Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Дунё пас аз марги мо чи дарё чи сароб.
Библиотека | Великие Люды

Абӯрайҳони Берунӣ

Тэги:абӯрайҳони берунӣ
Добавил:Admin (25.11.2017 / 08:53)
Рейтинг:rating 360 article (0)
Прочтений:49
Комментарии:0
Абӯрайҳони Берунӣ 6 сентябри соли 973 мелодӣ дар Коси Хоразм зода шудааст. Зодгоҳи ӯ, ки дар он замон рустои кучаке буд баъдан ба ифтихори ӯ ба «Берунӣ» таҷдиди ном дода шуд.Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абунасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ (940—998) омӯхт. Берунӣ забонҳои туркӣ, хоразмӣ, арабӣ, суғдӣ, суръёнӣ ва юнонию санскритиро аз худ намуда, ба қисме аз онҳо асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Берунӣ аз овони ҷавонӣ ба мушоҳидаи астрономӣ машғул шудааст. Барои муайян кардани тӯлу арзи шаҳрҳоглобус сохтааст. Соли 1018 Султон Маҳмуд (980—1030) Хоразмро забт карда, Беруниро ба Ғазна бурд. Фаъолияти минбаъдаи ӯ то охири умраш асосан дар ҳамин ҷо мегузарад. Берунӣ илмҳои физика, риёзиёт, ахтаршиносӣ, фаннҳои табии, таърих, хронология, астрология, ҷомеашиносии муқоисавӣ, кимиё, пизишкӣ, равоншиносӣ, илоҳиёт, дорушиносӣ, таърихи дин ва минералшиносиро омӯхтааст.
Бино ба маълумоти маъхазҳои таърихи ададӣ асарҳои ӯ аз 103 то 180 номгӯй мебошанд. Вале бештари он таълифоти гаронмояи Берунӣ дар асари осеби давру замонҳои номусоид нобуд шудааст. Осори боқимондаи ӯ гувоҳи он аст, ки ба инкишофи минбаъдаи илми чаҳони саҳми гаронбаҳое гузоштааст. Берунӣ доираи мавзӯи геодезияро равшан намуд, ба усулҳои анъанавӣ ва кашфиёти худ арзу тӯлии бештар аз шашсад мавзеъро чен карда ҷадвале сохт. Ӯ андозаи заминро хеле саҳеҳ чен кард (аз ченкуниҳои замони мо фақат 110 километр фарқ мекунаду халос).
Берунӣ ақидаи тағйирёбии қишри замин (таҳаввули геологӣ)- ро пеш гузошта, оид ба масъалаҳои пайдоиши кӯҳҳо, ҳаракати китъаҳо, ҷойивазкунии баҳру бар муҳокима меронад. Берунӣ гиёҳҳои шифобахш,сабзавоту меваҷотро омӯхта, мубодилаи байналхақии таҷрибаи тибби халқҳоро муфид мешуморад, номи гиёҳҳоро ба забонҳои гуногун оварда, масъалаи байналмилалии истилоҳоти илмиро ба миён мегузорад. Дар «Китоб-ус-сайдала фи-тиб» Берунӣ оид ба растаниҳои гуногун маълумот додааст.
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 48

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru