Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Фарбеҳия гӯсфанд мебардорад на буз
Библиотека | Медицина / Тандурусти канзи шифо

Канзи шифо писта

Тэги:даво писта | канзи шифо скачать электронная книга канзи шифо канзи | мевахои шифобахши тоҷикистон | 2017
Добавил:Admin (22.05.2017 / 14:25)
Рейтинг:rating 284 article (0)
Прочтений:333
Комментарии:0
screenПиста — Ин дарахт дар кӯҳсор, саҳроҳои пуштазамин ва ғайра месабзад. Аз ин як сол самари писта ва як сол бузғунҷ ба ҳам мерасад. Мизоҷи мағзи писта дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо тар донистаанд — ин саҳеҳтар аст.

Хислатҳои шифобахши он: мағзи самарашро бихӯранд, зеҳнро тез мегардонад, ҳолати майнаро сара нигоҳ медорад; сурфа, дилтапак (дилбозӣ), қай, беҳузур (беҷо) шудани дил, дарди рӯдаҳо ва сардии ҷигарро дафъ мекунад; гиреҳҳои ҷигар, маҷроҳои ғизо ва заҳраро мекушояд, ҷигаррро аз моддаҳои бегона пок месозад ва дарди ин узвро, ки аз тарӣ бошад, ба ибро меоварад. Писта ҳамчун ғизо камқувват аст, вале агар инро бардавом бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад, меъда ва сари онро қувват мебахшад; хусусан бо пӯсти беруни он якҷо бихӯранд, лоғарии гурда ва зардпарвинро дафъ мекунад, иллатҳои сипурзро бартараф менамояд ва барои газидани ҷонварони заҳрнок тарёқ мебошад. Пистаро бо шакар бихӯранд, таъсири ҳавои вабоиро ислоҳ мекунад.

Мизоҷи пӯсти сабзи беруни он сард ва хушк аст. Агар онро бихоянд, милк ва дандонро мустаҳкам мегардонад, даҳанро хушбӯй мекунад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад.

Пӯсти сабзи беруни онро кӯфта бихӯранд, дил ва меъдаро бағоят қувват мебахшад, пашмакҳои меъдаро қавӣ мегардонад; қай, оруғ; исҳол ва ташнагиро дафъ мекунад; агар бо шароб бихӯранд, заҳри каждум ва дигар ҷонваронро дафъ месозад. Пӯчоқи сафеди сахти онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, мақъади (кӯтани) баромадаро ба ҷояш мебарад.



Пӯсти дарахт ва барги онро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, назлаҳоро банд менамояд, дарди мақъад ва бачадонро шифо мебахшад, қутур ва хоришро ба ибро меоварад, шапушро ҳам нест мегардонад. Агар бо ҳамин об бо мудовамат мӯйро бишӯянд, васвос, моддаи савдовӣ ва инчунин захмро аз бадан дафъ мекунад.

Мағзи пистаро бисёр бихӯранд, ба меъда зарар дорад. Равғанаш ё мағзашро бардавом бихӯранд, низ ба узвҳои поёни бадан зарар дорад — давои ин зарарҳояш зардолу хӯрдан аст.

Ба ҷойи писта мағзи бодоми ширин ва ним баробари вазни он мағзи чормағзро бихӯранд, раво мебошад. Агар пистаро бисёр бихӯранд, иллати шароро (аллергияро) пайдо мекунад. Дар ин ҳолат сирко, анори турш ва зардолуи хушк бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 39

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru