Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Кӯр аз Худо чӣ мехоҳад? Ду чашми бино.
Библиотека | Китобхои Мактаби / Книги школникам
1 2 3 ... 11 >>

САВОЛНОМАҲОИ ТЕСТИ A3 ФАННИ ГЕОГРАФИЯ 2017

Тэги:саволу чавоб ьо калид | тести мактаб географияи синфи 9 2017 | тести чамъбасти аз фанни географияи синфи 9 2017 | тести география синфи 9 2017 | стратеги 2017 | тестхо аз фанни забони англиси | тестхо аз фанни забони точики | тестхо барои дохилшави | тестхо аз фанни таърих ва хукук | тестхо аз фанни информатика | саволу чавоб аз фанни забони англиси | саволу чавоб аз фанни забони точики | саволхои тести аз фанни информатика | тестхои 2017 | тестхо барои дохилшави ба лонишгох | саволу чавоб | тест бо калид | тестхои нихои | тестхои одди аз фанни | тестхо бо забони точики | тестхои ммт | тести идм | тест барои таёри | тестхои точикистон
Добавил:Admin (05.05.2017 / 14:30)
Рейтинг:rating 280 article (1)
Прочтений:5695
Комментарии:Комментарии закрыты
Тавзеҳот
оид ба тариқи тест гузаронидани аттестатсияи хатм
Ба тариқи тест гузаронидани аттестатсияи хатм ва аз синф ба синф гузаронидан дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо мақсади ҷустуҷӯйи роҳҳои беҳтар кардани усулҳои таълим, муайян намудани дараҷаи дониш ва пешрафти хонандагон, баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон ва ошкор намудани камбудию норасоиқо дар ҷараёни таълим бо назардошти ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ҷорй карда шуда, ба ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагон ва омодагии онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти касбй мусоидат менамояд.
Ба тариқи тест гузаронидани аттестатсияи хатм ва аз синф ба синф гузаронидан яке аз шаклҳои озмудашудаи атгестатсия ба ҳисоб рафта, дар низоми таҳсилоти ҷаҳонй роиҷ мебошад, ки он бартарӣ ва афзалияти худро аз дигар шаклҳои аттестатсия ба хубӣ собит намудааст.
Хатмкунандагони синфҳои 9,11 ва хонандагони синфи 10 аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро аз баъзе фанҳои таълимӣ ба шакли тестй месупоранд.
Дар доираи барномаи таълимй аз ҳар фанне, ки ба аттестатсия дохил карда шудааст (барои фанҳое, ки ба шакли тестй аттестатсия муайян шудааст) саволномаҳои тестӣ дар панҷ вариант, ки ҳар вариант иборат аз 25 савол мебошад, таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Саволу масъалаҳои тест аз навъқои зерин иборат аст: тести пӯшида.
Саволҳо бо интихоби як ҷавоби дуруст: Дар ин навъ барои ҳар саволу масъала панҷ варианти ҷавоб дода мешавад, ки танҳо яктоаш дуруст аст.
3

Саволҳо барои муайян кардани мувофиқат: Дар чунин навъи саволу масъала ба калима ва ҷумлаҳо ва ё формулаю реаксияҳои химиявӣ, ки дар сутуни якум дода шудааст, аз сутуни дуюм ҷавоби мувофиқ ва дуруст интихоб карда мешавад.
Саволҳои кушода: Ҷавоби ҳар як саволу масъалаи ин навъи тест дар варақаи ҷавобҳо навишта мешавад.
Барои фанҳои физика, алгебра ва химия 16 саволномаҳои тестӣ бо интиҳоби як саволи дуруст, 5 саволи кушода, 4 тестӣ мувофиқаоварй ва барои фанҳои таърихи халқи тоҷик, ҳуқуқи инсон ва география 20 саволномаҳои тестй бо интихоби як саволи дуруст, 5 тести мувофиқаоварй муқаррар карда мешавад.
Бо мақсади омодагии хонандагон ба аттестатсия, аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои таълимӣ аз ҳар фанне, ки ба тариқи тестй аттестатсия гузаронида мешавад, маводи тестй ба микдори на камтар аз 300 саволу масъалаҳо таҳия гардида, дар шакли китобча на дертар аз якуми апрел ба раёсат ва шуъбаҳои маориф расонида мешавад. Раёсат ва шуъбаҳои маориф дар навбати худ саволномаҳоро ба муассисаҳои таълимй бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба аттестатсия дастраси хонандагон менамояд.
Саволномаҳои тестӣ ҷиҳати гузаронидани аттестатсия, тибқи муқаррароти сархати 4-уми тавзеҳоти мазкур омода намуда, дар лифофаи махсус, ки дар он муҳри Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, то 7-уми май ба раёсат ва шуъбаҳои маориф дастрас карда мешавад. Саволҳои тест аз тарафи комиссияҳои аттестатсионй пеш аз аттестатсия ба хонандагон тақсим карда мешавад.
4

Барои ҷавоб ба як савол аз фанҳои гуманитарӣ аз 1,5 то 2 дақиқа ва барои фанҳои табиӣ - риёзй аз 3 то 5 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад. Аттестатсия ба тариқи тестй тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Шӯрои педагогии муассисаи таълимй, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад гузаронида мешавад.
Ба ҳар як саволи тест вобаста ба навъи он хол муайян карда мешавад. Барои ҷавоби дурусти саволномаҳои тестй бо интихоби як ҷавоби дуруст 3 хол, ба ҳар як саволи тести мувофиқаоварй 2 хол, барои ҷавоби нодуруст 0 хол гузошта мешавад.
Саволҳои тестй аз рӯи ҷадвали 100 хола баҳогузорй шуда, ба низоми баҳогузории 5- бала дар шакли зерин ҷамъбаст карда мешавад:
- барои аз 0 то 20 хол баҳои «1»
- барои аз 21 то 40 хол баҳои «2»
- барои аз 41 то 60 хол баҳои «3»
- барои аз 61 то 80 хол баҳои «4»
- барои аз 81 то 100 хол баҳои «5»
Ба ҳар саволи саволномаҳои тестй бо интихоби як ҷавоби дуруст 4 ҷавоб дар шакли A; В;С; D; гузошта мешавад.
Мисол : Кадоме аз ин ҷазираҳо ба материки Африқо мансуб аст?
А) Шри-Ланка В) Мадагаскар
С) Исландия D) Куба
Хонанда ҷавоби дурусти саволро интихоб намуда атрофи ҳарферо, ки дар он ҷавоби дуруст дода шудааст, доира мекашад. Барои ҷавоби дуруст 3 хол гузошта мешавад.
Аз чор ҷавоби додашуда бояд танҳо як ҷавоби интихобкардашуда бо доирача ишора шавад. Дар ҳолати дар атрофи 2 савол доира кашидан ҷавоби савол ҳисоб карда намешавад.
5

Дар тести кушода бояд хонанда мисол ё масъаларо дар
варақаи тест ҳал кунад. Дар сурати ҷавоби дурустро пайдо
кардан 4 хол гузошта мешавад.
Дар тести мувофиқат, ки ҳар тест аз 4 савол ва 5 ҷавоб иборат
аст, барои ҳар савол 2 хол гузошта мешавад, ки хонанда дар
сурати пурра ба саволҳо ҷавоби мувофиқ гардонидан соҳиби
8 хол мегардад.
Мисол: Ҳайати миллии аҳолиро бо ноҳияҳои маъмурй ва
шаҳрҳое, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, мувофиқат намоед?
A. тоҷикон
B. ӯзбекҳо
C. қирғизҳо
D. русҳо
1. Турсунзода, Спитамен, Ҷ.Расулов,
2. Мурғоб, Лахш
3. Норак, Конибодом, Бӯстон 4 .Бадахшон
5. Дар ҳамаи ноҳияҳо
1 2 3 4 5
A
В
С
D
Дар сурати аз тарафи хонанда ба варақаи тест даровардани ислоқ ва ё сиёҳ кардани ҷавоби савол ҳисоб карда намешавад.
Баъди анҷоми вақти барои санҷиш ҷудошуда аъзои комиссия варақаи тестро ҷамъ намуда, дурустии онро тибқи калиди додашуда, муайян менамояд.
Натиҷаи санҷиш як рӯз пас аз атгестатсия ба маълумоти хонандагон расонида шуда, ба протоколи комиссияи санҷишӣ ба расмият дароварда мешавад.
Варақаи тест такроран ба хонанда дода намешавад. Хонандагон ва падару модарони онҳо (ё шахсони онҳоро ивазкунанда) ҳуқуқ доранд, ки аз натиҷаи тестҳо шинос шаванд.
6

Баҳсҳои ба миён омада аз тарафи комиссияи
аппелятсионй, ки бо фармоиши директори муассисаи
таълимй таъсис дода шудааст, ҳаллу фасл мегардад. Агар
хонанда бо қарори комиссияи аппелятсионй розй набошад, ба
комиссияи мақомоти болой, ки бо фармоиши мудири шуъбаи
маориф таъсис дода мешавад, муроҷиат менамояд.
1. Арасту аввалин маротиба ҳангоми мушоҳидаи кадом
ҳодиса курашаклии Заминро исбот намуд?
А) раъду барқ В) оташфишонии вулқон
С) хусуфи Моҳ D) ҳаракати Замин
2. Назарияи барзиёднуфузии аҳолй аз ҷониби кадом олим
пешниҳод гардидааст?
А) Р.Малтус В) Ю.Шмидт
С) А. Вегенер D) А.В.Гурский
З.Чанд фоизи аҳолии Африқо бо таври доимй бо оби
нӯшокй таъмин аст?
А) 10 фойз В) 20 фоиз С) 95 фоиз D) 90 фоиз
4. Боғи ботаникие, ки соли 1931 дар наздикии шаҳри Хоруғ
ташкил карда шуд, ба номи кӣ гузошта шудааст?
A) Н.М.Пржевалский С) П.П.Семёнов
B) АН.Федченко D) А.В.Гурский
5. Бо кадом сабаб дар 20 ҳазор кӯли давлатҳои Скандинавия
мох^ҳои навъи беҳтарин нобуд гаштанд?
A) боридани борони кислотагӣ
B) омадани селҳои пай дар пай
C) гармшавии иқлим дар солҳои охир
D) ифлосшавии оби кӯлҳо аз партовҳо
6. Қутри глобусе, ки Абӯрайҳони Берунй сохтааст, ба чанд
метр мерасид?
А) 10 метр В) 8 метр С) 7 метр D) 5 метр
7. Агар рутубати ҳаво 50% бошад, 1м3 ҳаво дар ҳарорати +20°
С чанд
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 11 >>
На главную
Загрузка...
0 / 16

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru