Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Буз гӯсфандро механдад, дег дегро
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 >>

Рушди варзиш дар давраи Истиклолият

Тэги:рушди варзиш дар давраи истиклолият | варзиш точикистон | мавзуи варзиш | рушди сайёхи ва хунархои мардуми 2018 | соли 2018 рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми | соли 2018 | реферат | диктанд | кори курси | мавзуи рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардум | баромад 2018 | паёми президенти ҷумҳурии тоҷикистон | пешвои миллат муҳтарам эмомалӣ раҳмон ба маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон | пайём 2018 | январ | феврал | март | апрел | май | июн | июл | август | сентябр | октябр | ноябр | декабр | 2018 | 2017 | 2019 | паём 2018 | эмомали рахмон
Добавил:Admin (15.02.2018 / 15:58)
Рейтинг:rating 401 article (0)
Прочтений:403
Комментарии:0
Соҳаи варзиши тоҷик дар давоми 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёфт, ки таърихи миллат назирашро ёд надорад. Чунки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам дар баробари дигар соҳаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб мерафт. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоиду беамсол фароҳам овард. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатамонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон бештар муаррифӣ намоянд.

Сиёсати созандагию бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки соҳаи варзиш дар кишвар аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои аввалини худро аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз сари нав оғоз намуданд.


Маврид ба ёдоварист, ки сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар боис гардид, ки дар радифи дигар соҳаҳо, соҳаи варзиш ва ҷалбу фаъолияти варзишгарон коста гардад. Ҳукумати кишвар дар чунин ҳолатҳои душвор ҳам соҳаи варзиш ва варзишгаронашро аз мадди назар дур намонд. То ҳадди имкон варзишгаронро пуштибонӣ намуд. Варзишгарони тоҷик ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати кишвар талош намуданд, ки бо як нангу ори тоҷикона Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Даврони пеш аз Истиқлолият варзишгарони мо имкони хуби дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданро надоштанд. Зеро онҳоро зарур буд, ки барои иштирок ва роҳхат пайдо намудан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарони 15 давлати Иттиҳоди Шӯравиро мағлуб намоянд. Дар баробари ин, барои сафарбар намудани варзишгарон ноадолатиҳо низ ба назар мерасид. Ин тарзи коргузорӣ як навъ руҳияи варзишгарони тоҷикро шикаста буд. Онҳо имкони муаррифии худ ва давлатро кам доштанд. Истиқлолият имкони асосии рушди варзиш ва кашфи чеҳраҳои нави варзиш дар кишвар шуд. Акнун варзишгарони тоҷикро зарур аст, ки барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ танҳо дар мусобиқаи чумҳуриявӣ ғолиб гардида, роҳхат ба бозиҳои байналмилалиро ба даст оранд. Ба ин васила варзишгарони мо тавонистанд, ки таҷрибаи варзишии худро бой гардонанд ва Парчами Тоҷикистонро дар зинаҳои фахрии мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ баланд бардоранд.
Солҳои аввали Истиқлолият мушкили асосии варзишгарони тоҷик набудани толорҳои варзишӣ ба ҳисоб мерафт. Варзишгарони тоҷик барои омода шудан барои мусобиқаҳои байналмилалӣ танқисӣ мекашиданд. Толорҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуданд. Таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумат ва барқарор шудани амну субот дар кишвар ин мушкилии асосии варзишгарони тоҷикро дар кӯтоҳтарин муҳлат аз байн бурд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар сартосари ҷумҳурӣ 8850 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 117 варзишгоҳ, 6204 майдончаи варзишӣ, 1655 толори варзишӣ, 85 ҳавзи шиноварӣ ва 789 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тамрингоҳи тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият мекунад, ки дар оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои асосии Роҳбарияти Олии мамлакат дар самти варзиш мебошад, саҳм мегузоранд.


Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш имрӯз дар ҷумҳурӣ 134 мактаби варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 5 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (10 мактаб дар ш. Душанбе, 1 мактаб дар ш. Хуҷанд ва 1 мактаб дар н. Рӯдакӣ), 90 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактаби варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” мебошанд.

Баъди таъмин намудани варзишгарони кишвар бо комплексу иншооти муосиру замонавӣ Ҳукумати кишвар дар ин соҳа диққати ҷиддиро баҳри дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намудани миллату давлат равона сохт. Барои амалӣ намудани ин нақша соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо варзишгарони мамлакат мулоқот доир намуданд. Дар мулоқот тамоми паҳлӯҳои соҳаи варзиш аз тарафии Ҷаноби Олӣ, Пешвои варзишпарвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлил карда шуд. Мулоқоти мазкур бори дигар собит сохт, ки соҳаи варзиш аз мадди назари Ҳукумати кишвар дур нест ва варзишгари тоҷик бо камтарин дастовардаш назди Сарвари давлат ва миллати худ қадр дорад.

Баъди мулоқот ҳар як варзишгари тоҷик амиқан дарк намуд, ки бар дӯшаш масъулияти бузург вогузор аст. Акнун варзишгарон бо дили пур ба сӯи фатҳи қуллаи варзиш бо истифода аз пуштибониву дастгириҳои беназири Пешвои миллат равона гардиданд.

Пас аз вохӯрӣ бо варзишгарони кишвар саҳифаи наве дар таърихи варзиши тоҷик боз гардид. Натоиҷи варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба маротиб зиёд гардида, дар як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ аз чемпионатҳои ҷаҳону Осиё то Бозиҳои Осиёиву олимпӣ миллату давлати азизи хешро байни дигар халқиятҳо муаррифӣ намуданд. Таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати кишвар ба ин соҳа буд, ки давоми соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишии худ давлатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва номи худро дар хазинаи таърихи варзиши кишвар сабт намуданд. Инҳо Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-Де-Жанейрои Бразилия, Расул Боқиев, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон оид ба дзюдо, Мавзуна Чориева, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба бокс, Фарухи Салим чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Хуршед Маҷидов, ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, Лагутенко Малика, чемпиони Осиё оид ба тирпаронӣ, Шоира Зулқайнарова, ҷоизадори медали биринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс, Набимуҳаммад Хоркашев, ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Акмалиддин Каримов, ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Комроншоҳи Устопириён, чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Шаҳриёр Даминов, чемпиони Осиё оид ба қаиқронӣ, Адам Исоқов, чемпиони Осиё байни наврасон аз намуди дзюдо ва инчунин дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол ҷоизадори медали биринҷии чемпионати Осиё гардидаанд, ки онҳо ифтихори миллат ва Ватан ҳастанд.
Истиқлолияти кишвар ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба варзиш шароит фароҳам намуд, ки солҳои охир як қатор иқдомҳо барои рушди соҳа роҳандозӣ гардид.
Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри тарғиби ҳаёти солим соли 2014-ро соли оммавияти футбол дар кишвар эълон намуд. Ин иқдоми наҷиб дар баробари тарғиби варзиш дар кишвар Тоҷикистонро миёни ҷаҳониён ҳамчун давлати варзишпарвар муаррифӣ намуд. Баъди роҳандозӣ гардидани ин иқдом собиқ Президенти ФИФА Ёзеф Блаттер баҳри дидан намудани кишвари ҷавону варзишдӯст ба Тоҷикистон ташриф овард.
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
Загрузка...
0 / 7

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru