Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Рузӣ бину, аз рӯзгор омӯз.
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам
1 2 3 4 >>

ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Тэги:қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ | забони точики | забони модари коида | забон | точики | точикистон | коидахо барои муаллимони забони модари точики | коида
Добавил:Admin (12.05.2017 / 08:22)
Рейтинг:rating 282 article (0)
Прочтений:1203
Комментарии:0
ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
1. АЛИФБО
ТАРТИБ ВА НОМИ ҲАРФҲО
1) Алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф дорад:
Аа Бб Вв Гг Ғғ Дд Ее Ёё Жж Зз Ии ӣӣ
а бэ вэ гэ ғэ дэ йэ йо жэ зэ и (и-и дароз)

Йй Кк Ққ Лл Мм Нн Оо Пп Рр Сс Тт Уу
йот ка қэ эл эм эн о пэ эр эс тэ у
Ўў Фф Хх Ҳҳ Чч Ҷҷ Шш Ъъ Ээ Юю Яя
(у-и дароз) эф ха ҳэ чэ ҷэ ша сакта э йу йа

2. ИМЛОИ САДОНОКҲО
2) Ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно; умед, усто, бузург, суруд, бозу, гесу, неру, абру ва ғ.
Эзоҳ. Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ у навишта мешавад: бону, зону, неку, паҳлу, олу, орзу, дору, оҳу, аду ва ғ.
3) Ҳарфи и дар оғоз ва байни калима навишта мешавад: истгоҳ, иншо, дил, нигоҳ ва ғ.
4) Ҳарфи и дар анҷоми калима дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
а) ҳамчун изофат: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кўҳи баланд ва ғ.;
б) дар пешояндҳои барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғ.;
в) дар пайвандакҳои ки, чи, чунки, агарчи, ё ин ки, ба сабаби он ки ва ғ.;
г) дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Леонардо да Винчи, Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Миссисипи ва ғ.;
ғ) дар исмҳои ҷинси иқтибосии такси, туфли ва ғ.
5) Ҳарфи ў (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рўз, гўш, зўр, дўст, бў (й), рў (й), мў (й) ва ғ.
Ҳарфи ў маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.
Эзоҳ. Ҳарфи ў дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ўгай, ўрда, ўғур, ўмоч ва ғ.
6) Ҳарфи ӣ дар анҷоми калима навишта мешавад:
а) дар калимаҳои решагии навъи моҳӣ, ҳавлӣ, шолӣ, биҳӣ, холӣ ва ғ.;
б) ҳамчун пасванди калимасоз: дўстӣ, бародарӣ, далерӣ ва ғ.;
в) дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: омадӣ, гуфтӣ, ҳунармандӣ, ту ҳунарманд ҳастӣ ва ғ.;
г) дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад?, чӣ шуд? ва ғ.
7) Ҳарфи э тибқи қоидаи маъмул дар оғози як теъдод калимаҳои иқтибосӣ навишта мешавад: эҷод, эзоҳ, эҳсон, эҳтиром, эҳтимол, элак, эрка, эстрада, экватор, экспертиза, экскватор ва ғ.
а) дар оғози чанд калимаи тоҷикӣ дар асоси имлои таърихӣ ҳарфи э навишта мешавад: Эрон, Эраҷ, эдун, эзид, эдар, эшон ва ғ.;
б) агар калима бо ҳарфи э оғоз шавад, ин навишт ҳангоми калимасозӣ низ риоя мешавад: тозаэҷод, соҳибэҳсон, боэҳтиром ва ғ.;
в) дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, себ, шанбе, се ва ғ.
3. ИМЛОИ ҲАМСАДОҲО
8) Ҳарфи ж дар се мавқеъ навишта мешавад: жола, жарф, жўлида, лағжидан, нажод, пажўҳиш, аждаҳо, жож ва ғ.
9) Ҳарфи й (йот) дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
а) дар оғози калимаҳои иқтибосӣ: йод, йог(а), йот, йўрға ва ғ.;
б) дар байн ва анҷоми калима: кайҳон, майдон, айвон, май, най, ҷой, пой ва ғ.;
в) ҳарфи й пеш аз садонокҳои а, о, у, э(е) дар якҷоягӣ бо ин садонокҳо бо як ҳарф навишта мешавад: й+а=я, й+о=ё, й+у=ю, й+э=е: поя, соя, ёр, ёд, дарё, бурё, юнонӣ, юғ, ем, елим ва ғ.
Эзоҳ. Калимаҳое, ки таърихан дар таркиби худ ҳамсадои й доранд, аз ин қоида истисно мебошанд: чой (чойи сиёҳ), ҷой (ҷойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); дар калима ва таркибҳои навъи найистон, оройиш, осойиш, чораҷўйӣ, рўйи хотир, ба рўйи, ба сўйи, ба ҷойи ва ғ.
10) Ҳамсадои н пеш аз б ба сурати м талаффуз шуда, аммо тибқи меъёр н навишта мешавад: анбор, анбўр, занбар, занбўр, пунба, сунбул, танбал, танбўр, шанбе ва ғ.
11) Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфи с (пеш аз садонок ва дар дохили калима пас аз ҳамсадо) ва ҳарфҳои тс (дар байни ду садонок) навишта мешавад: семент, сирк, консерт, конститутсия, дотсент, милитсия ва ғ.
12) Ҳарфи ъ дар байн ва анҷоми иқтибосҳои арабӣ ба ҷойи айн ва ҳамза навишта мешавад: аъло, баъзе, ҷамъ, мавзўъ, навъ, матбўъ, масъул, масъала, таърих ва ғ.
Эзоҳ. Агар ба калимаҳои иқтибосии бо ъ анҷомёфта изофат ва ё пайвандаки у илова гардад, ҳарфи ъ навишта мешавад: ҷамъи мардум, рафъи мушкилот, навъи ангур, табъу нашр, шамъу парвона ва ғ.
Ҳарфи ъ дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол ва таъин навишта намешавад: маориф, таом, мавзўи баҳс, тулўи офтоб, шурўи кор, маҷмўи ашъор ва ғ.
13) Имлои ҳамсадоҳои ташдиддор:
а) дар калимаҳои тоҷикӣ дар асоси усули таърихӣ сурат мегирад: арра, барра, парра, пашша, бурро ва ғ.;
б) ҳамсадоҳои ташдиддор дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, тибқи қоида дар қолабҳои фаъъол (наҷҷор, раззоқ, ҳаммол); тафаъъул (ташаккур, таҳаввул, таназзул); муфаъъал (мураккаб, муаззам, мунаққаш); муфаъъил (мусаввир, мударрис, мумаййиз); мутафаъъил (мутавассит, мутакаббир, мутаҳаййир); мутафаъъал (мутақаддам, мутааххар); ва калимаҳои навъи иттиҳод, иттилоъ, иттисол, муттаҳид, муттафиқ, мубарро, муҷалло, мусаммо, мутасаддӣ, мутасаллӣ, мутаваллӣ, табарро, тавалло, тасалло ва ғ. навишта мешаванд;
в) ҳамсадоҳои анҷоми калимаҳои иқтибосии арабии навъи дур, кул, зид, қад, сир, хат, фан, ҳад ва ғ., ки таърихан ташдид доранд, дар калимасозию калимабандӣ ташдиди онҳо дубора барқарор мегардад: дурри ноёб, кулли мардум, зидди душман, қадди расо, сирри ҳарбӣ, фанни забон, ҳадди ақал, истилоҳи фаннӣ, кори хаттӣ, хатту савод, ҷидду ҷаҳд ва ғ.;
г) ташдиди йот якҷо бо ҳарфҳои йотдор дар шакли зер навишта мешавад: айём, тайёр, муҳайё, тахайюл, муайян, музайян ва ғ.
4. АЗ САТР БА САТР ГУЗАРОНИДАНИ ҲИҶОИ КАЛИМА
14) Аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима дар асоси қоидаҳои зер сурат мегирад:
а) риояи якнавохтии ҳиҷо: бод-бон, ба-ро-дар, боғ-бон, хо-на, дўс-тӣ, та-аҷ-ҷуб, та-бас-сум, маъ-руф, аъ-ло, эъ-лон, панд-но-ма ва ғ.;
б) агар ҳиҷо аз як садонок иборат бошад, ба сатри дигар гузаронида намешавад: на ба шакли а-ро-ба, о-во-за, о-ро-мӣ, балки аро-ба, ово-за, оро-мӣ ва ғ.
5. ИМЛОИ ИСМ
15) Исмҳои навъи зерин ду тарзи навишт доранд:
а) як гурўҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳамсадои ҳ доранд: роҳ-раҳ, чоҳ-чаҳ, моҳ-маҳ, коҳ-каҳ, рўбоҳ-рўбаҳ ва ғ.;
б) як гурўҳ исмҳое, ки дар анҷом ҳарфи й доранд: рўй-рў, мўй-мў, кўй-кў, ҷўй-ҷў, пой-по, сарой-саро, шўй-шў ва ғ.
16) Якҷо навишта мешаванд:
а) бо артикли арабии ал-: алқисса, алвидоъ, алҳазар, алҳақ, алғараз ва ғ.;
б) ҳамаи қолабҳои исмҳои мураккаб: гулдаста, садбарг, гарданбанд, падарарўс, сарфармондеҳ, хештаншинос ва ғ.;
в) агар ба воситаи пасванди -ӣ (-гӣ,-вӣ) аз шумораи миқдорӣ исм сохта шавад, танҳо калимаи охири шумора бо унсури -солагӣ якҷо навишта мешавад: бисту панҷсолагӣ, ду ҳазору панҷсадсолагӣ, ду ҳазору панҷсаду панҷсолагӣ ва ғ.;
г) исмҳое, ки дар қолаби исм+асоси замони ҳозираи феъл ва пасвандҳои -ӣ, -ак сохта шудаанд: дастгирӣ, роҳсозӣ, навсозӣ, оташгирак, обкашак, тортанак ва ғ.;
ғ) исмҳои мураккабе, ки аз шумораву исм бо пасванди -а (-я) сохта шудаанд: себарга, чоркунҷа, чоргўша, дуоба, сепоя ва ғ.;
д) исмҳои мураккабе, ки ба воситаи миёнвандҳои -у- ва -о- аз асосҳои феъл сохта шудаанд: гуфтушунид, гуфтугў, рафтуомад, обутоб, гирогир, даводав, хезохез ва ғ.
17) Бо нимтире (дефис) навишта мешаванд:
а) исмҳое, ки ҷузъи
Скачать txt | fb2
1 2 3 4 >>
На главную
Загрузка...
0 / 52

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru