Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ҳоло, ки асп нест, аз хар намон.
Библиотека | Медицина / Тандурусти канзи шифо

Фоидаи Занҷабил канзи шифо

Тэги:давоҳои набогӣ растанй | фоидаи растани | гиёххои шифобахш | гиёххои кух | гиёххо барои шифо ефтан аз касалии | китоби гиёххои шифобахш | скачат | точикистон | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Добавил:Admin (26.07.2017 / 10:03)
Рейтинг:rating 321 article (0)
Прочтений:484
Комментарии:0
screenЗанҷабил — ин бехрешаи гиёҳест, ки ба решаи сабзии саҳроӣ мемонад, вале аз он майдатар ва баргҳояш борики дароз аст. Ин дар сарзамини Ҳиндустон бисёр аст. Навъқои қӯҳӣ ва даштӣ низ дорад. Дар бозорҳои шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ёфт мешавад.

Мизоҷи тару тозааш дар дараҷаи севум гарм ва дар якум хушк аст. Мизоҷи хушкаш дар дараҷаи дувум хушк ва бо рутубати зиёдатӣ мебошад.

Хислатҳои шифобахши Занҷабил: хӯрдани ин қуввати ҳофизаро афзун мегардонад, инчунин қувватҳои узвҳои ҳозимаро, ки меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, зиёд месозад; гиреҳи ҷигарро мекушояд, боҳро мустаҳкам мекунад; бодҳои гализи меъда ва рӯдаҳоро таҳдил медиҳад; балғам ва рутубати ғафси ба сатҳи даруни меъда часпидаро тит ва пароканда мекунад; зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сардӣ ва сустии олатҳои пешоб ҳодис шуда бошанд, шифо мебахшад; инчунин исҳолеро, ки аз вайрон шудани ғизо ба амал омада бошад, манъ менамояд; заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад; агар ташнагӣ аз зиёд гаштани балғам ба зуҳур пайваста бошад, таскин медиҳад. Бо набот ва шилми кундур бихӯранд, зарари, яъне газанди аз хӯрдани меваҳои тар баамаломадаро дафъ месозад, рутубати зиёдатии меъдаро ба эътидол меоварад. Инро бо зардии тухми мурғи нимпухта ҳамроҳ карда бихӯранд, маниро зиёда мегардонад ва ғафсии маниро ислоҳ мекунад.

Занҷабили хушкро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба чашм афтодаро, ки торикии басорат меоварад, инчунин сурхӣ ва гули чашмро дафъ мекунад. Занҷабилро дар даҳан нигоҳ доранд, ташнагиро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар меъда ба амал омада бошад, таскин медиҳад.

Занчабил

Агар инро кӯфта гузошта банданд, узвҳоро қавӣ мегардонад, кузоз (столбняк)-ро сиҳат мекунад, бавосири бодиро шифо мебахшад; дард ва варамро, ки сабаби инҳо сардӣ ва афзудани балғам бошанд, дафъ мекунад, варами вабоӣ ва бодии хояҳо, инчунин варамҳои дигар узвҳоро шифо мебахшад. Агар ба ин баробари ду миқдораш ҳазориспандро ҳамроҳ намоянд, таъсираш қавитар мегардад.

Вале хӯрдани занчабил ба ҳалқ зарар дорад — дар ин ҳолат асал ва равғани бодоми ширин бихӯранд, ки ислоҳи зарар намояд. Миқдори як бор хӯрдан аз занҷабил дар як рӯз то 5 грамм аст.
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 13

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru