Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Инсон мавҷуди олиест, ки ба ҳама чиз одат мекунад.
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 10 >>

Рушди сайёхи туризм ва хунархои мардуми Точикистон 2018

Тэги:пайём 2018 | пешвои миллат муҳтарам эмомалӣ раҳмон ба маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон | паёми президенти ҷумҳурии тоҷикистон | баромад 2018 | мавзуи рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардум | диктанд | кори курси | соли 2018 | реферат | соли 2018 рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми | рушди сайёхи ва хунархои мардуми 2018 | 2018 | рушди сайёхи чумхурии точикистон | туризм дар точистон | январ | феврал | март | апрел | май | июн | июл | август | сентябр | октябр | ноябр | декабр | 2018 | 2017 | 2019 | паём 2018 | эмомали рахмон
Добавил:Admin (15.02.2018 / 15:54)
Рейтинг:rating 400 article (0)
Прочтений:3609
Комментарии:0
Муқаддима
Маќсад ва вазифа: Мақсади асосии кори илмӣ-тадқиқотӣ омӯхтани ҳолати туризми экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд, намудҳои туризм, туризми рекреатсионӣ ва дурнамои он.
Вазифа:
- муайян кардани намудҳои туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- омӯзиши туризми рекреатсионӣ дар вилояти Суғд
- тадқиқи фаъолияти осоишгоҳи “Авис- Ситӣ”-ии Истаравшан
- омӯхтани дурнамои рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- муайян кардани аҳамияти туризм дар кишвар
Љои кор ва мўњлати гузаронидани он: Кор дар осоишгоҳи “Авис-Ситӣ” ва кафедраи экология ва ҳифзи табиат дар соли 2015-2016 гузаронида шуд.
Навигарии кор: Бори аввал дар вилояти Суғд туризми рекреатсионӣ таҳлил гардида, он дар шаҳри Истаравшан, осоишгоҳи “Авис-Ситӣ” тадқиқ бурда шуд.
Апробатсияи кор: Оид ба маводҳои рисола дар маҳфили илмии донишҷӯён “Эколог” (2015) маърӯза карда шуд.
Дар шаҳри Истаравшан ва Хуҷанд оид ба фаъолияти осоишгоҳи “Авис-Ситӣ” реклама карда шуд.










Муҳим нест , ки ба ягон коре
чӣ қадар вақт гузоштед , муҳим он аст ,
ки Шумо дар он вақт, чӣ гузоштед?
Даврае буд, ки Одамизод дар бораи худаш ва табиат чизе намедонист ва ҳатто намедонист, ки дар он тарафи кўҳ чӣ ҳодиса ва навигариҳо рух дода истодааст. Танҳо кўшиш ва ҳаракатҳои инсон ба пеш сабаб шуд, ки дар натиҷа ба прогресси илмию техникӣ оварда расонид. Прогресси илмию техникӣ ба мо имкон дод, ки аз ҳаётгузаронии душвор ва сода ба ҳаётгузаронии нисбатан мураккаб, лекин дар навбати худ сабук ва осон қадам гузошта, ихтироот ва кашфиётҳои бузург кунем… Прогресси илмию техникӣ боис шуд, ки мо завод, фабрика, комбинатҳои бузург созем ва бо воситаи онҳо тамоми талаботҳои моддию маънавии худро бо маҳсули истеҳсолкардаамон қонеъ гардонем. Акнун инсон кори тўлониро бо ёрии технологияи замонавӣ дар як муддати кўтоҳ ба анҷом расонида натиҷаи олиро ба даст меоварад. Вақти холигии одамон бештар гардид ва талаботҳои имрўзу фардояшонро қонеъ карданд. Албатта, пас аз баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ инсоният эҳтиёҷ ба истироҳат ва саёҳат пайдо кард. Оҳиста-оҳиста ин шуғл характери оммавиро гирифт. Ин сабаби пайдо шудани соҳаи нави саноат туризм гардид, ки баъдан аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ба расмият дароварда шуд. Ҳоло бошад ин соҳа аз ҷиҳати даромаднокӣ пас аз соҳаҳои истихроҷи нафт ва мошинсозӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд. Ҳамасола миллионҳо сайёҳҳон чӣ дар дохили кишвар, чи дар берун бо мақсади истироҳат ва рекреатсия саёҳат мекунанд. Аз ҳад зиёд қабул кардани туристон ва риоя накардан ба меъёрҳои экологӣ ба хароб гаштани зонаҳои истироҳатӣ ва боиси аз байн рафтани баъзе объектҳои туристӣ гашт. (Замимаи 1) Ин зарбаи сахти экологӣ масъулони соҳаи туризмро бетараф нагузошт. Олимони соҳа ҳамаҷиҳата фикр карда, як намуди нави туризмро кор карда баромаданд. Он айни замон самараноктарин маҳсуб меёбад , ки ин ҳам бошад туризми экологӣ буд .
Туризми экологӣ як намуди саёҳат ба ҳисоб меравад, кӣ таърихи пайдоишаш ба охирҳои асри ХΙХ тааллуқ дорад. Доир ба таърих, маҳфум, мақсад, асос, принсип ва бартариҳояш дар кори илмии хеш алоҳида сухан ронда мешавад, кӣ роҷеъ ба соҳа метавон маълумоти лозимиро пайдо кард. 1






















3. Х.Муҳаббатов. Ганҷинаи табиати Тоҷикистон: Душанбе- Ирфон1987. 86 с
БОБИ I. НАҚШИ ТУРИЗМИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Мафҳум ва моҳияти туризми экологӣ
Мафҳуми «туризми экологӣ»-ро ташкилотҳои гуногуни ҷаҳонӣ таъриф додаанд, ки таърифашон аз ҳамдигар каму беш фарқ мекунанд: «Туризми экологӣ - ин туризми табиию муайянкуниест, ки дар барнома маълумот, маърифати экологӣ ва ҷорӣ намудан бо мувофиқи принсипҳои устувори экологиро дар бар мегирад, дохил карда шудааст». Стратегияи экотуризми миллии Австралия, департаменти туризм, Канберра соли 1992.
Ҷамъияти туризми экологӣ соли 1994 экотуризмро чунин шарҳ додааст: «Туризми экологӣ – ин саёҳати мақсаднок дар қаламрави табиат бо мақсади чуқуртар фаҳмидани маданияти маҳал ва муҳити табииест, ки ягонагии экосистемаро вайрон накарда, захираҳои табииро ҳифз намуда, барои бошандагони маҳаллӣ фоиданок месозад».
Соли 1999 дар конфроси экотуризми «Roғtledge» омадааст: «Экотуризм – ин шакли устувори экологии туризми табииест, ки пеш аз ҳама нигоҳ доштани ҳаёт дар маҳали табиӣ ва дарк кардани он, ташкил намудани ба минимум оварда расонидани таъсирот ба муҳити атроф бо мувофиқи меъёрҳои этикӣ, истифода, хароҷотҳо ва ба сатҳи маҳал равона намудан аст. Одатан ин шакли туризм дар қаламрави ҳифзшаванда ва ба нигоҳ доштани ин қаламравҳо ҳиссагузорӣ намудан, қабул шудааст».
«Экотуризм - ин туризмест, ки:
1. Ба вайроншавии муҳити табиӣ, пастшавии сифати он бурда намерасонад;
2. Дар ҳифз намудан ва дар идора намудани истифодаи қаламрави табиӣ бевосита ҳиссагузорӣ кардан;
3. Ба идоракунии баробар ва компонентӣ мусоидат мекунад». 1
Давраҳои ташаккулёбии фаъолияти туризм дар Тоҷикистон
Табиати дилангези Тоҷикистон аз даврони қадим мавриди таваҷҷўҳи сайёҳон ва дўстдорони табиат будааст. Дар сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ оид ба зебогии ин ё он макону гӯшаи диёрамон гуфтаҳои зиёд мавҷуданд. Ба ин метавон сафари сайёҳатчии венетсиягӣ Марко Поло, сайёҳатчиёни чинӣ ва дигаронро мисол овард, ки ҳангоми убур кардан аз қаламрави кишвар дар бораи ҷойҳои алоҳидаи он маълумот додаанд.
Давраҳои ташаккулёбии туризм дар Тоҷикистон асосан баъд аз солҳои 17-уми асри 20 рост меояд. Зеро, то ин замон дар кишвари мо ягон муассиса ё корхонаи ташкили сайёҳӣ мавҷуд набуд. Баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924 ҳамчун Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон ва соли 1929 бошад ҳамчун Ҷумҳурии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ) барои омўхтан ва тадқиқоти табиати кишварамон як қатор экспедитсияҳо ташкил ва равона карда шуда буданд, кӣ минбаъд саҳми ин экспедитсияҳо дар тартиб додани сайёраҳо, аз ҷумла сайёраҳои кўҳнавардӣ ва кишваршиносӣ хеле бузург аст. Ин экспедитсияҳо асос ё пояи туризм ва сайёҳиро дар кишварамон гузоштанд.
Дар раванди омўзишу тадқиқоти ин гурўҳҳо як қатор базаҳои алпинистӣ ва нуқтаҳои дамгирии сайёҳон ва инчунин бошишгоҳҳои сайёҳон ташкил шуда буданд. Дар ҳайати ин гурўҳҳо олимони соҳаи география, биология, зоология, геологияю минералогия, глятсиялогия (яхшиносӣ), гидрология ва ғайраҳо саҳми беандоза гузоштанд. 1
Агар аз нуқтаи назари ташкилӣ гирем, туризми даврони шўравӣ ё давраи пеш аз истиқлолият дар кишвар хусусияти тиҷоратӣ надошта,

1. “Захираҳои туристӣ: Ёдгориҳои фарҳангӣ- таърихӣ ва табиӣ” Кодиров Ф,С. Душанбе: 2012, -108 с

балки хусусияти иҷтимоӣ дошт. Чунки манбаи асосии истироҳат иттифоқҳои касабаи корхонаю муассисаҳои гуногуни давлатӣ ба ҳисоб мерафтанд. Яъне, давлат барои кормандони тамоми соҳаҳо шароит фароҳам меовард, ки шаҳрвандон тавассути роҳхат метавонистанд ҳамроҳ бо аҳли оилаашон соле як маротиба рафта дар муассисаҳои фароғатӣ, осоишгоҳҳо ва дигар урдгоҳҳои истироҳатӣ истироҳат кунанд.
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 10 >>
На главную
Загрузка...
0 / 12

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru