Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Маълумот оли – калла холӣ
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 38 >>

Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 4

Тэги:точикон | китоби | бобочон | ғафуров | таърих | точикистон
Добавил:Admin (03.04.2015 / 16:21)
Рейтинг:rating 28 article (0)
Прочтений:3852
Комментарии:3
Боби якум
ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ҲАЙЪАТИ ХИЛОФАТИ АРАБ
1. АЗ ПО АФТИДАНИ ДАВЛАТИ СОСОНИЁН
Арабистон дар арафаи ислом
Дар асарҳои таърихшиносӣ аксар вақт ақибмондагии арабҳо дар арафаи пайдоиши ислом таъкид мешавад. Ин ақида яктарафа ва нодуруст аст. Соли 1853 Ф.Энгелс навишта буд: «Дар ҷое, ки арабҳо зиндагии муқимӣ ба сар мебурданд, яъне дар қисмати ҷануби ғарбӣ,– зоҳиран, онҳо мисли мисриён, ошуриён ва ғайраҳо мардуми мута-маддин буданд, ки иншооти меъмории онҳо аз ин шаҳо-дат медиҳад» . Материалҳои эпиграфӣ ва археологии аз он вақт ин ҷониб дарёфтшуда ҳаққонияти гуфтаҳои Ф.Энгелсро комилан тасдиқ менамоянд: тоифаҳои ҷануби араб воқеан ҳам дар замонҳои қадим давлатҳои муқтадир, маданияти баланд ва ба худ хосе ба вуҷуд оварда будаанд.
Дараҷаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии қисматҳои гуногуни Ара-бистон ба таври куллӣ фарқ мекард. Агар дар сарзамини Яман ва баъзе дигар вилоятҳои ин кишвар дар нимаи дувуми асри VI ва ибтидои асри VII зироаткорӣ ва зиндагии шаҳрӣ равнақ ёфта бошад, дашту саҳроҳои паҳновари он макони сукунати кeчманчиёни бадавӣ ба шумор мерафт, ки уштур сарвати асосии онҳоро ташкил мекард. Ҳарчанд ташкилоти тоифавии авлодӣ дар байни арабҳо хеле қавӣ буд, муносибатҳои феодалӣ ба зуҳур омада, дар ҷараёни тараққиёти таърих аз қабилаҳои пароканда ва иттифоқи қабилаҳо давлати ягона таъсис ёфт. Дар оғози асри VII системаи нави динӣ бо номи ислом пайдо гардид.
Барои таҳлили сабаб ва шароити таърихии пайдоиши дини ислом ва бо як суръати фавқулодда аз тарафи арабҳо тасарруф шудани кишварҳои зиёде, пеш аз ҳама, таркиби синфии ҷамъияти он замон ва пешравиҳои дар ҳаёти ҳамон ҷамъият ба амал омадаро аз назар гузаронидан зарур аст. Ҳамон амри воқеӣ, ки дини ислом дар давраи таъсиси ҷамъияти синфии арабҳо ба вуҷуд омадааст, ҳеҷ як ҷои шубҳа надорад. Масъалаи муайян кардани хусусияти ҷамъияти нави синфӣ ва тарзи истеҳсолоте, ки дар арабҳо ва кишварҳои забткардаи онҳо мавқеи бартариро ишғол мекард, ҳамчунин омeхтани протсесси синтези мураккаби иҷтимоие, ки дар он давра ба амал меомад, басо мушкилтар аст. Ҳалли ин масъалаҳо, хусусан, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки онҳо на фақат яке аз муҳимтарин давраҳои таърихи халқҳои шарқро равшан менамоянд, балки дар навбати аввал ба талаботи ғоявии кадомин синфҳо мувофиқ будани дини исломро низ аён месозанд. Ҳалли масъалаи охирӣ барои таҳлили марксистии ҷиҳати мафкуравии марҳилаҳои аввали ислом бояд замина фароҳам оварад.
Хеле кам будани манбаъҳое, ки доир ба сохти иҷти-моии Арабистони шимолии пеш аз ислом (дини ислом дар ҳамин ҷо ба вуҷуд омадааст) маълумот медиҳанд, хусусан таърихнигории асримиёнагӣ, ки диққати худро фақат ба баёни воқеаҳои сулолавӣ ва «муқаддас» равона сохта, ҳамеша ҳодисаҳои воқеиро бо афсона ва мавзeъҳои мухталифи фолклорӣ омехта нақл менамояд, аз ҳамон са-бабҳое мебошанд, ки ҳалли масъалаҳои дар боло номбар-шударо ниҳоятдараҷа мураккаб гардонидаанд. Исломши-носии буржуазӣ далелу мадракаҳои зиёде доир ба он дав-ра ҷамъ намуда, роҷеъ ба сабабҳои пайдоиши ислом би-сёр фарзияҳои идеалистӣ ба миён овард, аммо аз ҷиҳати методологӣ дар таҳлили решаҳои иҷтимоии ислом та-моман оҷизу нотавон монд.
Дар илми таърихшиносии советӣ доир ба тавсифи ин ҷамъияти синфӣ ду нуқтаи назар мавҷуд аст. Бар тибқи нуқтаи назари аввал, дар ҷануби Арабистон ҷамъияти ғуломдорӣ ба ҳар ҳолат дар асри VI вуҷуд дошта, дар охи-ри асри VI ва аввали асри VII дар Арабистони шимолӣ, дар Ҳиҷоз, Макка ва Мадина, ки дар роҳи асосии корвон-гард воқеъ гардида буданд, ташаккули тартиботи ғуломдорӣ ба вуқeъ меояд. Дар Арабистони дарунӣ, ки бадавиҳо, кeчманчиёни чорводор сукунат доштанд, низ вайроншавии сохти ҷамоати падаршоҳӣ шурeъ мегардад, вале он хеле суст ба амал меояд. Ба ҳар ҳол дар байни ба-давиҳо ҳам, аз як тараф, сарватмандон – соҳибони ра-маҳои калон ва баъзан замин, миқдори зиёди асирони ғулом, аксар вақт бо роҳи корвонӣ тиҷораткунанда ва, аз тарафи дигар, камбағалон пайдо мешаванд, ки дар ҳаққи онҳо шоири тоисломии араб аш-Шанфара гуфта буд: «(Марди бенаво) рeзро дар як паноҳгоҳ ва шабро дар па-ноҳгоҳи дигар мегузаронад, ҳамеша танҳост ва савора дар дeши хатар аст». Ин камбағалон ҳар чӣ бошад ҳам, ҳанeз озод буданд.
Бо вуҷуди ин, дар шимоли Арабистон тартиботи ғуломдорӣ то дараҷаи форматсияи ҳукмрон сабзида нарасид, чунки дар айни бeҳрони бавуҷуд-овардаи давраи гузариш ба ҷамъияти синфӣ ислом пайдо шуд ва Муҳаммад зуҳур намуд. Муҳаммад сарлашкари моҳире буд, дар бораи ғазовот (ҷанги муқаддас) ҳукми ислом қабул гардид, халифаҳои Муҳаммад роҳи халосиро аз бeҳрон дар ҷангҳои истилокорона медиданд. Инак, тeдаҳои араб ҳамчун «сарбозони ислом» ба сарзаминҳое, ки сохти феодалӣ босуръат роҳ меёфт ва ё кайҳо барқарор гардида буд, фурe рехтанд. Лекин дар киш-варҳои забткардаи арабҳо тартиботи ғуломдорӣ ҳам тамоман барҳам нахeрда буд, бинобар ин сохти ғуломдорӣ дар арабҳо муддати дуру дароз маҳфуз монд ва ҳатто дар натиҷаи ба даст овардани асирони зиёд дубора қувват гирифт. Умуман, муносибати феодалӣ дар хилофат баъди футeҳоти бузург дар охирҳои асри VII ташаккул ёфт, ғуломдорӣ бошад, ҳамчун тарзи кeҳнаи зиндагӣ боз вақти зиёде мавҷудияти худро нигоҳ дошт.
Мувофиқи ин нуқтаи назар, ислом аввал дар заминаи ҷамъияти ташак-кулёфтаи ғуломдорӣ ба вуҷуд омад ва танҳо баъди футуҳот ҳамчун дини ҷамъияти феодалӣ қарор гирифт. Ин нуқтаи назарро Е.А.Беляев, инчунин А.Ю.Якубовский, С.П.Толстов, И.П.Петрушевский ба миён овардаанд.
Тибқи нуқтаи назари дувум, ҳанeз пеш аз пайдоиши ислом, ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шимоли Арабистон, на ин ки муносибатҳои ғуломдорӣ, балки феодалӣ ташаккул ёфта, то асри VII, яъне то футуҳоти бузург мавқеи ҳукм-ронӣ пайдо карда буд. Ба ин тариқа, ислом аз аввалин қадамҳои пайдоиши худ дини табақаҳои болонишини ҷамъияти навбунёди феодалӣ ба шумор мерафт. Ин нуқтаи назарро Н.В.Пигулевская, А.Г.Лундин, Н.А. Смир-нов ва Л.И.Нодирадзе пешниҳод кардаанд. Пайравони ин нуқтаи назар диққатро ба чоряккорӣ, ки дар ҳамон шаро-ити таърихӣ аз муҳимтарин зуҳуроти муносибатҳои фео-далӣ буд, ҷалб менамоянд.
Ин ду нуқтаи назар нисбат ба вазъияти Арабистони асри VII ва шароити иҷтимоии пайдоиши ислом ҳоло фақат фарзияи ноқис ва шартӣ буда, ҳалли ҳамаҷонибаи ин масъала кори оянда аст.
Вале, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ҷамъияти хилофати охи-ри асри VII дар сурати маҳфуз мондани тартиботи ғуломдорӣ, ба дараҷаи хеле зиёд феодалӣ гардида буд ва истилои Осиёи Миёна, шарқи Хуросон ва Мовароуннаҳр аз тарафи ашрофи ҳарбии феодалӣ, ки унсурҳои тарзи зиндагии бодиянишинро ҳам давом медод, ба амал оварда мешуд. Муносибатҳои хоси ин қабил ҷамъият ба муносибатҳои ҷамъияти феодалишудаи муқимӣ нақши худро мегузошт ва ба ин васила протсесси феодалишавиро тағйир ва суръат медод.
Пайдоиши ислом.
Шикасти давлати Сосонӣ
Чанд сухан дар бораи пайдоиши ислом. Муҳаммад пайғамбари Оллоҳи таоло ва яккаву ягона гардид. E аслан аз калонтарин маркази Арабистон – шаҳри Макка буд, чун дар зодгоҳи худ ба чизе муваффақ нашуд, дар соли 622 бо пайравонаш ба Мадина кeчид, ки аз ҳамин сана солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ сар мешавад. Тоифаҳои Мадинаро ба итоати худ дароварда, баъд сокинони Маккаро
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 38 >>
На главную
0 / 42

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru