Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Марг ба фақиру ғанӣ нигоҳ намекунад.
Библиотека | Книги / Китобхо
1 2 3 ... 44 >>

Рахимов Р.К НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ Кисми 2

Тэги:рахимов р к | назарияи | иқтисодӣ
Добавил:Admin (04.04.2015 / 11:25)
Рейтинг:rating 48 article (0)
Прочтений:4369
Комментарии:0
(8.6)


Одатан талабот барои молњои қимматбањо аз рӯи нарх шандир мебошад – љавоњирот, мӯина, мошин, телевизор, мошинњои љомашӯк, компютери фардк ва ғайрањо. Талабот ба молњои эњтиёљоти њаррӯзаи бо нархњои нисбатан паст ғайришандир мешавад – нон, картошка, либос, пойафзол, нақлиёти оммавква ғайрањо.
Чандирии талабот аз рӯи даромад маънои иқтисодии зарурк дорад. Ин нишондињанда њиссиёти талаботро њангоми тағйирёбии даромади истеъмолкунандагон њисоб намуда, нишон медињад, ки то шк андоза талабот њангоми тағйирёбии даромади истеъмолкунанда ба як фоиз тағйир меёбад.
Чандирнокии талабот аз рӯи даромадро њамшун нистбияти тағйирёбии фоизии њаљми талабот нисбат ба тағйирёбии фоизии даромад (I) муайян кардан мумкин аст:

(8.7)


Азбаски истеъмолкунанда талаботро ба молњои гуногун њангоми тағйирёбии даромад њархела дигаргун мекунад, бинобар њамин нишондињанда низ метавонад бузургии њархелаи мусбк ва манфк дошта бошад. Масалан, агар истеъмолкунанда њаљми харидро њангоми афзоиши даромад зиёд гардонад, дар ин њолат шандиринокк аз рӯи даромад мусбк мешавад (EI>0). Дар чунин њолат сухан пеш аз њама оиди моли муқаррарии стандартк меравад. Масалан, оид ба љуфти иловагии пойафзол, ки онро харидор метавонад њангоми афзоишёбии даромад дастрас намояд. Агар афзоиши талабот аз афзоиши даромадро тезтар ба миён ояд (EI>1), он гоњ шандирии баланди талабот аз рӯи даромад вуљуд дорад. Чунин њолат бо талабот ба молњои истифодабариашон дурудароз, масалан, мошин ва ё компютерњои фардк меравад, ки барои хариди онњо одамон қарз мегиранд ва ё пасандозњоро сарф мекунанд.
Лекин њодисаи баръакс низ имконпазир аст, ки дар он бузургии коэффитсиенти шандирнокк аз рӯи даромад манфк мегардад (EI<0). Ин њолат барои молњои пастсифат (навъњои пасти њасибњо, сигарет, маргарин ва ғайрањо) ба миён омаданаш мумкин аст, яъне он молњое,ки истеъмолкунандагон дар њолати даромади
афзоишёфтаистода бо воситаи ивазкунк бо молњои нисбатан баландсифат, камтар харидорї мекунанд.
Чандирии мутақобилаи талабот. Њиссиёти истеъмолкунандагон ба тағйирёбии нарх аз нархи молњои дигар вобастагк дорад. Вобастагии шандирии талабот ба як неъмат нисбат ба тағйирёбии нархи неъмати дигар, шандирнокии мутақобила номида мешавад. Ин намуди шандирнокк њиссиёти талабот ба моли Х-ро љавобан ба тағйирёбии нархи моли Y нишон медињад. Коэффитсиенти шандирнокии талабот бо формулаи зерин муайян карда мешавад:

(8.8)


Чандирнокии мутақобилаи талабот мављудияти алоқаро дар истеъмолоти молњои додашуда нишон медињад.
Агар EXY>0 бошад, яъне бо баробари афзоиши нархи моли Y талабот ба моли Х афзоиш ёбад, он гоњ ин гуна молњо ивазшаванда (молњои субститут) мебошанд. Афзоиши нархи гӯшти мурғ харидоронро маљбур мекунад, ки ба истеъмоли моњии нисбатан арзон гузаранд.
Агар EXY<0 бошад, яъне баландшавии нархи моли Y ба камшавии талаботи моли Х сабаб шавад, он гоњ ин гуна молњо пурракунанда мебошанд, масалан,афзоиши нархи фотопленка талабот ба фотоаппартњоро кам мекунад.
Агар EXY=0 бошад, яъне тағйирёбии нархи яке аз молњо ба тағйирёбии миқдори талаботи моли дигар сабаб нашавад, он гоњ ин гуна молњо бо њам вобаста нестанд. Масалан, баландшавии нархи мошин ба миқдори намаки истеъмолмешуда таъсир намерасонад.


8.3. ПЕШНИЊОД – УНСУРИ МЕХАНИЗМИ БОЗОРЇ.
Азбаски бозор, пеш аз њама бањамтаъсиррасонии харидорон ва фурӯшандагон аст, бинобар њамин мантиқи амалигардонии тањлили рафтори харидорони дар тарафи талабот истодаро бояд бо тањлили рафтори фурӯшандагони пешнињоди мол ва хизматњоро дар бозор муайянкунанда пурра намудан зарур аст.
Пешнињод чист? Пешнињод истиллоњи хулосавие мебошад, ки рафтори фурӯшандагонро дар бозор тавсиф намуда, тайёрии соњибкоронро барои фурӯши миқдори муайяни моли додашударо бо нархи назаррас дар фосилаи вақти муайян ифода мекунад. Тавсифњои асосии пешнињод њаљми пешнињод ва нархи пешнињод мебошад.
Њаҷми пешнињоди мол бо худ миқдори молро дар назар дорад, ки онро фурӯшандагон тайёранд бо нархи муайян ва дар фосилаи вақти муайян фурӯшанд.
Нархи пешнињод – ин нархи њадди ақале, ки бо он фурӯшандагон розиянд миқдори муайяни молро фурӯшанд.
Байни њаљми пешнињод ва нархи пешнињод вобастагии функсионалии (миқдории) муайян вуљуд дорад, ки дар намуди қонуни пешнињод ифода меёбад.
Қонуни пешнињод дар назар дорад, ки њаљми пешнињоди мол дар њолати баланшавии нархи он афзоиш меёбад ва баръакс, њаљми пешнињоди мол дар њолати пастшавии нархи он кам мешавад. Њамин тавр, мантиқи қонуни пешнињод дар он аст, ки байни нархи пешнињод ва њаљми пешнињод алоқаи (вобастагии) рост вуљуд дорад.
Бояд пешнињоди инфиродк ва бозориро аз њамдигар фарқ кард. Пешнињоди инфиродк – ин пешнињоди мол аз тарафи фурӯшандаи алоњида дар бозор буда, пешнињоди бозорї бошад, ин пешнињоди мол аз тарафи њамаи фурӯшандагон мебошад.
Тарзњои тасвиркунии пешнињод вобаста аз нарх. Агар фарз кунем, ки њамаи омилњои пешнињод, ба ғайр аз нархи мол дар давраи мушохидашаванда тағйир намеёбанд, он гоњ вобастагии пешнињодро аз нарх дар намди љадвали пешнињод, ба таври аналитикк ва графикк тасвир кардан мумкин аст.
Ҷадвали пешнињод – ин љадвале, ки кадом миқдори мол бо нархњои гуногун дар фосилаи вақти муайян фурӯхта мешаванд, нишон медињад (љадвали 8.2).
Ҷадвали 8.2.
P 1 2 3 4 5 6 7
Q 0 5 10 15 20 25 30


Тарзи аналитикк дар ишора намудани функсияи пешнињод вобаста аз нарх дар намуди формулаи математикк ифода меёбад:
(8.9)

Лекин дар ин шакли умумк ин формула вобастагии рости байни пешнињод ва нархро ифода карда наметавонад.
Агар байни P ва Q вобастагии хаттк вуљуд дошта бошад, он гоњ дар намуди умумк функсияи пешнињод вобаста аз нарх чунин намуд дорад:
(8.10)

ки дар ин љо a ва b – коэффитсиентњои ададк.
Баробарии функсия, ки вобастагии байни P ва Q – ро (љадвали 8.2) тавсиф мекунад, чунин намуд дорад:
(8.11)

Тарзи графикк. Хатти пешнињодро ба таври графикк бо чунин тарз ифода кардан мумкин аст: ба график маълумоти љадвали пешнињод гузаронида мешавад ва ё вобастагк бо воситаи алоқаи аналитикк сохта мешавад. График нишон медињад, ки хатти пешнињод S хамшавии мусбк (хатти ба боло њаракаткунанда) дорад. Хамшавии каљхаттаи пешнињод қонуни пешнињодро ифода мекунад, ки оиди афзоиши пешнињоди мол дар њолати баландшавии нарх ва баръакс шањодат медињад.
Омилњои ғайринархии пешнињод. Ба ғайр аз нарх ба њаљми пешнињод омилњои ғайринархк низ таъсир мерасонанд. Ба онњо дохил мешаванд:
1. Имкониятњои техники истењсолкунанда, характери технологияи истифода шаванда (К).
2. Нархи захирањои истифодашаванда (PR).
3. Андозњо ва дотатсияњо (T, S).
4. Пешбинии фурӯшандагон (W).
5. Нархи дигар молњо (Pn).
6. Миқдори фурӯшандагон (N).
7. Дигар омилњо (В).

Бо назардошти ин омилњо функсияи пешнињод намуди зеринро мегирад:
(8.12)

Бояд тағйирёбк дар пешнињод ва тағйирёбии њаљми пешнињодро фарқ кард. Агар њама омилњои муайянкунандаи пешнињод, ба ғайр аз нархи мол ва хизматњо доимк бошанд, он гоњ њангоми тағйирёбии нархи мол ва ё хизмат тағйирёбии њаљми пешнињод ба миён меояд. Дар
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 44 >>
На главную
0 / 85

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru