмии юридикӣ мебошанд, чӣ ном доранд?
а) jus cogens; б) pacta sunt servanda;
в) jus gentum; г) меъёрҳои локалӣ;
13. Намуди сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар кадом моддаи статути Суди байналхалқӣ СММ зикр ёфтаанд?
а) моддаи 37 б) моддаи 39 в) моддаи 38 г) моддаи 36
14. Эътирофнамоии "де- юре" ин ...
а) эътирофнамоии қисман пурра ки боиси муносибатҳои иқтисодӣ мегардад.
б) эътирофнамоии пурра ва катъи ки боиси баркарории муносибатҳои сиёсӣ - дипломати мегардад.
в) Эътирофнамоии "де- юре" ин чунин намуди эътирофнамоии байналхалқӣ ба шумор меравад, ки дар натиҳаи он давлати эътироф шаванда нисбати давлати эътироф кунанда ўҳдадории барқарор намудани муносибатҳои байналхалқиро пайдо менамояд.
г) эътирофнамоии нопурра.
15. Эътирофнамоии "де - факто" ин...
а) эътирофи ғайри воқеӣ буда хусусияти доими дорад;
б) эътирофнамоии воқеӣ буда, асоси ҳуқуқи надорад;
в) эътирофнамоии юридики буда, асоси воқеӣ дорад;
г) эътирофнамоии вокеӣ буда, хусусияти доимӣ дорад.
16. Объектҳои ҳуқуққабулкунии давлат кадомҳоянд?
а) шартномаҳои байналхалқӣ ва каламрави давлати;
б) моликияти давлати, бойгонии давлатӣ;
в) карзҳои давлатхои пешина ва активҳои онҳо, моликияти онҳо;
г) шартномаҳои байналхалқӣ, моликияти давлати, бойгонии давлати ва карзҳои давлатҳои пешина ва активҳои онҳо.
17. Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дорои чӣ гунна хусусият мебошанд?
а) хусусияти озод, яъне хар як субъекти ҳуқуки байналхалқӣ бо диди худ принсипҳои ҳуқуқи байналхалқиро риоя менамояд;
б) хусусияти умумиҳатмӣ ва универсалӣ доранд;
в) принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ бо ҳам алоқаманд набуда чангоми вайрон кардани яке вайронгардии ҳуқуқи байналхалқӣ ба чашм намерасад;
г) принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ бинобар аҳамияти худ хусусияти диспозитивӣ доранд.
18. Конвенсия оид ба ҳуқуқи баҳрӣ дар куҳо ва соли чанд қабул шуд?
а) дар Женева соли 1958; б) дар Япония соли 1967;
в) дар Англия соли 1945; г) дар Станбул соли 1976.
19. Ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ чанд хел хусусиятҳоро дар бар мегирад?
а) 2 хел; б) 5 хел; в) 1 хел; г) 4 хел.
20. Ҳуқуқи байналхалқии асрҳои миёна моҳияти кадом ибораро ифода мекард?
а) замони деҳқонон; б) замони ҳунармандон;
в) шахсони фаъол. г) замони феодалон.
21.Зери мафҳуми аҳоли чиро бояд фаҳмид
А) шахсоне, ки дар қаламрави давлатҳо зиндагӣ мекунанд;
б) мачмуи шахсони ҳисмонӣ ки дар қаламрави давлати алоҳида вокеъ гардида зери юридиксияи он карор гирифтанд;
в) мачмуи
Скачать txt | fb2
1 2 3 4 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
1 / 30

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©