Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Офати саховатмандӣ исроф аст.
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси
1 2 3 >>

Тамоку сигор ТАМОКУКАШӢ ва зарари он зиён ба инсон

Тэги:тамоку | сигор | тамокукашӣ ва зарари он | тамоку зиён ба инсон | реферат | иншо | 2018 | 2019 | сигоркаши |
Добавил:Admin (17.02.2018 / 10:34)
Рейтинг:rating 403 article (0)
Прочтений:501
Комментарии:0
ТАМОКУКАШӢ, яке аз одатҳои бади одам, ки баъзан боиси ихтилоли ҷиддии саломатӣ мегардад. Макони тамоку Америкаи Ҷанубӣ буда, дар а. 16 испаниҳо онро аз ҳамон ҷо ба Европа бурдаанд. Дар аввал тамокуро бӯй мекашиданд ё мехоиданд, вале тадриҷан онро мекашидагӣ шуданд (дар ин сурат моддаи асосии тамоку – никотин бештар таъсир мерасонад).
Донишмандон бар онанд, ки дар таркиби дуди тамоку моддаҳои заҳрноке мавҷуданд, ки тани солимро ба дардҳои гуногун гирифтор мекунанд. Миқдори моддаҳои заҳрноки тамокуро шуморидан амрест муҳол; вай тақрибан ба 1200 мерасад. Дар қатрони тамоку моддаҳои заҳрогини химиявӣ, ба мисли бензатратсен, изотопи радиоактивии калий, марги муш ва як қатор карбогидридҳо мавҷуданд. Моддаи асосии зудтаъсир ва заҳрогини тамоку никотин аст. Дар баргҳои тамоку миқдори никотин аз 1 то 1,5 фоиз, аммо дар баъзе навъҳояш то ба 6 – 8 фоиз мерасад. Дар сигаретаи вазнаш 1 г аз 10 то 15 мг никотин мавҷуд аст.
Никотин заҳри қотилест, ки бештар ба узвҳои асаб, ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгард, гурда, масона, ҷигар ва ғ. таъсири бад мерасонад. Никотин ҷаббиши ғизоро дар рӯдаҳо суст мекунад. Ними он ғизое, ки тамокукаш истеъмол менамояд, ба ҷурми сигарет ҳазм намешавад. Никотинро аз ҷиҳати заҳрнокӣ ба кислотаи синилӣ баробар донистаанд. Ҳамчунин аз таъсири дуди тамоку сири дандон, пардаҳои луобии ҳалқ, найчаҳои шуш, шохаҳои хурдтарини онҳо – бронхҳо ва ҳубобчаҳои шуш осеб мебинанд. Хулоса, узве нест, ки тамоку ба он таъсир ва зарар нарасонад.
Пас аз омӯзишу мушоҳидаҳо табибон ба хулосаи шигифтангезе омаданд. Маълум шуд, ки ҳамзамон бо зиёд шудани шумораи тамокукашон миқдори бемориҳои хавфнок низ меафзудааст. Аз оғози солҳои 60-уми а. 20 сар карда, дар рӯзномаву маҷаллаҳо натиҷаи корҳои муҳаққиқон оид ба зарари тамоку ба нашр расидан гирифт. Мардум аз он дар ҳайрат, дар тааҷҷуб, моту маҳбут шуданд. Аз тадқиқотҳо аён шуд, ки одам агар дар давоми рӯз аз 1 то 9 сигарет кашад, нисбат ба одаме, ки сигарет намекашад, ба ҳисоби миёна 4,6 соли умри хешро кам мекардааст; агар аз 10 то 19 сигарет кашад – 5,5 сол ва агар аз 20 то 39 сигарет кашад – 6,2 соли умрашро ба боди фано медодааст.
Донишварон ҳамчунин муқаррар намудаанд: шахсоне, ки то 15-солагӣ ба кашидани тамоку оғоз кардаанд, нисбат ба онҳое, ки баъди 25-солагӣ ба ин амал даст задаанд, 5 маротиба тезтар ва бештар мефавтанд. Онҳое, ки солҳои тӯлонӣ ва аз ҳад беш тамоку мекашанд, 13 маротиба зиёдтар ба бемории стенокардия, 9 маротиба ба сактаи қалб, 10 маротиба ба захми меъда ва 30 маротиба бештар ба саратони шуш мубтало хоҳанд шуд.
Пажӯҳишҳо муайян кардаанд, ки тамоку ба ҷисми наврас нисбат ба ҷисми болиғ ду маротиба бештар хавфу хатар дорад. Вояи марговар барои шахси болиғ дар як қуттии он басанда мебошад.
Ҳодисаи аз ду-се сигаретаи паси ҳам кашида ба ҳалокат расидани наврас ба қайд гирифта шудааст. Сабаб заҳролуд шудани муҳимтарин узвҳост, ки дар натиҷа дил аз кор монда, нафаскашӣ қатъ гаштааст.
Дили наврасе, ки тамоку мекашад, дар як шаборӯз 15 ҳаз. маротиба бештар кашиш мекунад, таъмини ҷисм бо косиген ва моддаҳои зарурӣ ба андозаи даркорӣ ба амал намеояд, чунки зери таъсири тамоку рагҳои хунгард тазъиқ меёбанд. Аз ҳамин лиҳоз, ки хотираи наврасоне, ки тамоку мекашанд, сусту заиф аст. Сабаби пешрафту муваффақият надоштанашон дар мактаб низ аз ҳамин ҷо сар мезанад.
Донишмандону табибон тайи даҳ соли охир дар шахсоне, ки умуман тамоку намекашанд, бемориҳои хоси тамокукашҳоро мушоҳида карданд. Албатта, сабаб возеҳу равшан аст. Онҳо бо шахсони тамокукаш дар як манзил кор ва ё зиндагӣ доштаанд. Ҳангоми кашидани сигор ба организми инсон 20 – 25 фоиз моддаҳои заҳрнок ворид мешавад, 50 фоиз ба ҳавои атроф паҳн мегардад, ки онро хоҳу нохоҳ атрофиён нафас мекашанд. Аксари тамокукашҳо ақида доранд, ки дудполои (филтри) сигаретҳо садди моддаҳои заҳрнок мешаванд. Аммо ин гумоне беш нест. Беҳтарину босифаттарин дудполо тақр. 20 фоизи моддаҳои зарароварро нигоҳ медораду халос.
Дар Америка, ҳарчанд ки ҳар рӯзу ҳар соат навъҳои нав ба нави сигаретаҳоро реклама мекунанд, даҳҳо миллион одамон аз ин заҳри ҳалоҳил даст мекашанд. Ҳамин гуна ҳолат дар Англия, Шветсия ва Финляндия низ мушоҳида мешавад. Мардуми Норвегия аҳд кардаанд, ки тамоку ва тамокукаширо аз байн баранд ва дар а. 21 чун миллати солим ва аз тамоку безор ном бароранд.
Никотин асабҳои марказӣ ва канориро ангехта, фишори хунро баланд, хунрагҳои майдаро танг, нафаскаширо тез, тарашшӯҳи ғадудҳои узвҳои ҳозимаро зиёд мекунад. Дар қатори никотин моддаҳое, ки аз сӯхтани тамоку ҳосил мешаванд, низ хавфноканд. Нафас кашидани дуди тамоку миқдори оксигени хуни артерияро коҳиш медиҳад (ноқили оксиген – гемоглобин қобилияти пайвастани оксигенро гум мекунад), луобпардаи бронхҳоро ба ангезиш оварда, минбаъд боиси бронхити музмин ва инкишофи тадриҷии эмфиземаи шуш мегардад. Тамокукашҳоро доимо сурфа азоб медиҳад. Дуди тамоку барои атрофиён низ зараровар аст.
Бинои пурдуди тамоку махсусан ба саломатии кӯдакон таъсири ногувор мерасонад. Волидайн инро бояд фаромӯш насозанд.
Т. боиси пайдоиши омосҳои бадфарҷоми ҷавфи даҳон, ханҷара, бронхҳо ва шуш мегардад. Доимо ва муддати дароз кашидани тамоку шахсро бармаҳал пир мекунад. Ихтилоли бо оксиген таъмин гаштани бофтаҳо ва ташаннуҷи хунрагҳои майда намуди зоҳирии тамокукашро тағйир медиҳад (сафедии чашм ва пӯсти рӯй зардчатоб мегардад, дар пӯсти рӯй чинҳо пайдо мешаванд), бинобар осеби луобпардаҳои роҳи нафас овоз хиррӣ мегардад (ҷарангоси овоз гум, лаҳн паст мешавад). Таъсири никотин махсусан дар синни ҷавонӣ ва пирӣ (дар мавридҳое, ки ҳатто андаке ҳаяҷон танзими асабро вайрон мекунад) хавфнок аст. Т. ба организми зан хеле зарар дорад: ҳайз барвақт қатъ гашта, фаъолияти узвҳои таносул суст мешавад, хавфи бачапартоӣ, таваллуди пеш аз мӯҳлат, вазнин гузаштани давраи ҳамл ва таваллуди кӯдакони заиф ба миён меояд. Т. ба пайдоиш ва вазнин давом кардани атеросклероз, бемории гипертония, гастрит, гастроэнтероколит, ихтилоли ғизогирии мушаки дил (миокардиодистрофия), баъзе амрози эндокринӣ мусоидат менамояд. Ҳангоми бемориҳои захми меъда, тромбофлебит, эндартериити мусаддид, бемории Рейно, зиқи дил ва инфаркти миокард аз Т. даст накашида сиҳат шудан ғайриимкон аст.
Зарари Т. ба саломатӣ ниҳоят калон аст. Бинобар ин солҳои охир дар як қатор мамлакатҳо аз ҷумла дар Тоҷикистон зидди Т. тадбирҳои ҷиддӣ андешида шудаанд, мас., маҳсулоти тамоку ва фурӯши он ба кӯдакон, дар ҷойҳои ҷамъиятию дохили нақлиёт кашидани тамоку манъ аст.
Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», ки аз 1 янв. 2011 мавриди амал қарор гирифтааст, асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян месозад:
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– маҳсулоти тамоку – маҳсулотест барои кашидан, хоидан ё бӯй кардан, ки дар зарфи истеъмолӣ ва ё дар бастаҳои махсус ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла сигаретаи бо дудполо (бо филтр), сигаретаи бе дудполо (бе филтр), папиросҳо, сигараҳо, чилимтамоку, нос;
– кашидани тамоку – нафаскашии
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
Загрузка...
0 / 11

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru