Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Хӯроки меҳнатӣ ширин мешавад.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Медицина / Тандурусти канзи шифо

Канзи шифо Лоласурхак лола

Тэги:давоҳои набогӣ растанй | фоидаи растани | гиёххои шифобахш | гиёххои кух | гиёххо барои шифо ефтан аз касалии | китоби гиёххои шифобахш | скачат | точикистон | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Добавил:Admin (24.05.2017 / 15:40)
Рейтинг:rating 298 article (0)
Прочтений:466
Комментарии:0
screenЛоласурхак — инро ба таври оддӣ лола ҳам меноманд. Ин гиёҳест баргаш ва гулаш монанди кӯкнор, вале кӯзаи сараш назар ба кӯзаи кӯкнор хеле майда мебошад, тухмаш ҳам нисбатан резатар. Гулаш одатан панҷ барг дорад, садбаргаш ҳам мавҷуд мебошад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм гули хушкашро кӯфта, бо майи пухтагӣ биёшоманд, дарди узвҳои даруни шикамро, ки дафъатан ба амал омада бошад, таскин медиҳад ва бисёр пуртаъсир аст.

Гули хушки онро кӯфта, ба воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро ҳамон дам қатъ мекунад. Ва агар инро бипошанд, хунравиро, ки аз ҳар як узв бошад, манъ месозад.

Барг ва пояи онро бо коҳи ҷав дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, шири занҳо, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Оби гиёҳи тари онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи лоласурхак меноманд. Усораи инро бимоланд, захмҳоро аз рим пок мегардонад, иллати пӯстпартоиро дафъ мекунад, варами чашмро таҳлил медиҳад.

Усораи онро дар бинӣ бирезанд, майнаро аз рӯтубатҳои зарарнок пок мегардонад. Оби гиёҳи тари онро дар чашм чаконанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин оби барги гули онро батакрор бичаконанд, низ ҳамон таъсирро дорад. Гули хушки онро маҳин куфта, чун сурма ба чашм кашанд ҳам, гули чашмро нест мекунад.

Гули онро бо пӯсти сабзи чормағз якчо кӯфта, гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мегардонад ва шукуфаи пӯстро дафъ мекунад. Ҳар рӯз 3,5 грамм тухми онро бо оби хунук биёшоманд ва бо он мудовамат намоянд, иллати песро дафъ мекунад. 3,5 грамм қуббаи (кӯзаи) онро бихӯранд, девона мекунад. Аз инаш эҳтиёт бояд шуд.

Поделиться
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 4

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru