Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 51 >>

Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 5

Тэги:точикон | китоби | бобочон | ғафуров | таърих | точикистон
Добавил:Admin (03.04.2015 / 16:23)
Рейтинг:rating 29 article (0)
Прочтений:3618
Комментарии:0
Боби севум
ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСРИ ХI-ИБТИДОИ
АСРИ ХIII. ДАВЛАТҲОИ ҒАЗНАВИЁН,
ҚАРОХОНИЁН, ҒУРИЁН ВА ХОРАЗМШОҲИЁН
1. ТАЪРИХИ СИЁСӣ
Муборизаи бесамари Абeиброҳими Мунтасир барои
аз нав барқарор намудани ҳокимияти Сомониён
Дар солҳои аввали асри ХI, пас аз забт кардани Мовароуннаҳр ба Қарохониҳо лозим омад ба муқобили амалиёти бародари Абдулмалик Абeиброҳим Исмоил иб-ни Нeҳ, ки дар муҳорибаҳои зидди Қарохониён бо номи Мунтасир (фотеҳ) маъруф гардида буд, мубориза баранд. Мунтасир аз Ўзген, ки дар он ҷо маҳбуси Қарохониҳо буд, ба Хоразм фирор намуд ва аз тарафдорони хонадони сомонӣ лашкаре фароҳам оварда, ба сeи Бухоро ҳаракат кард ва ҳокими Қарохониро ронда, шаҳрро соҳиб шуд. Боқимондаи лашкари шикастхeрдаи Қарохониҳо ба Самарқанд паноҳ бурданд.
Ҷаъфартегин ном бародари хони қарохонӣ, ки дар ин вақт ҳукумати Самарқандро ба дасти худ нигоҳ медошт, наздик расидани лашкари Мунтасирро шунида, бо қувваи муттаҳидаи Самарқанд ва Бухоро ба муқобили e равон шуд, вале ба шикасти сахт дучор гардида, худ бо бисёр саркардагонаш ба дасти душман асир афтод. Мунтасир баъд аз ин ғалаба ба Бухоро баргашта, ба сари ҳукумат қарор гирифт.
Лекин вақте ки хони қарохонӣ Насри Илокхон қув-ваҳои асосии худро бар зидди e равона намуд, Мунтасир ба онҳо муқобилат карда натавонист ва бе ҳеҷ муҳориба Бухороро ба дасти душман гузошта, ба тарафи Хуросон ҳаракат кард. Дар он ҷо Абулқосими Симҷурӣ ба вай ҳам-роҳ шуд ва ҳар ду бар зидди Маҳмуди Ғазнавӣ мубориза сар карданд, вале сарфи назар аз баъзе комёбиҳои ҷузъӣ, ин мубориза бемуваффақиятона анҷом ёфт.
Дар соли 1003 Мунтасир ба Мовароуннаҳр баргашта, бо ёрии ғузҳо дубора бар зидди Қарохониҳо сар бардошт.
Дар Осиёи Миёна ғузҳо қабилаҳои туркзабони аксаран бодиянишин буданд. Дар асри Х манзили ғузҳо дар дашту саҳроҳои паҳновар – аз маҳалҳои ҷанубии назди Балхаш то поёноби Волга парешон гардида, фақат дар наздикиҳои Каспӣ, Сирдарё ва атрофи Арал иқоматгоҳҳои сернуфуси онҳо ба вуҷуд омаданд . Қисми камтару нисбатан камбағали ғузҳо дар ин вақт ба шаҳру деҳот ҷойгир шуда, ба корҳои зироат машғул гардиданд. Дар охири асри IХ ва аввали асри Х дар наздикиҳои баҳри Арал давлати ғузҳо таъсис ёфт. Марказ ва қароргоҳи зимистонии онҳо шаҳри Янгикент (воқеъ дар поёноби дарёи Сир) буд. Ашрофи феодалии ғузҳо кeчманчиён ва зироаткорони қаториро беш аз пеш истисмор мекарданд. Авҷ гирифтани зиддиятҳои синфӣ дар муҳити ғузҳо сабабгори дар ҳудуди асрҳои Х–ХI аз по афтодани давлати сирдарёии ғузҳо гардид.
Ҷангҳои пайдарпай бо мардуми муқимии ҳамсоя ман-баи доимии афзоиши сарвати ашрофи қавму қабилавии ғузҳо буд. Барои дафъи ҳуҷуми онҳо дар гирдогирди воҳаҳо истеҳкомоти зиёде месохтанд. Аз тарафи дигар, эҳтиёҷ ба ғалла, мубодилаи озуқаворӣ дар байни хоҷагиҳои муқимӣ ва кeчманчӣ ғузҳоро водор менамуд, ки бо аҳолии зироаткори воҳаҳо робита барқарор кунанд.
Дар аввал амалиёти Мунтасир хеле муваффақиятнок давом намуд. Вай қувваҳои аскарии Насри Илокхонро то-румор карда, 18 нафар сарлашкарони қарохониро асир гирифт. Лекин ба зудӣ дар байни Мунтасир ва саркар-даҳои e дар бобати тақсими ғаниматҳои ҳарбӣ муноқиша ва носозиҳо сар шуд. Мунтасир, ки дар миёни аҳолии Мо-вароуннаҳр такягоҳе надошт, аз тарси он ки рeзе саркар-даҳояш бо Қарохониҳо созиш намуда, ба e хиёнат наку-нанд, ба ҷустуҷeи иттифоқчиёни дигар қарор дод. E дар охирҳои тирамоҳи соли 1003 бо 700 нафар аскари савора ва пиёда аз дарёи Аму гузашта, хост мавқеи худро дар Абевард ва Нисо (дар қарибии Ашқободи ҳозира) мустаҳкам кунад, лекин дар ин ҷо ба дастаи ҳарбии Хоразмшоҳ дучор омада, шикасти сахт хeрд ва пас аз ин бо аскарони боқимондаи худ боз аз нав ба Мовароуннаҳр рe овард.
Дар муборизаи минбаъдаи зидди Қарохониҳо Мунта-сир қувваи ҳарбии дар Бухоро гузоштаи Насрро шикаст дод. Дар натиҷаи ин муваффақияти Мунтасир дар як қа-тор маҳалҳои Мовароуннаҳр ҳаракати аз нав барқарорку-нии ҳокимияти Сомониён сар шуд. Сардори дастаи ғозиҳои Самарқанд Ҳорис, ки бо лақаби Ибни Аламдор машҳур гардида буд, бо қувваи сеҳазорнафараи худ ба Мунтасир пайваст. Ғайр аз ин, шайхҳои шаҳр садҳо ғуло-монро мусаллаҳ намуданд. Ниҳоят, ғузҳо низ дубора ома-да ба Мунтасир ҳамроҳ шуданд. Ба ҳамин тариқ, Мунта-сир лашкари худро пурқувват кард ва дар ҷанги назди Бурнамад ғалабаи калоне ба даст оварда, қувваи асосии Насри Илокхонро торумор намуд.
Бо вуҷуди ин, муваффақияти ҳарбӣ Мунтасир мавқеи худро дар Мовароуннаҳр мустаҳкам карда натавонист, зе-ро Илокхон фавран қувваҳои тоза ҷамъ намуда, дар чeли байни Ҷиззах ва Хавос ба e ҳуҷум овард. Ғузҳо, ки дар ҷан-ги назди Бурнамад ғанимати зиёд ба даст дароварда бу-данд, дар ин муҳориба иштирок кардан нахоста, ба маҳалли бодиянишинии худ ақиб гаштанд. Илова бар ин, дар вақти нозукии кор яке аз сарлашкарони бузурги Мунтасир ба e хиёнат намуда, бо 4 ҳазор аскар ба тарафи Илокхон гузашт. Ин буд, ки Мунтасир фишори Қарохониҳоро бартараф карда натавониста, маҷбур шуд, ки ба тарафи Хуросон рe ба гурез ниҳад.
Лекин ҳатто пас аз ин ҳам Мунтасир аз фикри дубора таъсис намудани давлати сомонӣ даст накашид. Ў ба зудӣ аскар ҷамъ намуда, дафъаи чорум ба Мовароуннаҳр ҳара-кат кард. Вале ин дафъа ҳам дар натиҷаи хиёнати сарлашкаронаш мағлуб гардид ва ниҳоят дар сари соли 1005 ба дасти яке аз роҳбарони қабилаҳои бодиянишин кушта шуд.
Мунтасир ягона намояндаи сулолаи Сомониён буд, ки барои дубора барқарор намудани ҳокимияти ин хонадон дар Мовароуннаҳр беоромона мубориза бурдааст. Вале азбаски Сомониён аз заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ маҳрум гардида, аз тарафи гурeҳҳои асосии аҳолӣ пушти-бонӣ намедиданд, кeшиш ва фаъолияти шахсии Мунтасир ҳеҷ як натиҷае набахшид.
Пас аз марги Мунтасир мубориза барои тақсими меро-си давлати сомонӣ фақат дар байни Маҳмуди Ғазнавӣ ва Қарохониён давом мекунад.
Халқи тоҷик дар давраи салтанати Ғазнавиён
Давраи ҳамчун як маркази сиёсӣ сар бардоштани Ғаз-нин ҳанeз аз аввалҳои нимаи дувуми асри Х сар мешавад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ Сабуктегин ҳамчун асосгу-зори сулолаи Ғазнавиён дар асри Х эътироф гардидааст. Зеро Сабуктегин на фақат истиқлолияти Ғазнинро таъмин намуд, балки заминҳои ҳавзаи дарёи Кобулро ба он ҳамроҳ намуда, хоки давлати худро васеътар кард. Илова бар ин, ба ивази кeмаке, ки ба амири сомонӣ Нeҳи II расонида буд, ҳокимияти Хуросон низ ба ихтиёри e гу-зашт. Сабуктегин дар соли 997 вафот намуд.
Маҳмуди Ғазнавӣ, ки писари бузурги e буд, вориси қонунӣ ҳисоб мешуд. Лекин Сабуктегин дар вақти каса-лии худ писари хурдаш Исмоилро валиаҳд эълон намуд. Ба ин тариқ, пас аз вафоти e Исмоил ба тахт нишаст. Аммо ҳукмронии e зиёда аз 7 моҳ давом накард. Дар мамлакат саркашӣ ва исёнҳои феодалони маҳаллӣ бар зидди ҳокимияти марказӣ қувват гирифт. Маҳмуд аз вазъият истифода намуда, бо қувваи лашкар ба Ғазнин равон шуд ва Исмоилро шикаст дода, салтанатро ба дасти худ гирифт.
Вақте ки дар соли 999 давлати сомонӣ аз тарафи шимол ба ҳуҷуми Қарохониҳо дучор гардид, Маҳмуд ҳам аз тарафи ҷануб ба муқобили Сомониён бархоста, тамоми Хуросонро ба таҳти тасарруфи худ даровард.
Аз тарафи халифаи Бағдод шинохта шудани салтанати Маҳмуд ва ба e дода шудани лақабҳои ифтихорӣ асоси ҳукмронии Маҳмудро
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 51 >>
На главную
1 / 20

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©