Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Бар кӯтаҳфикрону заифон эътимод накун!
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси
1 2 3 >>

дар Мавзуи: Чавонон

Тэги:реферат | иншо | кори курси | кори дипломи | мавзуи чавонон | чавонон ояндаи милатанд | мавзу
Добавил:Admin (25.11.2017 / 08:37)
Рейтинг:rating 356 article (0)
Прочтений:584
Комментарии:0
Мавзуи: Чавонон – ояндаи миллат

Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмонӣ қавиву боирода яке аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мерафт.
Аммо, баъди рушди илму технология ва кашф гардидани яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии модели навину замонавӣ мувозинат байни нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон тағйир ёфт. Дар ҷаҳони муосир нисбат ба нерӯи ҷисмонӣ нерӯи ақливу зеҳнии ҷавонон баратарият пайдо намуд. Бинобар ин, кишварҳои алоҳида ва ҳукуматҳо дарк намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошад, ки дар ин қатор Тоҷикистон низ истисно нест.
Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад. Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланд будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад. Ғайри он, ин нерӯи бузург метавонад омили қафомонӣ, бенизомиву бетартибии ҷомеаву давлат ва паст фаромадани обрӯву нуфузи давлат дар минтақа ва арсаи ҷаҳон гардад.
Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерӯ ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуюм барномаи мушаххас, сеюм – иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимаро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид. Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомӯзии ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом дода шуданд. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».
Чи тавре маълум аст, аз сабаби ба вуҷуд омадани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар оилаҳои зиёд вайрон, чанд ҳазор кӯдакон ятим монданд ва падару модарони зиёд ба хотири дарёфти сарчашмаи зиндагӣ рӯ ба муҳоҷират бурданд, ки чунин вазъият хоҳу нохоҳ ба раванди солими таълиму тарбияи наврасону ҷавонон мушкилиҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Бо сабаби набудани мактаб, шароити хуби зиндагӣ дар оилаҳои тоҷик шумораи муайяни наврасону ҷавонон ба ҷои ба таҳсил машғул шудан, ба аробакашиву савдогарӣ овора буданд.
Дар ин давра рушди илму технологияи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ ба меъёру арзишҳои ҷомеа, ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба ҳаёти ҷавонони тоҷик ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбат расонд. Як қисме аз ҷавонони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои замони худ соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзеи онҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупову Амрико ва Русия таҳсили худро идома дода истодаанд. Қисме аз ҷавонон то имрӯз дар пешрафти соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расониданд. Махсусан, заҳмати Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои хуб бор овард.
Чи тавре ки маълум аст, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, медалҳои зиёдро соҳиб гаштанд ва обрӯи Ватани худро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳон боло бардоштанд. Ба андешаи мо, агар дар оянда низ ба ин соҳа мароқи бештар зоҳир карда шавад ва сиёсати мавҷуда тақвият ёбад, он метавонад омили рушди солими ҷисмиву рӯҳии наврасону ҷавонон ва сабаби раҳоӣ пайдо кардан аз баъзе бемориҳо дар байни сокинони кишвар гардад.
Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик бо мушкилиҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки аз ҷумла, надоштани ҷои кори муносиб, маоши кам, мушкилоти манзил ва паст будани маърифати онҳо маҳсуб меёбанд. Бо сабаби мавҷуд будани чунин мушкилиҳо қисме аз ҷавонон ба хотири пайдо намудани зиндагии хуб ба давлатҳои хориҷа рафта истодаанд. Гурӯҳе дигар бо сабабҳои гуногун худро вориди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ намуда, то андоза аз ҷомеа бегона ва аз равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ берун монда истодаанд. Яъне, ҷузъе аз нерӯи ҷавонон на ба роҳи созандагӣ, балки рӯ ба самти бесуботкунии фазои ороми ҷомеа майл доранд. Мушкилоти асосӣ ин ҷо, яке ноумедӣ аз ояндаи хеш бошад, дуюм набудани орзуву нақшаҳои воқеӣ дар байни ҷавонон ба шумор меравад.
Ҷавонон ва хатари ифротгароӣ
Бояд қайд намуд, ки ҷавонон яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ва гурӯҳҳои сиёсиву динӣ ба хотири амалӣ намудани манофеи сиёсиву геополитики хеш аз ин гурӯҳ самаранок истифода менамоянд. Чихеле ки муҳаққиқи тоҷик Шаъбонов Н.Н. қайд менамояд: «Ҷавонон ҳамчун гурӯҳи муайяни ҷамъиятӣ барои ҳокимият ва ҳукумат метавонад ҳамчун қувваи ҳимоятгар, таҳрикдиҳанда ва ё муқовиматкунанда аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто шахсони алоҳида истифода гарданд». Инқилобу бетартибиҳое, ки вақтҳои охир дар давлатҳои гуногун ба вуқуъ омада истодааст, на аз ҷониби бузургсолон, балки қисми асосии онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ё қисми азими ҳайати бо ном «давлати исломи»-ро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки сабаби асосии воридшавии онҳо ба чунин созмонҳои ифротии динӣ паст будани саводи динӣ ва ҷаҳонбинии тангу торик мебошад. Сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва паҳн гардидани таассуб дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва ғайра дорад,
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
Загрузка...
0 / 57

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru