Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Қадри обро касе медонад, ки чоҳ кандааст.
Библиотека | Китобхо Дастурамалхо, дастури методхо
1 2 3 ... 76 >>

Географияии табии Точикистон

Тэги:географияии табии точикистон | китоб оиди точикистон | точикистон | китоби география | географияи табии | маълумот дар бораи точиикистон | реферат кори курси дар бораи иклим обу хавои точикистон | реферат | кори курси | кори дипломи | точики | табиати точикистон
Добавил:Admin (12.05.2017 / 08:18)
Рейтинг:rating 281 article (0)
Прочтений:4630
Комментарии:0
Мундариҷа
Сарсухан
Қисми 1. Маълумоти умумии унсурҳои табиати Тоҷикистон
Боби 1. Тавсифи умумии Тоҷикистон
Пр.1. Мавқеи табии-географӣ ва сарҳадҳо
Пр.2. Аз таърихи омўзиши географии марзи Тоҷикистон
Боби 11. Релеф ва сохти геологии Тоҷикистон
Пр.3. Релеф ва ноҳиябандии геологӣ
Пр. 4. Таърихи инкишофи геологӣ ва палеогеография
Пр. 5. Пайдоиш ва ҷойгршавии конҳои канданиҳои фоиданок.
Пр.6.Канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон
§7 Обҳои маъданӣ, термалӣ ва хунук
Бобои III. Иқлими Тоҷикистон
§8 Омилҳои асосии иқлимҳосилкунандаи Тоҷикистон
§9 Тавсифи унсурҳои алоҳидаи иқлим
пр. 10. Ноҳиябандии иқлимӣ
пр.11. Ноҳиябандии агроиқлими
Боби 1У. Обҳои дохилии Тоҷикистон
§ 12.Тавсифи умумии гидрографияи Тоҷикистон
пр. 13 Дарёҳо. Режими дарёҳо ва ноҳиябандии гидрологӣ
пр. 14. Кўлҳо
пр. 15. Пиряхҳо
пр.16. Обҳои зеризаминӣ
пр.17. Истифодабарии захираҳои обӣ ва дурнамои истифодабарии он
Боби У. Хок ва олами набототу ҳайвонот
пр.18.Тавсифи умумии хокхои Точикистон.
Пр.19. Хокхои зонаи биёбони.
Пр. 20. Хокхои зонаи нимбиёбони.
Пр. 21. Хокхои кухи.
Пр.22. Хокхои баландкухи.
Пр. 23. Ба вилоятхо ва нохияхои табии-хочаги таксим кардани хокхои Точикистон.
Пр 24. Тавсифи умумии растанихои Точикистон
Пр. Нохиябандии геоботаники.
Пр 25. Тавсифи умумии олами хайвонот.
Пр. 26. Нохиябандии зоогеографи.
Пр 27. Мамнунгоххо ва парваришгоххои Точикистон. Ёдгорихои табии.
Пр.28. Ахамияти мавзеъхои хифзшаванда дар нигохдошти генофондхои табии.
Пр. 29. Захирахои рекреатсиони, истифодаи пурсамар ва окилонаи онхо.
Кисми 11. Тавсифи умумии комплексхои табии-териториявии Точикистон (ландшафтхо).
Боби У1. Маълумоти умуми оиди нохиябандии табии, минтакахои амудии табии. Давом дода шавад…………..

Пешгуфтор
Географияи табиии Тоҷикистон дар системаи фанҳои географӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад. Чунки вай оиди табиат ва захираҳои табиии ватанамон маълумоти пурра медиҳад. Махсусан баъди он, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид омӯзиши ин фан аҳамияти хоса пайдо кард. Чунки География фанни фундаменталb буда, таъсири байниҳамдигарии табиату ҷамъиятро меомӯзад. Дар ҳамин асос вай вазифаи имрӯзаи иҷтимоии худро оиди баланд бардоштани дониш нисбати табиати атроф ва захираҳои он, ки барои инкишофи босуботи иқтисодиёт мусоидат мекунад, аҳолӣ ва дуруст ҷо ба ҷо гузории истеҳсолот, муҳофизати табиат ва сарфакорона истифода бурдани боигариҳои онро бояд дар амал татбиқ кунад.
Таҳкурсиро оиди омӯзиши ин фан донишҳои аз фанҳои Заминшиносӣ, Геология, Минерология, Хариташиносӣ, Географияи материкҳо ва уқёнусҳо гирифтаи донишҷӯён ташкил медиҳад.
Географияи табиии Тоҷикистон шароитҳои табиии ватанамонро ҳам аз рӯи унсурҳои алоҳидаи табиӣ (релеф, иқлим, обҳои дохилӣ, хок, олами набототу ҳайвонот), ҳам аз рӯи комплексҳои табиӣ – териториявӣ ё ландшафтӣ (биёбон, нимбиёбон, дашт, бешадашт, ва ғ) меомӯзад. Омӯзиши хусусиятҳои унсурҳои табиӣ ва комплексҳои табиӣ – территориявӣ дар инкишофи истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва ҳатто соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ аҳамияти калон дорад.
Табиати Тоҷикистон гуногунранг буда, ландшафтҳои зиёд ва зебо дорад. Қаторкӯҳҳои баланд қариб тамоми марзи ҷумҳуриро ишғол кардаанд. Қуллаҳои пасиосмонии бо барфу пирях пӯшида бо водиҳои сабзу хуррам ҳамшафатанд. Табиати зебову афсункори Тоҷикистон захираҳои беинтиҳои гидроэнергетикӣ, қишри аз захираҳои полиметаллӣ, ангишт, намак бой дорад. Заминҳои ҳосилхезаш бо пахтазорҳо, боғу токзорҳо пӯшида шудааст.
Дар ин китоб на танҳо ба омӯзиши табиат, балки комплексона истифода бурдани захираҳои он, ноҳиябандии табиӣ ва ноҳиябандии табиӣ хоҷагӣ аҳамият дода шудааст.
Дар қисми аввал ба унсурҳои табиӣ маълумотҳои алоҳида оварда шудааст.
Чунончӣ, дар боби якум оиди мавқеи географии Тоҷикистон, таъсири мавқеи географӣ ба шароитҳои табиӣ, оиди аҳолӣ ва ҷогиршавии аҳолӣ ва инчунин оиди таърихи омӯзиши географии марзи имрӯзаи Тоҷикистон маълумот дода шудааст. Махсусияти мавқеи табиӣ- географии Тоҷикистон дар он аст, ки ба марзи вай аз ғарб биёбон ва нимбиёбонҳои ҳамвории бузурги Тӯрон ва аз шарқ системаҳои баландкӯҳии Осиёи Миёна нуфуз кардааст.
Дар боби дувум оиди релеф ва сохти геологӣ, инкишофи геологӣ ва палеогеография, тектоника ва неотектоника, минтақаҳои сейсмикӣ, канданиҳои фоиданок ҳаддалимкон маълумотҳои муфассал дода шудааст. Дар мавзӯи канданиҳои фоиданок ва обҳои маъданӣ бошад ба масъалаҳои дурнамои истифодабарии онҳо низ маълумот дода шудааст.
Дар боби саввум оиди иқлим ва омилҳои иқлимҳосилкунанда, тавсифи унсурҳои алоҳидаи иқлим (ҳарорат, фишор, боришот, бод ва ғ), ноҳиябандии иқлимӣ ва агроиқлимӣ ва инчунин оиди таъсири иқлим ба геогарфияи хоҷагии қишлоқ ва таъсири инсон ба иқлим равшанӣ андохта шудаааст. Тоҷикистон аз захираҳои агроиқлимӣ бениҳоят бой аст. Ҳамвориҳои Тоҷикистон миқдори зиёди энергияи офтобро мегирад, ки дар сурати обёрии сунъӣ 2 -3 маротиба ҳосил гирифтан ва меваҳои пурқиммати субтропикӣ парвариш кардан имконпазир мегардад.
Дар боби чорум, ки ба обҳои дохилии Тоҷикистон бахшида шудааст, тавсифи умумии гидрографии Тоҷикистон дода шудааст. Аз он ҷумла ба дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо ва обҳои зеризаминӣ маълумотҳои муфассал оварда шудааст. Инчунин ноҳиябандии гидрологӣ гузаронида шуда, ба масъалаи дурнамои истифодабарии захираҳои обӣ низ диққат дода шудааст.
Дар боби панҷум тавсифи ҳамаи намудҳои хокҳои Тоҷикистон ва геогарфияи он, масъалаҳои муҳофизати хок оварда шудааст.
Боби шашум растаниҳои Тоҷикистонро дарбар гирифта, ба намудҳои гуногуни флораи Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин боб ба растаниҳои фоиданок аз қабили растаниҳои шифобахш, хӯрока ва витаминдор, рангдиҳанда, равғандиҳанда, ороишӣ ва ғ. маълумот дода шудааст.
Боби ҳафтум ба олами ҳайвоноти Тоҷикистон, ноҳиябандии зоогеографӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, мамнӯнгоҳҳо ва аҳамияти мавзеъҳои ҳифзшаванда дар нигаҳдошти генефондҳои табиӣ бахшида шудааст.
Қисмати дувум махсус барои комплексҳои табиӣ –территориявӣ ва ноҳиябандии табиӣ бахшида шудааст, ки дар асоси таҳлили хусусиятҳои унсурҳои алоҳидаи табиӣ, ки дар бобҳои гузашта дода шудааст, гузаронида мешавад.
Дар охири китоб ба ёрии донишҷӯён баъзе луғатҳои табиӣ-географӣ маънидод карда шудааст, ки дар раванди таълимӣ истифода мебаранд.




Қисми I Маълумоти умумии унсурҳои табиати Тоҷикистон
Боби 1 Тавсифи умумии Тоҷикистон
§ 1 Мавқеи табиӣ- географӣ ва сарҳадҳо
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявӣ буда, пас аз пошхӯрии Ҳокимияти Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард.
Тоҷикистон дар материки Евроосиё, қитъаи Осиё, минтақаи Осиёи Миёна, қисми ҷанубии ИДМ, дар 360 401 ва 410 051 а.ш. ва 670 311 ва 750 141 т.ш. воқеъ аст. Нуқтаи канории шимолии Тоҷикистон дар қаторкӯҳи Қурама (шимолтар аз шаҳраки Навгарзан), нуқтаи канории ҷанубӣ дар водии дарёи Панҷ, нуқтаи канории ғарбӣ дар қаторкӯҳи Зарафшон (ғарбтар аз деҳаи Фароб) ва нуқтаи канории шарқиаш дар қаторкӯҳи мередионалии Сарикӯл воқеъ аст. Масоҳати ҷумҳури 143,1 ҳ.км буда, аз ҷиҳати масоҳат хурдтарин ҷумҳурии Осиёи Миёна ба шумор меравад.
Тоҷикистон дур аз
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 76 >>
На главную
Загрузка...
0 / 31

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru