Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Шағоли ҷангали Мозандаронро нагирад ҷуз саги мозандаронӣ
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 11 >>

МИНТАҚАҲОИ сайёхи ТУРИСТИ ВА РЕКРЕАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Тэги:минтақаҳои сайёхи туристи ва рекреатсионии ҷумҳурии тоҷикистон | рушди варзиш дар давраи истиклолият | варзиш точикистон | мавзуи варзиш | рушди сайёхи ва хунархои мардуми 2018 | соли 2018 рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми | соли 2018 | реферат | диктанд | кори курси | мавзуи рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардум | баромад 2018 | паёми президенти ҷумҳурии тоҷикистон | пешвои миллат муҳтарам эмомалӣ раҳмон ба маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон | пайём 2018 | январ | феврал | март | апрел | май | июн | июл | август | сентябр | октябр | ноябр | декабр | 2018 | 2017 | 2019 | паём 2018 | эмомали рахмон
Добавил:Admin (17.02.2018 / 10:30)
Рейтинг:rating 402 article (0)
Прочтений:1096
Комментарии:0
МИНТАҚАҲОИ ТУРИСТИ ВА РЕКРЕАТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. ХУСУСИЯТ ВА ОМИЛҲОИ ИНКИШОФ.

Накша

Сарсухан.

Бобби 1. Минтақахои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1. Мафҳуми минтақаҳои туристии ва омилҳои инкишофдиҳандаи он.
2. Вазъи муосири минтакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мавзеъҳои ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Бобби 2. Туризми рекреатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1. Мафҳуми туризми рекреатсиони ва намудҳои он.
2. Тавсифи объектҳои туризми рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Аҳамияти принсипи экологи дар рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
4.
Бобби 3. рушди туризм дар Чумхурии Точикистон
1с 1.Обхои шифобахш ва ахамияти иктисодии онхо дар рушди туризм.


Хулоса.

Руйхати адабиёт.





Сарухан
Воқеъан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест табиати бою сарватҳои бебаҳо дошта, қисми зиёдашро балантарин қаторкуххои ИДМ ишғол кардаанд. Аз руи татқиқоти олимон муайян карда шудааст,ки ҳудуди кишвар 900 га комплекси табии бо 40 намуди ландшафт (манзара) мавчуд аст. Кишвари мо бо чашмаҳои шаффоф, гарму табобати ва олами растаниҳои шифобахш ба оламиён машҳур гаштааст. Зеро дар қаламрави чумхури зиёда аз 200 чашма аз чумла 40 чашмаи гарму 2 хазор намуди растаниҳои шифобахш мавҷуданд. Хамчунин Тоҷикистон бо шароитҳои махсуси иқлимиаш (дар 1 сол қариб 300 рузи офтоби мавҷуд аст) аз дигар мамлакатҳои ҳамсоя фарқ мекунад. Гайр аз ин мардуми тоҷик таърихи тамадуни ниҳоят бой ва ғани дошта, дар сарзамини Тоҷикистони муосир ёдгориҳои зиёди таърихию меъмори боқи мондааст, аз ин ру хусусиятҳои хоси минтақавияти релеф, шароитҳои гуногуни табии ва мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъмори ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд намудҳои соҳаи туризмро инкишоф дода, дар ғани гардонидани буҷаи давлат саҳми худро гузорем. Зеро туризм соҳаест,ки дар бештари кишварҳои ҷахон яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад.
Бинобар он ташкилу тараққи додани соҳаи туризм ва бунёд намудани иншоотҳои санаторию курорти дар ҷумҳурии мо аҳамияти ҳам сиёсию иқтисоди ичтимои ва ҳам маънави дорад.
Аз ин лиҳоз туризм дар солҳои наздик ба як соҳаи муҳими манфиатбахшу сердаромад табдил хоҳад ёфт. Мо инҷо метавонем танҳо як мисол биёрем: Туркиё аз ҳисоби ривоҷ додани танхо соҳаи туризм соле ба андозаи 40-50 фоизи даромади буҷаашро мегирад.
Рисола аз сарсухан, ду боб, хулоса , адабиётҳои истифода шуда иборат мебошад. Мақсади асосии навиштани ин рисола омузиши шароитҳо омилҳои ташакулёби ва проблемаҳои ташкили худудии туризм ва рекреатсия дар Тоҷикистон мебошад.дар боби авал мо кушиш кардем,ки омилҳои табии ва иқтисодию ичтимоии ташакулёбии туризм ва рекреатсияро муайян намоем. Зеро ин соха дар заминаи ин омилҳо инкишоф меёбд. Бобби 2-юм бошад проблемаҳои ташкили ҳудудии туризм ва рекреатсия дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Кори мазкур дар ин ҷода тоза аст. Бинобар он аз камбудиву норасоиҳо ори нахоҳад буд. Аз ин ру, эхтиромона аз мутахасисон хохиш менамоем, ки фикру эродхои хешро нисбати ин нигошта иброз намоянд,то инки дар корҳои баъди ба таври бояду шояд ба инобат гирифта шаванд.












Бобби 1. Минтақаҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мафҳуми минтақаҳои туристии ва омилҳои инкишофдиҳандаи он.
Дар ҳал намудани проблемаҳои мосири ҷудо намудани ҳудудхои туристи ва рекреатсиони ду ақида вуҷуд дорад:
1. Дар заминаи минтақаҳои аҳолинишини курорти инкишоф додани ҳудудҳои «урбанизатсияшуда»-и туристи рекреатсиони ё ин ки агломератсияҳои курорти.
2. Бо рохи бунёд намудани «боғхои ререатсиони»инкишоф додан дар байни минтақаҳои аҳолинишин .
Мо дар ин мавзуъ ҳар яки онҳоро аз руи хусусиятҳои хосашон дида мебароем. Аз руи хусусиятҳои хосашон худудҳои туристи ва рекреатсиони ба якчанд гуруҳҳо ҷудо карда мешаванд, ки дар байни онҳо ноҳияҳои курорти ва комплесҳои алоҳидаи табобатию санитарии ва комплесҳои туристии лижарони куҳи шуҳрати ҷаҳони дорад.
Ноҳияҳои туристии назди баҳри – яке аз минтақаҳои тез инкишофёбандаи соҳаи туризм ба ҳисоб мераванд.
Мувофиқ маълумотҳои омори аз руи шумораи қабули туристон ноҳияҳои назди баҳри баъд аз шаҳрҳои машҳури туристи ҷои дуюмро мегиранд.
Хусусияти хоси сохтори ҳудудии ин намуди ноҳияҳо дар он аст, ки инкишофи истироҳатию фарогати қад-қади баҳр ба шакли раҳ–раҳ ҷо ба ҷо шудаанд. Лекин аз руи тадкикотҳои олимон маълум шуд, ки ин намуди ҷо ба ҷокунии иншоотҳо чандон самаранок нест. Мувофики пешниҳоди мутахасисон бояд, ки иншооти дар сохилҳо ба таври амуди ҷойгир карда шаванд.
Аз руи нишондоди онхо 3- минтақаи функсионалиии амуди ҷудо карда шудааст.
1. Бевосита дар соҳил – минтақа бо намудҳои обии истироҳату фароғат.
2. Дуртар аз соҳил - минтақа бо намудҳои руи заминии истироҳату фароғат.
3. Пас аз онҳо- минтақа барои истироҳати туристон (муасисахои ҷо ба ҷо кунии хурока ).
Дар зинаи варзиши оби ҷой асосиро бандар, ки барои шинокунии туристон сохта шудааст мегирад.
Яке аз масъалаҳои принсипионии ташкили ҳудудии ноҳияҳои туристии назди баҳри - ин интихоби мавзеъ барои ҷобаҷокунии
иншоотхои турист ива рекреатсиони ба ҳисоб меравад. Аз руи як қатор тадқиқотҳое,ки дар минтақаҳои истироҳатии назди Балтика маълум шуд, ки дар рузҳои офтоби посёлкаҳои туристи пурра бе одам мешаванд. Истироҳаткунандагон на ин ки ба ҷой сохташудаи посёлкаи туристи балки ба мавзеъҳои табии атрофи он таваҷухи бештар доранд. Аз ин ру бояд посёлкаи туристиро дар мавзеъҳои табии бетағир ҷойгир намуд. Барои ҷо ба ҷо кунии иншоотҳои туристи мавзеъҳои оддиро дар соҳил интихоб намудан хубтар аст.
Ба шакли «урбанизатсияшуда»-и ташкили фаъолиятҳои рекреатсиони курортҳои табобатию санитарии ин дохил мешаванд, ки онҳо як қатор омилҳои табииро ба максадҳои табобатию барқароркуни ва профилактики истифода мебаранд. Дар солҳои 80-уми асри гузашта туризми табобати ру ба таназул ниҳод. Аз ин руй бисёри аз курортҳои мамлакатҳои ҷахон ба хотири ҷалби туристон дар сохтори худ бозсозиҳоро гузарониданд. Ин бозсозиҳо борои пахн намудани функсияҳои варзишию тандурусти ва фароғати сурат гирифт.
Аз руи фарзияҳои муайян гуфтан мумкин аст, ки рекреатсияи табобатию санитари ин намуди аврупоии туризм мебошад. Чунки туризми истироҳати дар дигар минтақаҳои кураи замин
ба монанди аврупо инкишоф наёфтааст. Дар мамлакатҳои ИДМ аз ҷумла Тоҷикистон нисбат ба ин намуди туризм диққати махсус дода мешавад.
Дар солҳои охир шумораи курортҳои лижаронии куҳи низ ба суръат зиёд шуда истодааст. Барои инкишофи ин намуд курортҳо омилҳои табии ба монанди мавҷудияти қабати 50- 60 сантиметр барф давоми накамтар аз 3- моҳ дар соле шароитҳои мусоиди иқлими ва бехатарии шаклҳои релеф заминаҳои асоси ба ҳисоб мераванд.
Соҳаи туризм ва истироҳат дар Тоҷикистони муосир ва дигар мамлакатҳои ИДМ давраи гузаришро аз сар гузаронида истодааст. Чунки ин соҳа дар Тоҷикистон соҳаи нисбатан нав ба ҳисоб меравад ва аз руи хусусиятҳои хосаш аз дигар соҳаҳои мавҷудаи хоҷаги фарк мекунад.
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 11 >>
На главную
Загрузка...
0 / 9

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru