Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Аз гург гурбача мерӯяд.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 5 >>

Тестхо аз фанни Фалсафа 2018

Тэги:тест аз фанни фалсафа 2018 | 2017 | тестхои 2017 | тест бо чавоб | тестхо бо калидашон | тестхои точики | тести для сдачи первого рубежного контроля по предмету стратегический менеджмент | тестхо аз фанни забони англиси | тестхо аз фанни забони точики | тестхо барои дохилшави | тестхо аз фанни таърих ва хукук | тестхо аз фанни информатика | саволу чавоб аз фанни забони англиси | саволу чавоб аз фанни забони точики | саволхои тести аз фанни информатика | тестхои 2017 | тестхо барои дохилшави ба лонишгох | саволу чавоб | саволу чавоб ьо калид | тест бо калид | тестхои нихои | тестхои одди аз фанни | тестхо бо забони точики | тестхои ммт | тести идм | тест барои таёри | тестхои точикистон
Добавил:Admin (23.01.2018 / 10:22)
Рейтинг:rating 377 article (0)
Прочтений:1137
Комментарии:0
I. Тестҳои оддӣ
1. Фалсафа чист?
А) Илми табиатшиносӣ.
Б) Илми сиёсатшиносӣ.
В) Таълимот дар бораи ҷамъият ва тафаккури инсон.
Г) Илм дар бораи қонунҳои куллии ҳаракату инкишофи ҳастӣ, яке аз типҳои асосии ҷаҳонбинӣ, яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, назарияи маърифат , методи дарккунӣ ва дигаргунсозии воқеият (+)
2. Ҷаҳонбинӣ чист?
А) Барномаи рафтору фаъолияти инсон.
Б) Системаи тасаввурот дар бораи олам ва мавқеи инсон дар он, дар бораи муносибати инсон ба воқеияти гирду атроф ва нисбат ба худаш (+).
В) Системаи ақидаҳо дар бораи кайҳон.
Г) Диди инсон нисбат ба табиат.
3. Шаклҳои таърихии ҷаҳонбинӣ кадомҳоянд?
А) Асотирӣ, динӣ, фалсафӣ (+)
Б) Динӣ, илмӣ.
В) Метафизикӣ, диалектикӣ.
Г) Динӣ, фалсафӣ.
4. Масъалаи асосии фалсафа кадом аст?
А) Масъалаи таносуби табиат ва коинот.
Б) Масъалаи таносуби шуур, тафаккур ва материя (+)
В) Масъалаи таносуби инсон ва ҷамъият.
Г) Масъалаи таносуби табиат ва ҷамъият.
5. Шохаҳои фалсафа кадомҳоянд?
А) Антропология.
Б) Онтология.
В) Фалсафаи: таърих, иҷтимоӣ, сиёсӣ, табиат, техника, илм, ҳуқуқ, фарҳанг, дин. (+)
Г) Гносеология
6. Дар таърихи фалсафа кадом методҳои маърифат ташаккул ёфтаанд?
А) Эксперимент.
Б) Мушоҳида.
В) Муқоиса.
Г) Метафизика ва диалектика (+).

Тестҳои оддӣ
1. Таълимоти чарвакҳо чӣ гуна хусусият дорад?
А) Моддагароёна (+).
Б) Дуалистона
В) Рўҳгароёна.
Г) Агностикӣ.
2. Муносибати файласуф ва мутафаккири бузурги Чини бостон Мотсӣ нисбати сарнавишт чӣ гуна буд?
А) Пурра эътироф мекард.
Б) Қисман эътироф мекард.
В) Мекўшид, ки ақида дар мавриди сарнавиштро бо таълимот оид ба озодии иродаи башар оштӣ диҳад.
Г) Рад мекард (+)
3. Кадоме аз ин равияҳои фалсафии Ҳинди қадим нуфузи Ведҳоро эътироф мекарданд?
А) Чарвака ё локаята
Б) Ҷайния ва буддоия.
В) Веданта, санкхя, йога, няя, миманса, вайшешика (+).
Г) Чарвака, ҷайния, буддоия.
4. Кадоме аз ин равияҳои фалсафии Ҳинди қадим ба нуфузи Ведҳо қоил набудаанд?
А) Буддоия, ҷайния, чарвака (+).
Б) Веданта, санкхя.
В) Йога, няя, санкхя.
Г) Миманса, вайшешика, веданта
5. Мо - Тсзи файласуфи кадом мамлакат буд?
А) Файласуфи Юнони Қадим.
Б) Файласуфи Чини Қадим (+)
В) Файласуфи Ҳинди Қадим.
Г) Файласуфи Мисри Қадим.
6. Мувофиқи таълимоти мактаби фалсафии локаята ё чарвака тамоми мавҷудоти олам, аз он ҷумла инсон аз омезиши зарраҳои кадом аз ин моддаҳо пайдо шудаанд?
А) Оташ
Б) Оташ, Ҳаво, об ва хок (+)
В) Ҳаво, оташ
Г) Хок ва об


I. Тестҳои оддӣ
1. Кадом мактаби фалсафӣ илму ҳикмати Юнонро бо илму фалсафаи Шарқ даромехтааст?
А) Мактаби Элиёиён.
Б) Мактаби Искандария.(+)
В) Мактаби Эпикуриён.
Г) Мактаби Софистон.
2. Хусусияти асосии фалсафаи Юнони қадим кадом аст?
А) Космосентризм (+)
Б) Теосентризм.
В) Гуманизм.
Г) Антропологизм.
3. Кадоме аз файласуфони Юнони қадим асосгузори хатти идеалистӣ мебошад?
А) Сукрот.
Б) Демокрит.
В) Афлотун. (+)
Г) Гераклит.
4. Кадоме аз ин файласуфони Юнони қадим асосгузори хатти материалистӣ дониста шудааст?
А) Афлотун.
Б) Демокрит (+).
В) Анаксимен.
Г) Анаксимандр.
5. Кадоме аз ин файласуфон бо номи муаллими аввал маъруф аст?
А) Арасту (+)
Б) Пифагор
В) Афлотун
Г) Эпикур
6. Кадоме аз ин файласуфон намояндаи моддагароён мебошад?
А) Фалеси Милетӣ (+)
Б) Ғаззолӣ
В) Г.Гегел
Г) Ҷ.Беркли

I.Тести оддӣ
1. Ҷанбаи асосии фалсафаи бостонии форсу тоҷик дар ибтидои пайдоишаш чӣ гуна буд?
А) Асетирӣ
Б).Илмӣ
В) Динӣ (+)
Г) Материалистӣ
2. Дар фалсафаи бостонии форсу тоҷик эътирофӣ кадом қувваҳо ҷой дошт?
А) Табиӣ;
Б) Номуайян;
В) Хайру шарр; (+)
Г) Қувваҳои заминию осмонӣ;

3. Нишонаи маданияти қадимтарини халқи тоҷик кадом аст?
А) Ведҳо
Б) Авесто +
В) Рамаяна
Г) Дао Дэ Сзин
4. Маздакия кадом навъи моликиятро эътироф мекард ?
А) Хусусӣ
Б) Давлатӣ
В) Ҷамъиятӣ +
Г) Шахсӣ
5. Зардуштия вуҷуди инсонро аз кадом унсур иборат медонист?
А) Моддию руҳонӣ +
Б) Моддӣ
В) Руҳонӣ
Г) Унсури “ Нур-ул-қоҳира”
6. Афкори фалсафии форс-тоҷик аз кадом асрҳо сар карда оғоз ва инкишоф ёфтааст?
А) Аз асри 20
Б) Аз асрҳои 7-6-и то милод +
В) Аз асрҳои 9-10-и милодӣ
Г) Аз асрҳои 7-8-и милодӣ
I. Тести оддӣ
1. Асари «Монологиум»-ро кадом мутафаккири асримиёнагӣ навиштааст?
а) Афлотун,
б) Гераклит,
в) Анселми Кентерберигӣ (+)
Г) Форобӣ

2. Ақида дар бораи он, ки «универсалияҳо чун мафҳумҳои куллӣ воқеӣ вуҷуд надоранд» ба кадом равияи фалсафӣ тааллуқ дорад?
а) Номиналистон (+),
б) Машшоия,
в) Дуализм,
г) Воқеъгароён

3. Росселин ва Пйер Абеляр ба кадом равияи фалсафӣ тааллуқ доштанд?
а) Номинализми ашаддӣ (+),
б) Воқеъгароӣ,
в) Аристотелизм,
г) Машшоия
4. Нисбати кадом файласуфи асримиёнагии Ғарб суханҳои зерин мувофиқ ҳастанд: «Мақсади асосии ӯ дар илм ва фалсафа фаҳмидани зоти Худованд аст»?
а) Форобӣ,
б) Фомаи Аквинӣ (+),
в) Закариёи Розӣ,
г) Августини Хушҳол
5. «Дар бораи тан фикр мекунам, то ки чӣ будани рӯҳро фаҳмам, дар бораи рӯҳ фикр мекунам, то Худоро фаҳмам» - ин суханон ба кадом файласуфи асримиёнагии Ғарб тааллуқ доранд?
а) Фомаи Аквинӣ (+),
б) Августини Хушҳол,
в) Пйер Абеляр,
г) Росселин
6. Асари «Тафсири Арасту» ба қалами кӣ тааллуқ дорад?
А) Иоанн Дунс Скотт (+) ,
б) Афлотун,
в) Форобӣ,
г) Росселин

.Тести оддӣ

1. Фалсафаи «Асҳоби ҳаюло» дар кадом давра ташаккул ёфтааст?
а) Дар асрҳои VII-VI то мелод;
б) Дар асрҳои IX-X (+);
в) Дар асри XV;
г) Дар асри XII;

2. Маънои калимаи ҳаюло чӣ аст?
а) кайҳон,
б) модда (+),
в) оташ,
г) рӯҳ
3. Асари «Китоб-ул-лаззат» - ро кадом мутафаккир эҷод намудааст?
А) Афлотун,
б) Арасту,
в) Закариёи Розӣ (+),
г) Абӯалӣ Ибни Сино
4. Мисраҳои зерин дар васфи Закариёи Розӣ ба қалами ки тааллуқ доранд: Дар дониши тиб чира чу Ибни Закариё, Дар илми ҷадал чира чу Ҷомоспи сухандон?
А) Асадии Тӯсӣ (+),
б) Ал-Киндӣ,
в) Абӯалӣ Ибни Сино,
г) Форобӣ
5. Микдори асарҳои Закариёи Розӣ доир ба илми тиб чанд адад ҳастанд?
А) 70,
б) 56 (+),
в) 67,
г) 81
6. Дар асарҳои «Ат-тиб-ур-руҳонӣ», «Сира – ул - фалосифа» ва «Китоб-ул-лаззат» Закариёи Розӣ кадом масъалаҳоро баррасӣ кардааст?
А) тарбияи ақлию-ахлоқӣ (+),
б) офариниши олам,
в) назарияи маърифат,
г) бузургӣ ва ягонагии Худованд
I. Тести оддӣ
1. Муаллифи китоби «Ишорот ва танбеҳот» кадом файласуфи асримиёнагӣ аст?
А) Форобӣ,
б) Ал-Киндӣ,
в) Абӯалӣ Ибни Сино (+),
г) Ғаззолӣ
2. Машшоия дар асоси кадом принсипҳои муҳимтарин ташаккул ёфтааст?
А) судур,
б) сабабият (детерминизм),
в) қидам ва абадияти олам, модда ва сурат,
г) судур, сабабият (детерминизм), қидам ва абадияти олам, модда ва сурат, нафсу тан (+)
3. Асари А.И.Сино, ки ба масъалаҳои оила бахшида шудааст, кадом аст?
а) «Донишнома»;
б) «Ал-фит-тиб»;
в) «Рисолаи тадбири манзил» (+);
г) «Ан-наҷот»;
д) «Ҳикмат-ул-машриқия»
4. Асосгузори
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 5 >>
На главную
Загрузка...
0 / 17

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru