Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Гусфанди нар-барои қурбонист
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси
1 2 3 ... 7 >>

МАФҲУМ ВА АҲАМИЯТИ АЗ НАВ ОҒОЗ КАРДАНИ МУРОФИА БО САБАБИ ОШКОР ШУДАНИ ҲОЛАТҲОИ НАВ

Тэги:реферат | кори курси аз фанни | кори илми | 2018
Добавил:Admin (24.01.2018 / 14:25)
Рейтинг:rating 386 article (0)
Прочтений:600
Комментарии:0
МАФҲУМ ВА АҲАМИЯТИ АЗ НАВ ОҒОЗ КАРДАНИ МУРОФИА БО САБАБИ ОШКОР ШУДАНИ ҲОЛАТҲОИ НАВ
Нақша:
1. Мафҳум ва аҳамияти аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаҳо бо сабаби ошкор шудани ҳолатҳои нав.
2. Мафҳуми аз нав ошкор шудани ҳолатҳои нав.
3. Асосҳои аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаҳо бо сабаби ошкор шудани ҳолатҳои нав.
4. Мӯҳлатҳои аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаҳо бо сабаби ошкор шудани ҳолатҳои нав.
5. Амалҳои прокурор баъди тамом шудани тафтиши ҳолатҳои
нав ошкоршуда.
6. Пешбурди парвандаи ҷиноятӣ баъди аз нав оғоз кардани пешбурди он аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда.














Оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ошкор гаштани ҳолатҳои нав - марҳилаи мустақили (истисноии) мурофиаи ҷиноятӣ ба шумор меравад, ки ба хусусиятҳо, вазифа асос ва тартиби ҳалии масъалаҳои мурофиавӣ аз дигар марҳилаҳои мурофиавии ҷиноятӣ фарқ мекунад.
Оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ошкор гаштани ҳолатҳои нав шакли фаъолияти бо меъёрҳои қонун танзим шудаи суди марҳилаи болоӣ доир ба аз нав дида баромадани парвандаи ҷиноятӣ, аз рӯи хулосаи прокурор аст. Дар ҷараёни ин марҳила ҳукм, таъиноти суд ва қарори судя, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, метавонанд бекор карда шаванд ва пешбурд аз рӯи парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар карда шавад.
Аҳамияти ин марҳила низ аз вазифаҳои умумии мурофиаи ҷиноятӣ бармеоянд;
 Ин марҳила кафолати асоснок ва қонунӣ ба амалбаровардани адолати судиро таъмин менамояд, барои амали гаштани ҳуқуқи конститутсионии маҳкумшуда доир ба аз нав мавриди баррасӣ қарор дода шудани парвандаи ҷиноятӣ бинобар ошкор гаштани ҳолатҳои нав мусоидат мекунад;
 Яке аз шаклҳои мурофиавии санҷиши қонунӣ, асоснок ва одилона будани санадҳои эътибори қонунӣ гирифтаи суд доир ба парвандаи ҷиноятӣ мебошад.
 Бо ёрии ин марҳила хатогиҳо ва вайроншавии қонун, ки дар марҳилаҳои каблии мурофиаи ҷиноятӣ ҷой доштанд ошкор ва бартараф карда мешаванд;
 Аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба нафъи маҳкумшуда бо мӯҳлати муайян маҳдуд карда намешавад;
 Фавти маҳкумшуда барои аз нав оғоз кардани мурофиа бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо мақсади сафедкунии ӯ монеъ намегардад.
 Дар сурати ошкор гаштани ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда на танҳо ҳукм, балки тамоми санадҳои судии судҳои марҳилаҳои поёнӣ метавонанд бо ҳамин тартиб бекор карда шаванд;
Марҳилаи назоратӣ ва аз нав оғоз кардани мурофиа бинобар ошкор гаштани ҳолатҳои нав – марҳилаҳое мебошанд, ки шаклҳои назорати судиро амалӣ мегардонанд, бо баъзе аз хусусиятҳо ба ҳам монанданд, лекин аз ҳамдигар бо асос, мӯҳлатҳои мурофиавӣ, пайдарҳамӣ ва хусусиятҳои мурофиавии ҷиноятӣ фарқ мекунанд. Фарқияти марҳилаи назоратӣ ва аз нав оғоз кардани мурофиа бинобар ошкор гаштани ҳолатҳои нав аз мурофиа дар марҳилаи суди назоратӣ дар он зоҳир мешавад, ки;
 Марҳилаи ва аз нав оғоз кардани мурофиа бинобар ошкор гаштани ҳолатҳои нав танҳо дар сурати мавҷуд будани хулосаи прокурор ва пешниҳоди раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад. Марҳилаи назоратӣ бршад бо шикояти назоратии иштирочиёни манфиатдор, инчунин дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиятҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст ва бо эътирози прокурор ё раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад;
 Асоси оғози мурофиа бинобар ошкор гаштани ҳолатҳои нав танҳо ҳолатҳое мебошанд, ки дар м.417 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд ва қаблан маълум набуданд, баъди эътибори қонунӣ гирифтани ҳукми суд бо воситаи тафтиш муайян гашта аз ғайриқонунӣ ва беасос будани ҳукм шаҳодат медиҳанд. Асоси оғози мурофиа дар марҳилаи назоратӣ ҳолатҳое мебошанд, ки дар м.372 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд;
 Аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунӣ, таъинот, қарор доир ба қатъи парванда, ҳамчунин аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунӣ бо сабабҳои сабукии ҷазо ё зарурати нисбат ба маҳкумшуда татбиқ намудани меъёри қонун оид ба ҷинояти нисбатан вазнинтар танҳо дар давоми мӯҳлатҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ки дар моддаи 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд ва на дертар аз як сол аз рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав мумкин аст.
Мӯҳлати ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукми айбдоркунанда, таъинот ва қарори суд вобаста ба зарурати татбиқи қонун дар бораи меъёри ҷинояти нисбатан вазнинтар, сабукии ҷазо ё бо дигар асосҳо, ки ба бад кардани вазъи маҳкумшуда меоваранд, инчунин аз нав дида баромадани ҳукми сафедкунанда ё таъинот, қарори суд дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давоми як сол аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо муайян шудааст.
Баррасии қаблии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ ба баррасии он дар ҳамон марҳилаи судӣ ҷиҳати аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда монеъ намегардад.
Монандии ин марҳилаҳо дар он зоҳир мешавад, ки;
 Вазифа ва ҳадафи ягона доранд - ошкор ва бартараф кардани хатогӣ, қонуншиканӣ, таъмини қонуният дар ба амалбарории адолати судӣ, яке аз шаклҳои судии таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд;
 Мавзӯъи баррасии ягона доранд - аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот, қарори суд доир ба парвандаи ҷиноятӣ, ки эътибори қонунӣ гирифта;
 Мақомоти ягонаи ваколатдори судӣ, ки ҳуқуқи санҷида баромадани асоснокӣ ва қонунӣ, одилона қабул шудани санадҳои судӣ доир ба парвандаи ҷиноятии эътибори қонунӣ гирифтаро доранд – раёсати судҳои вилоятӣ, Коллегияҳои судии Суди Олии ҶТ, раёсати Суди Олии ҶТ.
 Тартиби ягонаи баррасии парванда аз рӯи эътироз ва хулосаи прокурор.

Сабаб ва асосҳои аз нав оғоз шудани мурофиа бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав
Сабаби аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ошкор гаштани ҳолатҳои нав;
- Аризаҳои шаҳрвандон, хабарҳои шахсони мансабдори муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳо, ҳамчунин маълумоти дар ҷараёни таҳқиқ ва баррасии дигар парвандаҳои ҷиноятӣ ошкоршуда - сабабҳои аз нав сар кардани пешбурд бинобар ошкор шудани ҳолатҳои нав мегарданд.
-Агар дар ариза ё хабари воридгардида ба мавҷуд будани ҳукми суд, ки он вобаста ба ҳолатҳои дар м. 417 КМҶ ҶТ зикрёфта бароварда шуда аст, ишорае бошад прокурор бо қарори худ пешбурдро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав сар мекунад, санҷиши дахлдор гузаронида, нусхаи ҳукм ва маълумотномаи судро оид ба эътибори қонунӣ пайдо кардани он талаб карда мегирад.
-Прокурор метавонад дар ҳадди салоҳияти худ дар бораи аз нав сар кардани пешбурд бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда қарор барорад ва ин ҳолатҳоро таҳқиқ мекунад ё дар ин бобат ба муфаттиш супориш медиҳад. Ҳангоми таҳқиқи ҳолатҳои нав ошкоршуда бо риояи қоидаҳои КМҶ ҶТ метавонанд пурсишҳо, муоинаҳо, экспертизаҳо, ёфта гирифтани ашё ва дигар амалҳои тафтишӣ анҷом дода шаванд.
Асосҳои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби ҳолатҳои нав ошкоршуда иборатанд аз (м.417 КМҶ ҶТ) ;
 - дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додани ҷабрдида ё шоҳид, хулосаи коршинос, ҳамчунин қалбакӣ будани далелҳои шайъӣ, протоколхои амалиҳои тафтишӣ ва суд ва дигар ҳуҷҷатҳо ё дидаю дониста бардурӯғ тарчума
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 7 >>
На главную
Загрузка...
0 / 21

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru