Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Книги / Китобхо
1 2 3 ... 41 >>

Дастури методӣ доир ба иҷрои корҳои семестрӣ аз "Асосҳои математика"

Тэги:асосҳои | математика
Добавил:Admin (03.04.2015 / 16:59)
Рейтинг:rating 40 article (0)
Прочтений:4616
Комментарии:0
Мундариҷа.

Муқаддима 4
§1. Мазмуни мухтасари фан 5
§2.Дастур барои интихоби вариант………..… 22
§3.Вариантҳои кори семестрии №1……………23
§4.Вариантҳои кори семестрии №2…………………..
Адабиёт.





















МУҚАДДИМА

Дастури методӣ ба донишҷӯёни курси якӯми ихти-сосҳои ҳамаи ихтисосҳои гуруҳҳои та ва тб пешбинӣ шуда-аст. Дар он мазмуни мухтасари фан, мафхумхои асосӣ овар-да шуданд. Инчунин дар дастури методӣ формулаҳои асосӣ , ҳалли масъала ва мисолҳои типпӣ, ки ҳангоми иҷрои корҳои семестрӣ истифода мешаванд, оварда шудаанд.
Донишҷӯй варианти худро интихоб намуда масъала ва мисолҳое, ки дар он оварда шудааст, ҳал мекунад. Супо-ришҳои ҳар мавзӯъ дар дарси оянда ба устод барои тафтиши пешакӣ пешниҳод карда мешавад. Супоришҳо бо наза-рдошти мушкилиашон аз се дараҷа иборат буда, дараҷаи якӯм 20 вариант, дараҷаи дуюм 25 вариант, дараҷаи сеюм 10 вариантро дарбар мегиранд. Супоришҳои дараҷаи якӯм ба-рои балҳои 3,4, дараҷаи дуюм барои балҳои 5,6,7 ва дараҷаи сеюм барои балҳои 8,9,10 пешбинӣ шудаанд.
Кори семестрӣ дар рӯзи имтиҳони марҳилавӣ бояд ба устод пешниҳод карда шавад. Агар донишҷӯй аққалан аз як кори семестрӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирад, баҳои ниҳоиаш сифр гузошта мешавад. ( Титульный лист) ороиши кори семестрӣ бояд аз варақаи унвон сар шуда, бо рӯйхати адабиётҳои истифодашуда ба охир расонида шавад. Намунаи варақаи унвон дар замима оварда шудааст. Чорчӯбаи (рамкаи) матн аз чап 3 см аз боло, поён ва тарафи рост 1 см қабул карда шавад

§1.Мазмуни мухтасари фан.

1.Амалҳои арифметикӣ бо ададҳои бутуни бисёррақама. Ҳалли масъалаҳои матнӣ бо ададҳои бутун.
Суммаи ду адади мусбат боз адади мусбат аст. Сумма иду адади манфӣ адади манфиест, ки модулаш ба суммаи мо-дулҳои ҷамъшавандаҳо баробар мебошад. Пас, барои ҷамъ кардан иду адади манфӣ: 1) модули ҷамъшавандаҳоро бояд ҷамъ намуд; 2) дар назди адади ҳосилшуда аломати «-» бояд гузошт. Мисол -10000+(-30000)=-40000
Ҳангоми ҷамъ кардани ду адади аломатҳояшон гуногун ало-мати сумма бо аломати он ҷамъшавандае мувофиқ меояд, ки модулаш калон аст. Вале барои ёфтани модули сумма аз мо-дули калон модули хурдро тарҳ намудан лозим аст. Мисол
-22555+12555=-10000. Ҷамъ кардани ададҳо ба қонунҳои ҷойивазкунӣ ва комбинатсиягӣ итоат мекунад.
Барои аз як адад тарҳ кардани адади дигар, ба тарҳшаванда адади ба тарҳкунанда муқобилро ҷамъ кардан лозим аст. Агар тарҳшаванда аз тарҳкунанда калон бошад, он гоҳ фарқ мусбат мешавад. Вале агар тарҳшаванда аз тарҳкунанда хурд бошад, он гоҳ фарқ манфӣ мешавад. Ҳосили зарби ду адади манфӣ адади мусбате мебошад, ки модулаш ба ҳосили зарби модули зарбшавандаҳо баробар аст. Мисол (-45)*(-45)=2025. Ҳосили зарби ду адади аломатҳояшон гуногун адади ман-фист, ки модулаш ба ҳосили зарби модулҳои зарбшавандаҳо баробар аст. (-125)*20=-2500
Ҳосили тақсими ду адади манфӣ мусбат аст. Барои ёфтани модули ҳосили тақсим модули тақсимшавандаро ба модули тақсимкунанда тақсим кардан лозим аст. Мисол -2500: (-25)=100. Ҳосили тақсими ду адади аломатҳояшон гуногун адади манфӣ аст. Барои ёфтани модули ҳосили тақсим мо-дули тақсимшавандаро ба модули тақсимкунанда тақсим кардан лозим аст. Мисол 2500: (-25)=-100. Ҳосили тақсими нул ба адади аз нул фарқкунанда ба нул баробар аст. Ба нул тақсим кардан мумкин нест.
2. Ададҳои содда ва таркибӣ. Ба зарбкунандаҳои содда ҷудо кардани ададҳои таркибӣ. КТУ ва ХКУ-и ададҳо.
Ададҳои содда гуфта чунин ададҳоро меноманд, ки танҳо ду ададҳои тақисмкунанда дорад, ки яке аз онҳо адади 1 ва дига-ре ҳамон адад мебошад.
Ададҳои таркибӣ гуфта чунин ададҳоро меноманд, ки зиёда аз ду тақсимкунандаро дорад.
Хурдтарин адади содда, ин адади 2 мебошад. Ин ягона адади ҷуфти содда мебошад. Дигар ададҳои содда бошанд, тоқанд.
Дар байни ададҳои натуралӣ чунин ададе мавҷуд аст, ки ба ягон адади содда ва таркибӣ таъалуқ надорад, яъне танҳо як тақсимкунанда дорад. Ин адади 1 мебошад.
Мисол. Кадоме аз ададҳои зерин содда ва кадоме таркиби-анд: 5, 6, 31 ва 28 ?






Ҷавоб: 5 ва 31 – ададҳои содда, 6 ва 28 ададҳои таркибӣ.
Калонтарин тақсимкунандаи умумии ду адади нату-ралӣ гуфта адади калонтарини натуралиеро меноамнд, ки ба он ҳар яке аз ададҳои додашуда тақсим мешавад. Ка-лонтарин тақсимкунандаи умумии ду адад ба ҳосили зарби зарбкунандаҳои соддаи умумии ададҳои додашуда баробар аст. Мисол: Тақсимкунандаи умумии ададҳои 32 ва 24 ададҳои 1,2,4 ва 8 буда, калонтаринаш 8 мебошад.
Хурдтарин каратии умумии ду адади натуралӣ гуфта хурдтарин адади натуралиеро меноманд, ки он ба ҳар як ада-ди додашуда тақсим мешавад. Мисол: Каратии умумии ада-дҳои 2 ва 3 ададҳои 6, 12, 18, 24, … мебошад, ки хурдтарина-шон 6 аст.
Хурдтарин каратии умумии ду адади а ва b –ро ин тавр ишо-ра мекунанд: ХКУ(а; b). Пас, навиштан мумкин аст, ки ХКУ(2,3)=6
3.Касрҳои оддӣ ва даҳӣ. Амалҳо бо онҳо. Амалҳои омехта.
Ададеро, ки аз як ё якчанд ҳиссаи баробари воҳид ташкил ёфтааст, каср мегўянд. Каср ду хел мешавад: касри оддӣ ва касри даҳӣ. Касри оддиро бо ёри иду адади бутун ва хатча тасвир мекунем. Масалан, ва ғайра.
Хангоми махраҷҳои касрҳо гуногун будан, онҳоро ба махраҷи умумӣ оварда, кўшиш мекунанд, ки он хурдтарин бошад.
Мисол: , ки дар ин ҷо 96 хурдтарин каратии умумии ададҳои 32 ва 24 аст.
Дар ҳолати умумӣ аз қоидаи зерин истифода кардан мумкин аст:

Ҳангоми зарби касрҳои оддӣ суратро бо сурат ва махраҷро бо махраҷ зарб мекунанд, яъне .
Агар касрҳои зарбшаванда касрҳои омехта бошанд, аввал онҳоро ба касри нодуруст гардонида баъд қоидаи зарби касрҳои оддиро истифода мебаранд.
Ҳангоми тақсими касрҳо сурати касри зарбшванда бо махраҷи касри зарбкунанда ва махраҷи касри зарбшаванда бо сурати касри заркунанда зарб карда мешавад, яъне:
.
Касрҳои оддиеро, ки махраҷашон аз воҳид ва нолҳои аз паси он омада иборат мебошад, касрҳои даҳи мегӯем.
Мисол. , , , , , , ва ғайра
Аён аст, ки касрҳо касрҳои дуруст ё касрҳои нодуруст буда, метавонанд. Онҳоро бе махраҷ навиштан мумкин аст. Қисми бутунашонро бо вергул ҷудо карда, баъди вергул сурати онҳоро менависем (агар миқдори рақамҳои сурат ба миқдори нолҳои махраҷ баробар бошад).
Барои ҷамъ кардани ду касри даҳӣ онҳоро дар як сутун зери ҳамдигар чунон менависем, ки вергул зери вергул ояд. Миқдори рақамҳои баъди вергул омадаи ҳар ду ҷамъшавандаро баробар мекунем ва ҳамчун ададҳои бутун ҷамъ карда, вергули суммаро дар зери вергулҳои ҷамъшавандаҳо менависем.
Мисоли 1 Мисоли 2 Мисоли 3
3,14 16, 375 4, 5 + + +
14,16 85, 846 7, 56
_____ ________ _______
17,30 102, 221 12,
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 41 >>
На главную
0 / 34

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©