Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Мурғашро куша гуфта намешавад.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 >>

Навруз барномаи таёр барои баромад

Тэги:навруз | барномаи | таёр | барои | баромад | шерхо
Добавил:Admin (04.04.2015 / 11:46)
Рейтинг:rating 63 article (0)
Прочтений:1252
Комментарии:0
Наврўз љашни эњёи табиат, њамдилии миллат ва рамзи вањдат.
Бигзор дар ин рўз аз њар хонаву дар бўи суманак, бўи нони гарм
ба машом расад, савту навои наврўзї таинандоз гардад.
Эмомалї Рањмон.

Наврўзи Аљам зи сайри олам омад,
Бо чењраи офтобї беѓам омад,
Аз омаданаш оламу одам бишкуфт
Яъне фарању шодї фароњам омад.
Борону њавои Ватанам наврўзї.
Гулњои бањори чаманам наврўзї.
Њарфе, ки барои Ватанам мегўям,
Дар њар нафаси дил заданам наврўзї
Имрўз мо дар арафаи љашни Наврўзи байналмиллалї ќарор дорем. Ин љашн яке аз ќадимтарини мардуми тољик буда, он зодаи хираду андеша, љањонбинї ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад
Наврўз, ки таљассумгари некиву накўкорї, бахшоишу мењрубонї ва созандагиву бунёдкорї мебошад њоло ба љашни љањонї мубаддал гаштааст.
Чанд њазор сол ќабл аз ин ниёгони фарзонаи мо ба суннати фарњангие асос гузоштаанд, ки баёнгари пирўзии нур бар зулмот, некї ба бадї ва тантанаи покиву садоќат ва тозагиву озодагии инсон мебошад. Наврўз риштаи љовидонаи пайванди инсону табиат, оѓози зиндагии тоза ва бахту саодат буда, ба остонаи њар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эњёи замину табиат ќадам менињад.
Бо нафаси мубораки хеш кинаро аз замири мо дурр сохта, мењру бародарї, шафќату мењрубонї ва хайру саховатро дар дили њар яки мо меангезад.
Бо расидани Наврўз рўзгор куњан зиндагиро аз сар мегирад, табиат рахти нав ба тан мекунад. Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии љањонбахши бањорї оѓоз меёбад, љашни шукўњи табиат ва овони эњёи он гуфтаанд. Воќеан, Наврўз давраест, ки Замин ба мењвари Хуршед баромада , рўзу шаб баробар мешавад ва кули инсону мављудотро рўху равони тоза бахшида, ба ояндаи нек , рўзгори обод ва пешрафту созандагї њидоят мекунад.
Наврўз бо наќши созандаи хеш мардумро ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани нињол ва гулу гулбуттањо, хуллас, оѓози њамаи корњои масими бањор њидоят менамояд. Аз ин хотир халќи тољик ин иди азизу мўътабар дониста, бо хурсандиву арљгузории беандоза таљлил мекунанд ва бењтарин орзуву ормонњои худро бо Наврўзи њуљастапай пайванд медонад.
Мардум дар ин айём гурўњ-гурўњ ба сайри лолаву наргис баромада, аз насими њаловатбахши бањорон нафаси тоза мекашанд. Наврўзи дилафрўзро «Арўси сол» гуфтаанд. Дар воќеъ, њамин тавр аст, зеро бо омадани он табиат аз нав зинда шуда, пироњани арўсї ба бар мекунад. Гўё расидани бањор гулу себарга ва сиёњгўшу бойчечак аз ќатрањои ашки ў рўида бошанд.
Шукрона ганљинањои табиати Тољикистон гуногунанд. Њолати хуби табиати атроф ин њам ризќурўзї ва њам саломатию зебої мебошад. Чамазорхо, дарахту буттањо, наботот аз ибтидо манбаи ќонеъ гардонидани талабот ба озуќаворию талаботи физиологии мављудоти зинда – одам ва њайвонот буд ва мебошад. Аз тамошои гулњо, лола, наргис, насрин ва ѓайра чашм нур мегирад., рўх тоза мешавад.
Муттаасифона, имрўзњо дар љавонон маданияти муносибат нисбати мўъљизањои табиат коњидааст. Олами наботот ва њайвонот табаќаи биосфераро ба вўљуд овардаанд, ки инсон дар он зиндагї ба сар мебарад. Онњо ато ва мўъљизаи табиатанд. Нисбат ба набототу њайвонот ѓамхорї накардану њифз нанамудан ё нобуд кардан, беэътиборї зоњир намудан, на танњо гуноњи азими набахшанда аст, балки бо худкушї баробар аст.
Анъанањои Наврўзї моро ба њифз ва тоза нигоњ доштани муњити зист њидоят мекунанд.
Гулгардонї. Аз омадани Наврўз пеш аз њама бачагон бо иљрои анъанаи гулгардонї ба дигарон хабар медињанд. Онњо як ду њафта ќабл аз наврўз гурўњ шуда ба кўњу пуштањо рафта гулњои бањорї: бойчечак, сиёњгўш ва гули зардакро чида, ба дења меоваранд ва хона ба хона гашта сурудхонон ба мардум муждаи омадани Наврўзро мерасониданд. Соњибхонањо гулњоро бўй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачањо кулчаю ќанду мавиз, дар баъзе љойњо гандуму нахуд медињанд.
Хонабардорон. Аз бењтарин хусусиёти Наврўз тозагию озодагист.
Мардум як њафта пеш аз фарорасии Наврўз кўрпаву палосњоро аз хона берун бароварда, хонаро рўфтаю тамиз мекунанд, кўрпањою пардањоро мешўянд ва хушбўё мезананд.Тамоми палосу кўрпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метакониданд. Девори хонањоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфњоро шуста тоза мекунанд, зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иќболи нав аст. Кўчаю хиёбонњо, шањракњо аз ифлосињо тоза карда мешаванд, љўю зањбурњо, ќад-кади одамгузару мошинрав низ намуди дигар пайдо менамоянд. Бешубња, тамошои ин гуна манзарањо ба дил шодию фарањ ато менамояд. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирї, њамон солро бо хушу хурсандї мегузаронї.
Хўрокњои наврўзї. Хўрокњои анъанавии наврўзї аслан ѓизоњоеанд, ки аз ѓалладона пухта мешаванд. Гандум – нишонаи ризќу рўзии инсонњо ва бардавомии њаёт, аломати њаёти шукуфони мост.
Суманак хўроки болаззат ва табиист. Суманак рамзи сарсабзию хуррамї ва серии одамон, рамзм пояндагию баќодории њаёт аст. Дар ноњияи Њисор аз гандуми кўфта, нахўд, лўбиё баъзе гиёњњои хуштамъ ба монанди райњон, пудина, љафъарї, пиёз ва ѓайра гандумкўча мепазанд, ки онро дар дигар минтаќањо далда (Кўлоб), кашк, бољ (Бадахшон), кўча (дар Панљакент) ва ѓайра меноманд. Хўроки гардумї рамзи фаровонии соли нав ва ѓизои солимро ифода мекунанд.Аз нўшокињо бештар зардолу ва ѓўлингро дар оби љўшида тар карда нўшобаи ѓўлигоб тайёр мекарданд.
Оштикунонї. Оини дигаре ки аз замонњои хеле ќадим анъана шуда омадааст, оштикунонии ќањрињо мебошад. Дар оѓози соли нав набояд касе бо касе ќањрию ногап бошад.
Наврўз чун бо авфу бахшоиш тавъам аст. Бо ин накўхисоли хеш љомеаву муњитро љилваю тобиши њусну баракате дигар эњдо менамояд. Одамонро бо њам ќарину ѓамхор мекунад.
Биё, Наврўз:
- рўзи бахшоиши гўноњон,
- рўзи бахшоиши душманон,
-рўзи куштани кина, тоза кардани худ,
Озод кардани худ, озода кардани худ……
Ба њам овардани наслњову халќњо рисолати Наврўз буда, аз ќадим собит гардид, ки вай метавонад њатто мухолифонро бо њам оварад ва сари хони наврўзї ба вањдат расанд.
Боз бозињои варзишї, таронањои наврўзї ва ѓайрањо расму оинњои наврўзї аст, ки саросар љињатњои тарбиявї дорад. Њамаи самтњои Консепсия миллии тарбия – тарбияи хедшиносию хештаншиносї, мењнатї, худогоњии миллї, ватандўстї, экологї, хаёти солим, асоси анъанањои наврўз ба шумор мераванд.
Тавре ки Сарвари давлати мо Эмомалї Рањмон гуфтаанд, Наврўз љашнест, ки бидуни хоњиши ягон халќу миллати љањон, соле як бор фаро мерасад ва љашни омадани соли нав аст. Пеши онро ягон таълимоту идеология гирифта наметавонад, баръакс бо зебогии худ, чуноне ки таърих борњо исбот
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
0 / 60

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru