Привет, Гость!
На главную
Вход
Интернет магазин в Таджикистане
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 40 >>

Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 7

Тэги:точикон | китоби | бобочон | ғафуров | таърих | точикистон
Добавил:Admin (03.04.2015 / 16:35)
Рейтинг:rating 31 article (0)
Прочтений:3113
Комментарии:0
2. ВАЗЪИЯТИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР АРАФАИ РЕВОЛЮТСИЯИ СОЛҲОИ 1905-1907
Аморати Бухоро дар давраи аз соли 1868 то охири асри ХIХ истиқлолияти худро торафт бештар аз даст медиҳад. Дар соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Россия» таъсис меёбад, ки он ба вазири корҳои хориҷӣ ва генерал-губернатори Туркистон тобеъ буд. Агентӣ дар аморати Бухоро сиёсати мустамликадории ҳокимияти подшоҳиро ба амал мебаровард. Дар ибтидои асри ХХ дар қаламрави аморат қeшуни ҳаштҳазорнафарии подшоҳ мавҷуд буд, ки он хатти сарҳад ва пунктҳои муҳимтарини стратегии аморатро ишғол мекард. Дар соли 1895 қала-мрави аморат ба сарҳади боҷхонагии империяи Россия ҳамроҳ карда мешавад. Амир аз ҳуқуқи сикка задани пул бе иҷозати генерал-губернатори Туркистон маҳрум ме-гардад. Дар пойтахти аморат шeъбаи банки давлатии Россия кушода мешавад. Шeъбаҳои банкҳои хусусӣ пайдо мешаванд. Банкҳо иқтисодиёти мамлакатҳоро тадриҷан ба даст гирифта, ба соҳаи савдо, ба пахтакорӣ, гeсфандҳои қарокeлпарварӣ ва ҳоказо сар медароварданд.
Иқтисодиёти аморати Бухоро, алалхусус, ноҳияҳои шарқии он мисли пештара хусусияти ниҳоят қафомондаи зироатпарварӣ дошт. Дар ноҳияҳои тоҷикнишин саноат қариб умуман набуд. Дар тамоми Бухорои шарқӣ фақат дар Ҷилликeл як заводи хурди пахта кор мекард. Ягона соҳаи саноат, ки гeё андаке ҷон гирифтанӣ мешуд, саноати истихроҷи маъдан буд. Агар миқёси сарвати зери замини Тоҷикистонро ба назар гирем, андозаи он ҳам ночиз буд. Вале ҳаминро ҳам гуфтан даркор, ки ба шарофати заҳмати олимону сайёҳони машҳури чоряки охири асри ХIХ Россия конҳои калони ангишт, тилло, оҳан, қeрғошим, мис, селитра, намак ва ғайра кашф шуданд. Вале ба истифодаи бо-самари ин конҳо қафомонии умумии иқтисодии Бухоро монеъ мешуд. Ғайр аз ин бойҳои маҳаллӣ метарсиданд, ки ба ин «савдо»-и ношиносу номаълум маблағе гузоранд. Ба ин сабаб ва боз бо баъзе дигар сабабҳо ташкили истифодаи конҳо дар ихтиёри соҳибкорони империяи Россия монд. Яке аз кормандони боғайрати ин арса инженери кeҳкорӣ П.Н.Жоравко – Похорский буд. Бо дастгирии «Агентии сиёсии императории Россия» дар Бу-хоро ба вай муяссар шуд, ки бо амир шартномае бандад (июни соли 1895) ва ҳуқуқ пайдо кунад, ки конҳои тиллои бекии Балҷувон ва Дарвозро истифода барад. Жоравко– Покорский дар соҳили дарёи Яхсу дар Балҷувон кони тиллоро ба кор андохт, ки аз он соли 1900 5 қадоқу 18 нахeд ва соли 1909 16 қадоқу 23 нахeд тилло гирифта шуд.
Дигар намудҳои маъданро асосан худи аҳолии маҳаллӣ истихроҷ мекард ва ба хeҷаинҳои худ ҳаққи калони иҷора медоданд (маҳз ба ҳамин сабаб, масалан, беки Балҷувон ва атрофиёнаш ҳарҷониба пеши роҳи соҳибкорони Россияро мегирифтанд ва намемонданд, ки онҳо ба конҳои тилло кордор шаванд). Ҳаққи иҷозати истихроҷи тилло баъзан чоряки тамоми он тиллое буд, ки заршeйҳо бо машаққат ба даст меоварданд. Агар инро ҳам ба назар гирем, ки баъди адои ҳаққи иҷозат боз закот додан даркор буд, амир ва як олам калоншавандаҳою муллоҳоро қаноатманд кунонидан зарур буд, худ аз худ равшан мешавад, ки саноати истихроҷи маъдан фоидаи казоӣ надошт, ба ҳар ҳол, ба соҳибкорони маҳаллӣ даромади кироӣ намедод.
Равнақи муомилоти тиҷорат
Пас аз анҷоми сохтмони роҳи оҳани Тошканд, ки Осиёи Миёнаро бо Оренбургу Москва пайваст, тиҷорат хеле равнақ ёфт. Масалан, агар соли 1865 содироти Бухоро 3306 ҳазор сeми тилло ва воридоташ 1913 ҳазор сeми тилло бошад, пас солҳои 1900-1904 ба ҳисоби миёна содирот ба 23700 ҳазор сeми тилло ва воридот ба 23 200 ҳазор сeми тилло расид.
Муносибатҳои пулию молӣ хеле ривоҷ ёфтанд. Деҳқонон беш аз пеш барои бозор шуда кор мекарданду ба тақозои содирот мутобиқ мешуданд. Агар солҳои 1850–1860 барои содирот тақрибан 50 ҳазор пуд пахта ҷудо кар-да бошанд, пас дар арафаи асри ХIХ аллакай 1200 ҳазор пуд пахта барои содирот ҷудо карда шуд. Дар миёнаҳои асри ХIХ содироти пeсти қарокeлӣ соле ҳамагӣ 30-40 ҳазор дона бошад, ин миқдор дар ибтидои асри ХХ ба 1 млн. дона расид, мисли ҳамин содироти пашм ҳам соле аз якчанд ҳазор пуд то 150-170 ҳазор пуд афзуд.
Бухорои шарқӣ ҳам мисли тамоми аморат аз воридоти рeзафзуни молҳои фабрику заводҳои Россия хеле зиён дид. Миқдори фурeши ин гуна молҳо дар Бухорои шарқӣ нисбат ба вилоятҳои Туркистон камтар бошад ҳам, вале ба он дараҷае буд, ки тавонист ба саноати косибии маҳаллӣ зарбаи короӣ занад. Ин зарбаро фақат мушкилгузар будани баъзе вилоятҳову ноҳияҳо андак сабук кард. Дар якчанд шаҳрҳои нисбатан калони Бухорои шарқӣ – Душанбе, Ҳисор, Кeлоб, Қаротоғ, Балҷувон истеҳсоли газворҳои абрешимию пашмию пахтагин, маснуоти кулолию чармгарӣ, асбоби зироат, корду шамшер ва ғайра идома дошт. Зимнан баъзе бекиҳо маҳз дар истеҳсоли ин ё он намуди маҳсулоту маснуот тахассус меёфтанд. Масалан, Дарвоз, ки аз конҳои маъдани оҳан бой буд, асосан маснуоти оҳанин мебароварду ноҳияҳои ҳамсояро ҳам бо асбобу анҷоми зироат таъмин мекард. Дар Кeлобу Балҷувон чармгарӣ ва истеҳсоли маснуоти чармин мақоми намоён дошт. Ҳисор бо шоҳиҳои худ, Қаротегин бо хeрҷинҳои пат, намад, газворҳои пахтагин, Қубодиён бо абрешими худ ном бароварда буданд. Дар бекиҳо инчунин корхонаву дeконҳое, ки барои таъмини эҳтиёҷи рeзгори мардум зарур мебошанд, низ вуҷуд доштанд – осиёбҳо, обҷувозҳо, ҷувозхонаҳо, дeконҳои оҳангарӣ, мисгарӣ ва ғ.
Худсарию бедодии феодалҳо ба равнақи истеҳсолоти ин соҳаҳо ҳам монеъ шуд. Намемонд, ки он каму беш бе-малол вусъат ёбад. Масалан, газетаи «Туркестанские ведо-мости» навишта буд: «Дар бекии Ҳисор, бешубҳа, шоҳии дар ҷаҳон беҳтарин истеҳсол карда мешавад, вале он мут-лақо ба бозор намебарояд, зеро тамоми онро худи бек кашида мегираду нархашро ҳам худаш мемонад ва бар замми ин, чанд тeби онро як тин надода азони худ ҳам мекунад» .
Аҳволи аҳли меҳнат
Дар хоҷагии қишлоқ ривоҷ ёфтани муносибатҳои пу-лию молӣ таҷзияи деҳқононро хеле тезонд–дар як қутб бойҳои кулак ва дар қутби дигар камбағалон, батракҳои безамин (мардикорон, ятимон, хизматгорон), мазлумон ҷойгир шуданд.
Деҳқонон аз кулфати безаминӣ аз ҷон безор мешуданд. Масалан, дар бекии Ҳисор бойҳо, ки ҳамагӣ 7,6% аҳолӣ буданд, 45,6% тамоми заминҳои обиро соҳибӣ мекарданд. Дар дасти 28% хоҷагиҳои камзамин ҳамагӣ 1% заминҳои обӣ буд. Дар ноҳияи ҳозираи Орҷоникидзеобод 1,3% бойҳо 32% заминҳои обиро соҳибӣ мекарданду 38% хоҷагиҳои камзамин ҳамагӣ 2,3% заминро кишт менамуданд. Бойҳову судхeрон деҳқони сарсахтро бо ҳазор ҳилаву найранг хонавайрон мекарданду маҷбур месохтанд, ки қарз бардораду як пора заминашро ба гарав монад. Барои ин ки деҳқон дар замини худаш кор кунад, маҷбур буд, ки ба қарзхоҳ фоидаи ноинсофонае диҳад. Ҳамаи ин толону тороҷро бо васиқаи замин ба расмият медароварданд, ки он деҳқонро дасту по баста, ба дасти бой медод ва тамоми лоқупару чизу чораву аҳлу аёлаш ба ихтиёри бой ё судхeр мегузашт.
Дар аморати Бухоро деҳқонони ба ғуломӣ афтода би-сёр буданд. Ҳамаи қарздорони қарзашонро адо накарда, инчунин бақиядорони аз хазинаи амир қарздор ба дафтарҳои махсус қайд карда мешуданд. Деҳқоне, ки но-маш ба чунин дафтар афтода бошад, аз ҳамаи ҳуқуқҳо, аз ҷумла, аз ҳуқуқи бемалол ба ягон ҷо сафар кардан маҳрум мегашт. Ҷорчиён номи eро дар бозорҳо эълон мекарданд ва баъд аз
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 40 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 35

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©