Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Марг ба фақиру ғанӣ нигоҳ намекунад.
Библиотека | Медицина / Тандурусти канзи шифо

Канзи шифо Дӯлона

Тэги:давоҳои набогӣ растанй | фоидаи растани | гиёххои шифобахш | гиёххои кух | гиёххо барои шифо ефтан аз касалии | китоби гиёххои шифобахш | скачат | точикистон | канзи шифо | канзи шифо точики | скачать книгу канзи шифо | китоби канзи шифо | канзи шифо pdf | электронная книга канзи шифо | канзи шифо читать | китоби канзи шифо скачать | гиёххои шифобахш | 2017 | канзи шифо онлайн | китоби канзи шифо сайт |
Добавил:Admin (24.05.2017 / 15:36)
Рейтинг:rating 295 article (0)
Прочтений:390
Комментарии:0
screenДӯлона (Дулона) — ин ду навъ аст: дӯлонаи хасак, ки самараш сурх — инро дӯлонаи сурхак низ меноманд; қисми дувумро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард мегардад. Беҳтараш калон-калони шодоб ва лазизи он аст.

Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст, вале ба қавли баъзеҳо тар аст. Хислатҳои шифобахши он: самараи пухтагии онро бихӯранд, ғизо мешавад; қабзият дар узвҳои бадан пайдо мекунад, яъне моддаҳои зарарноки ба узвҳо рехташавандаро манъ месозад; баданро фарбеҳ мекунад, шиддати ҷӯшиши моддаҳои сафро ва фишори баланди хунро паст мегардонад, қайро таскин медиҳад, меъда ва ҷигари гармро қавӣ менамояд, иштиҳоро ба таом бармеангезад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад.

Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. Дӯлонаро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад ва сурхбодро шифо медиҳад.

Вале агар дӯлонаро аз ҳад зиёд ва бисёр бихӯранд, ба гурда зарар дорад, иллати қулинҷро (колитро) пайдо мекунад, меъдаро заиф мегардонад. Дар ин маврид арпабодиён ва гулқанд бояд бихӯранд, то он ки зарараш ислоҳ ёбад. Миқдори як бор нӯшидан аз оби меваи дӯлона то 90 грамм ва аз гӯшти мевааш то 55 грамм аст.

Ба ҷойи дӯлона себи туршро истифода баранд, раво мебошад. Мизоҷи дӯлонаи сурхак, ки навъи майдаи он аст, ба мизоҷи дӯлонаи калон-калон наздик аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун қай кардан, аз дарун хунравӣ, инчунин қайро манъ мекунад; пуштро қавӣ мегардонад, иллати филпоро нафъ дорад. Зарар ва миқдори ошомиданаш монанди дӯлонаи калон аст.
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 25

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru