Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Марди дунё ва ҳам марди охират бош!
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам
1 2 >>

МАВОДИ АТТЕСТATСИЯ синфи 9 аз фанни Забони давлатӣ (диктант) 2018

Тэги:маводи аттестatсия синфи 9 аз фанни забони давлатӣ диктант 2018 | аттестация 9 класс 2018 изложение 9 класс с русским языком обучения | маводи аттестatсияи хатм a3 фанни9 синф узбек тили баёнлар матни 2018 | маводи аттестatсияи хатм a3 фанни забони модари накли хатти барои синфи 9 2018 | имтихонои синфи 9 | имтихони синфи 9 2018 | имтихони синфи 9 2018 | тест аз фанни алгебра барои синфи 9 2018 | тест аз фанни география барои синфи 9 2018 | тест аз фанни таърихи халки точик барои синфи 9 | забони точии синфи 9 | саволхои тести аз фанни таърихи халки точик | бо чавобхои дуруст | калиди атестатсияи синфи 9 бо вариантхои дурст | шпаргалкаи атастатсияи 2018 синфи 9
Добавил:Admin (26.04.2018 / 11:21)
Рейтинг:rating 428 article (0)
Прочтений:1141
Комментарии:0
МАВОДИ АТТЕСТATСИЯИ ХАТМ A3 ФАННИ Забони модари накли хатти 2018 , МАВОДИ АТТЕСТATСИЯИ ХАТМ A3 ФАННИ забони модари накли хатти БАРОИ СИНФИ 9 2018,имтихонои синфи 9 ,имтихони синфи 9 2018 ,имтихони синфи 9 2018, тест аз фанни алгебра барои синфи 9 2018, тест аз фанни география барои синфи 9 2018, тест аз фанни таърихи халки точик барои синфи 9,забони точии синфи 9, саволхои тести аз фанни таърихи халки точик,бо чавобхои дуруст,калиди атестатсияи синфи 9 бо вариантхои дурст, шпаргалкаи атастатсияи 2018 синфи 9

Забони давлатй
(диктант)
барои синфҳои таьлимашон бо забони ғайритоҷикӣ (русй, ӯзбекй, қирғизй, туркманй ва ғайра)
Фарҳанги мардумй - оинаи рӯзгори тоҷикон
Давоми чанд соли охир б о ташаббуси мутахассисону коршиносони тоҷик беҳтарин намунаҳои осори таърихй,оин ва қунарҳои мардумии мо дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф шуда, дар асоси гуфтаҳои Пешвои миллат, пешкаши «феҳрасти умумиҷаҳонии ЮНЕСКО» гардида истодаанд. Хушарҳои мардумии тоҷик хеле зиёданд. Бояд онҳоро боз ҳам хубтару бештар омӯзем. пажӯҳиш намоем ва ташвиқ созем. Чй ҳунарҳои зебо дорем, ки қар кадоме достонҳо дорад. Ягон гӯшаву канори кишварамон нест, ки ҳунарманде надошта бошад ва сайёҳе аз он лаззати маънавй набарад. Машҳуртарини онҳоро ба ёд меорем: абрешимбофй, алочабофй,
аскиягӯӣ, аспакбозй, байтбаракбозй, беқасаббофй, бозиҳои мардумй, бофандагй, гаҷкорӣ ва ғайраҳо. Бале, ба ин ҳунарҳои мардумй ва дигар касбу кори мардумй таваҷҷуҳ бояд кард, ки дар маҷмӯъ тамоми мероси фарҳанги гуфтории мардумй мо, аз ҷумла, ҳунарҳои мардумӣ, оинаи бозгӯяндаи рӯзгори тоҷикон аст. Инак, чй хуб аст, ки Пешвои миллати гиромии кишвар дар Паёми имсолаи хеш соли 2018-ро «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумй » эълон намуданд. (127 калима)
Р. Раҳмонй аз нашрияи «Мароми пойтахт»
Моҳ ва Замин
Ба мо маълум аст, ки Офтоб ҷисми марказии низоми офтоб буда, дар атрофи вай нуҳ сайёраи калон, ки яке аз онҳо Замин мебошад, давр мезанад. Замини мо дар ин даврзанй танҳо намебошад. Вай як ҳамсафар дорад, ки Моҳ аст. Моҳ дар нисбати худ дар атрофи Замин дар давоми бисту нуҳ шабонарӯзу дувоздаҳ соату чор дақиқа як маротиба пурра давр мезанад.
Моҳ назар ба Замин чор маротиба хурдтар аст. Вай аз Замин ба ҳисоби миёна дар масофаи сесаду ҳаштоду панҷ ҳазор километр дур воқеъ гардидааст. Масофаи байни Замину Офтоб бошад, қариб яксаду панҷоҳ миллион километрро ташкил мекунад, яъне байни Замину Моҳ чорсад маротиба зиёд аст. Офтоб назар ба Моҳ чорсад маротиба калон аст. Моҳ ягона ҷисми осмонии ба сайёраи мо наздиктар мебошад. (122 калима)
Ҳунари модар
Риштаҳои сӯзани фалак шояд зарҳалй буданд, ки гулҳо ба ялт-ялт даромаданд. Баъд дар рӯйи матои фалак ситорагулҳои бисёре пайдо шуданд, ки сону ҳисоб надоштанд. Бо вучуди ин дастони фалак ҳанӯз гулдӯзиашро идома медод ва дар кунҷҳои дури Осмон ситорачаҳои нав пайдо мегашт. Ва Кова миёни осмони дӯзанда ва модараш қаробате дарёфт. Охир, аз рӯзе, ки худро медонист, бештари вақт модарро бо сӯзану ришта ё дар паси мошини чокдӯзй аз поён, аз рӯйи суфа, ба гӯш меомад. Вале агар Осмон амали худро фақат барои ҳуснофарӣ кунад, модар барои рӯзгузаронӣ. Зеро қисми зиёди зиндагии онҳо дар болои риштаю сӯзан ва мошинаи чокдӯзии модар меистод. (102 калима)
Машгулияти Ятим
Ятиммурод баробари хондан ва тарбияи хуб гирифтан барин корҳои димоғй ва_майнагй ба корҳои варзиш ҳам машгулй мекард. Ў, ки киштиронй, гупсарсаворишавиро кайҳо омӯхта буд, дар ин корҳо боз ҳам зиёдтар машгулй карда, дар зер ва рӯйи об моҳӣ барин мегаштагй шуд. У на танҳо бо киштй ва гупсар дарёгардй мекард, балки дар дарёи Аму барин як оби тезгард монанди ғаввосони моҳир фурӯ рафта, дар як ҷо меистод ва ба ҳар тараф мерафт. У ҳақиқатан ҳам дар ин ҳунар моҳир шуд а буд.
Ятиммурод гайр аз варзиши об, машқи ҷанг ҳам мекард. У тирандозй, аспсаворй, шамшерзанй ва гранатаандозиро меомӯхт. (123 калима)
Чашмасор
Шумо гумон накунед, ки ҳар кадоми чашмаҳои дар ин чашмасор буда ба қадре сероб аст, ки як санг ё ним санги осиёро мегардонад? Не! Балки инҳо чашмаҳоеанд хурду заиф, ки монанди чашмҳои ситамдидагони давраи подшоҳӣ оби худро чакра-чакра мечаконанд. Танҳо фарқ дар ин чост, ки аз чашми ситамдидагони давраи подшоҳй хун мечакид, аз онҳо об. Чакраҳое, ки аз чандин чунин чашмаҳо мечаканд, дар як ҷо гун шуда, ҷӯйчаи мусаффоеро ба ҳам мерасонанд. Оби ин ҷӯйчаҳо чунон соф аст, ки гӯё аз санг гузаронида софкориаш карда бошанд, монанди алмоспора бегубор менамояд. Дар ҳақиқат ҳам ин об ҳамон оби барфу боронҳо аст, ки аз мағзи сангпораҳои куҳ софкори ёфта баромадааст. (109калима)
Ҳалолкор ва покиза бош
Шунидам, ки марде буд гӯсфанддор ва рамаҳои бисёр. Вайро шубоне буд бағоят порсо ва муслеҳ ҳар рӯз шири гӯсфандон чандон ки будй, ҳосил кардӣ ва ба наздики худованди гӯсфандон бурдй. Он мард ҳам чандон об бар шир кардӣ ва ба шубон додиву гуфтй:
- Рав бифурӯш.
Ва шубон он мардро насиҳат мекард ва пандҳо медод, ки чунин макун ва ба мусалмонон хиёнат макун ва раво мадор, ки оқибати мардуми хоин номаҳдуд бувад. Он мард суханони шубон нашунид ва чунон ҳамекард, то ба иттифоқ шабе ин шубон гӯсфандонро дар рӯдхона бихобонид ва худ дар болои баландй рафту бихуфт.
Фасли баҳор буд. Магар ба кӯҳ бороне омад, азим ва селе сахт азим биёмад ва андар ин рӯдка (селроҳа) афтод ва ин гӯсфандонро ҷумла бибурд ва ҳалок кард.
Гуфтй он об қатра-қатра ҳама,
Ҷамъ шуд, ногоҳ бибурд рама...
(127 калима)
Китоб мураббист
Инсон ҳамеша ба тарбият эҳтиёҷ дорад. Дар ҳама давру замон тарбиятгар, бедоркунандаи ақлу маърифати инсон китоб буд ва чунин мемонад.
Инсони маърифатпарвар онест, ки ба китоб мудом ҳамчун ба покизатарин ғизо, ки аз он рӯҳ болида мегардад, назар мекарду ниёз дошт ва онро аз ғизои моддй афзал медонист. Инсон бояд дар зиндагй дарк кунад, ки манфиати китоб аз ҳама чиз болотар аст. Китоб ҳиссиёти инсонро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми забони модарйдашаккул додани ҷаҳонбинии илмй, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокй, тарбияи ҳуқуқй, маънавй, ахлоқй, гуманистй, хештаншиносй ва ғайра бедор месозад. Бузургу тавонманд он халқест, ки таърихаш, ҳастияш ҳамбастагӣ бо китоб аст. Имрӯзҳо нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ба ҳисоб меравад.
Хуллас, китоб дӯсти беҳтарини инсон аст, ки аз вай ҳеҷ гоҳ кас зарар намебинад. (Аз 126 калима)
Наврӯзи навбаҳорон
Нафаси тозаю рӯҳбахше ба димоғ мезанад. ин нафаси бедоршавии Замин, табиати озодаю афсунгар аз хоби бароҳати зимистон аст. Ба ҳама мавҷудоти зинда вай аз суруди нави обшор, шукуфтани муғчаҳо, мавҷи сабзаҳои махмалин ва ҳусни дилфиреби бойчечаку сиёҳгӯш тӯйхабар аст. Арӯси нозанини сол Баҳорро истиқбол мекунанд.
Бо пою қадами неки баҳор Наврӯз мешавад. Рӯзи нав,нури нав, шодиву умеди нав ба ҳар остону манзил мерасаду замину замон аз нав чавон мешавад. Ҳар Наврӯз ба диёри мо, ба диёре, ки мардумаш хурраму обод аст, мудом бо пайки фаровонй, бо файзу фоли нек меояд. Аз нав падару бобои деҳқони ту бо суруду аз ҳосили фаровон дилпуранд. Бобои деҳқон кишт мекунаду шукри меҳнати озод, шукри серию осудагй, шукри истикдол ва хушбахтии фарзанду наберагон менамояд...
(127 калима)
Роғун
Неругоҳи обй-барқии «Роғун» дар
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
Загрузка...
0 / 18

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru