Привет, Гость!
На главную
Вход
10 Млн товары на Tajmarket.tj недорого прямая доставка с Китая в Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 68 >>

Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 6

Тэги:точикон | китоби | бобочон | ғафуров | таърих | точикистон
Добавил:Admin (03.04.2015 / 16:31)
Рейтинг:rating 30 article (0)
Прочтений:4344
Комментарии:0
Боби якум
ҲАЁТИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ДАВЛАТИ
ШАЙБОНИЁН (АСРИ ХVI)
1.ТАЪРИХИ СИЁСӣ
ИСТИЛОИ ДАВЛАТИ ТЕМУРИЁН
Сиёсати дохилии Шайбонихон
Дар охирҳои асри ХV ва ибтидои асри ХVI eзбекҳои бодянишин бо сардории Муҳаммад Шайбонихон Мовароуннаҳри марказӣ ва андаке баъдтар тамоми қисмати боқимондаи давлати Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи таъсискунандаи худ – «Шайбонӣ» машҳур гардид. Худи Шайбонихон аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои e- Абулхайрхон дар ни-маи аввали асри ХV давлати пуриқтидори бодиявӣ ташкил намуд. Қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи e аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар паҳноҳои бекарони дашту саҳрое, ки домони он аз поини дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, ҳаёт ба сар мебурданд. Вале ин иттиҳодияи бавуҷудовардаи Абулхайрхон мабдаи иқтисодӣ надошт ва бо зeри силоҳ арзи вуҷуд мекард. Ин буд, ки вай пояҳои худро устувор карда натавониста, ба зудӣ пас аз фавти Абулхайрхон аз по афтод . Шайбонихон хост, таҷрибаи бобояшро такрор намояд, вале кораш барор нагирифт. Ҷангу талошҳо бо дигар Чингизиёни ҷоҳталаб ва ихтиёрхоҳ гоҳ ба фоида ва гоҳ ба зарари e анҷом меёфт. Ҳарчанд ки баъзан бо ғаниматҳои хеле хуб зафар меёфт, вале ин барои таъмини имтиёзи сиёсии e кофӣ набуд.
Шайбонихон дар ин муборизаҳо борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд. E дар яке аз ҷангҳо мағлуб шуда, ду сол дар Бухоро зист ва, аз рeи шаҳодати сарчашмаҳо, ҷиддан машғули андeхтани илму дониш гардид.
Душмани ашаддии Темуриён дар қисмати шимоли мамлакат моғулҳо* ба шумор мерафтанд, ки Тошкандро маркази худ ихтиёр карда буданд. Онҳо чандин бор ҳатто ба ноҳияҳои Мовароуннаҳри марказӣ ҳамла намуда, молҳоро толон ва аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба муқобили муғулҳо истифода карданӣ шуданд. Лекин Шайбонихон иттифоқчии бад баромад: e фақат аз паи манфиати худ шуда, аксаран хилофи ваъдаи худ амал мекард, гоҳ тарафи Темуриёнро мегирифт, гоҳ тарафи моғулҳоро, ҳар замон ба мулкҳои ину он ҳуҷумҳои ғоратгарона менамуд. Ниҳоят, e чунин шаҳрҳои истеҳкомӣ, мисли Утрор, Сайрам ва Яссаро ба таҳти тасарруфи худ дароварда, ҳамқавмони худро даъват кард ва дастаи қавии аскарӣ ташкил дода, бо моғулҳо муоҳида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннаҳр шурeъ намуд. Аввал e пойтахти Темуриёни Осиёи Миёна - шаҳри Самарқандро ба муҳосира гирифт. Вақте ки волии Бухоро бо қeшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз муҳосира бархоста, ба муқобили e шитофт ва дар роҳ ин қувваи аскариро торумор намуда, ба сeи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто се рeз нагузашта, аъёну ашроф ва рeҳониён шаҳрро ба e таслим намуданд.
Дар чунин лаҳзаи пурмасъулият ҳам, ки мамлакатро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, ашрофи Самарқанд ва шаҳзодагони темурӣ тамоман саргарми нифоқу ни-зоъҳои байнихудӣ буданд. Гурeҳе саршохаи Темуриёни Осиёи Миёна - Султон Алиро тарафдорӣ мекарданд, гурeҳи дигар хешованди вай – Бобурро ба Самарқанд даъват намуда, таслими шаҳрро ба e ваъда медоданд. Ҳангоми Самарқандро муҳосира кардани Шайбонихон ин низоъҳо боз ҳам қувват гирифт. Баъзе намояндагони хеле бонуфузи рeҳониён ҳисси навмедӣ ва кайфияти мағлубиятро падид меоварданд. Султон Алӣ дар ҳама ҷо хиёнатро гумон бурда, аз дигарон пештар бо як гурeҳ рикобдорони худ ба қароргоҳи Шайбонихон равона шуд. Ашрофи Самарқанд аз ин воқиф гардида, бо тeҳфаву инъомҳои зиёде ба ҳузури Шайбонихон омада, сари таъзим фуруд оварданд. Ба ин тариқа, соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон даромад.
Аммо ин муваффақияти аввалин, ки ба зудӣ ва осонӣ ба даст омада буд, бақое наёфт. Як қисми ашрофи Бухоро ва Самарқанд тарафдори барқарор намудани ҳокимияти Темуриён буд. Агарчанде ки e нахустин сeиқасдро фош намуда, гунаҳкорон ва ҳатто гумонбарҳоро аз дами теғ гу-заронид, ба ҳар ҳол дасти муқобилони e боло шуд. Акнун ҳарифи асосии Шайбонихон шаҳзодаи ҷавони темурӣ, аоосгузори ояндаи давлати Темуриёни Ҳинд - Бобур гар-дид. Қароргоҳи Шайбонихон дар ҳаволии Самарқанд буд. Аъёну ашрофе, ки пинҳонӣ бо Бобур мукотиба доштанд, ба рeи e дарвозаи шаҳрро кушоданд ва eро подшоҳ эълон намуданд. Дере нагузашта дар баъзе шаҳрҳо ва истеҳко-моти дигар низ пирeзӣ насиби тарафдорони Темуриён гардид. Вале дар муҳорибаи кушоди соҳили Зарафшон, ки дар моҳи апрели соли 1501 ба вуқeъ омад, Бобур шикаст хeрд ва ба Самарқанд ақиб иишаст. Худи e дар ёддоштҳо-яш аз тарафи Шайбонихон моҳҳои дароз муҳосира шуда-ни Самарқандро ба тариқи хеле муфассал тасвир намуда-аст. Аз гуфтаҳои Бобур маълум мешавад, ки халқ, аҳолии оддии шаҳр, пешаварону косибон аввалҳо дар муҳофиза-ти шаҳр бисёр фаъолона иштирок доштаанд, ҷасорат ва қаҳрамонӣ нишон дода, нақшҳои ҳуҷуми фикркардаи Шайбонихонро вайрон мекардаанд. Аммо сокинони шаҳр манфиатҳои сулолавии Бобурро, чунон ки e соддалавҳона гумон мебурд, ҳимоя намекарданд. Самарқандиҳо якнун таҷрибаи калон ва талхе доштанд: хиёнат ва сeиқасдҳои аъёну ашроф, аз даст ба даст гузаш-тани шаҳр боиси ғорат, қатлу куштор ва қаҳтиву гуруснагӣ мегардид. Лекин ин бор манфиати шаҳриён ва Бобур мувофиқ афтод.
Бо вуҷуди ин, нигоҳ доштани Самарқанд муяссар нагардид. Шаҳриён яроқу аслиҳа надоштанд. Дар шаҳри муҳосирашуда гуруснагӣ ҳукмфармоӣ мекард. «Вақти гандумпаз расида буд, вале касе ҳосили нав намеовард. Рeзҳои муҳосира тeл кашид, мардум ба маҳрумиятҳои зи-ёде дучор гардиданд; кор ба ҷое расид, ки бенавоён ва мeҳтоҷон гeшти сагу харро мехeрдагӣ шуданд. Чун еми асп камёб шуд, одамон ба ҷои он барги дарахтро медо-данд» .
Бобур барои кeмак ба ҳокимони гуногун муроҷиат намуд, вале имдоде нарасид. E чунин хислати Темуриён-ро, ки манфиати умум барояшон бегона буд, хеле аниқ ва дақиқ хотирнишон намудааст: «Мо ба кeмак ва пуштибо-нии моликони ҳамсоя ва атрофу акноф умед баста будем, лекин ҳар яки онҳо нақшаҳои худро дошт . Хусусан, кeтоҳандешии сардори Темуриёни Хуросон - Султон Ҳу-сайн, ки на фақат дасти ёрӣ дароз накард, балки ҳатто ба Шайбонихон чоплусӣ намуд, eро дар ҳайрат гузошт.
Сокинони шаҳр, сарбозон ва ҳатто наздикони Бобур ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ тоб наёварда, ба ҳар сe фирор мекарданд. Ниҳоят, худи Бобур ҳам роҳи гурезро пеш гирифт. Шаҳри пойтахтии Самарқанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Ин ҳодиса дар соли 1501 рeй дод.
Ба Шайбонихон аз ҳама бештар сокинони шаҳри Қарокeл муқовимат карданд. Баҳорони соли 1501 дар ин ҷо шeрише ба амал омад, ки амалан хусусияти синфӣ дошт. Ба сари шаҳр намояндаи халқро, зоҳиран, сардори шeришро нишонданд. Номи e маълум нест, дар ман-баъҳои онвақта eро таҳқиромезона «гадо» ва «ҷоҳил» но-мидаанд.
Шайбонихон худ бо қeшуни зиёде ба ҷанги зидди Қарокeл рафт. Шаҳрро гирифта, сардори шeришгаронро ба қатл расонид. Вале пас аз шаҳрро тарк кардани Шайбо-нихон мардум боз шeриш бардошт. Феодалон дар ин лаҳза ташаббусро ба дасти худ гирифтанд, онҳо ният до-штанд, ки ин шeришро ба манфиати Темуриён истифода баранд. Онҳо аз ҳокимони ҳамсояи темурӣ мадад хос-танд. Шайбонихон дубора ба Қарокeл қeшуни сершуморе фиристод. Муҳорибаи ниҳоятдараҷа шадид ба амал омад, фуқарои шаҳр диловарӣ ва қаҳрамониҳои бемислу мо-нанде нишон доданд. Дар охири охирон Шайбониён шаҳрро
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 68 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 35

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©