Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Касе, ки иштибоҳ намекунад, таҷрибаандӯхта намешавад.
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр

Модар офарандаи ҳаёт 8 март иди модарон барнома

Тэги:8 март | иди модарон | шеърхо барои модар | шерхо барои модар | модар | шеърхо барои зан | шеърхо барои хохар | шеърхо барои хола амма | шеърхо барои духтарон | баромади таер барои 8 уми март | 8 март | иди модарон | шеърхо барои оча
Добавил:Admin (05.05.2017 / 08:06)
Рейтинг:rating 276 article (0)
Прочтений:2200
Комментарии:1
Модар офарандаи ҳаёт
Барандаи 1 (Маҳмудова Оминахон)
Ассалом эй дӯстони беҳтар аз ҷон ассалом,
Ассалом эй ҳамнишину ҳамзамонон ассалом.
Барандаи 2 (Турсунов Акобирхон)
Даст пеши бар гирфта мо бигӯем ассалом,
Нури дида тоҷи сар бар меҳмонон ассалом.
Б1. Салому дуруди самимии моро қабул фармоед, модарони пайкарин, хоҳарони беҳтарин, занҳои волотарин. Баҳори дилошӯб – арӯси нозанин сол расидааст. Аввалин ҷашне, ки моён онро интизор кашида, дар рӯзи 8–уми моҳи аввали баҳор пешвоз мегирем, иди занон ва бонувон аст.
Б2. Ва имрӯз низ чун анъана мо тасмим гирифтем, ки ҷашни пуршукӯҳиро таҳти унвони “Модар офарандаи ҳаёт” баҳри бонувони иззатманд омода созем. Тамошо кунед ва лаззат баред.
1. Б1. Композитсияи адабӣ дар иҷрои хонандагон.
Б1. Мардуми мо аз қадим мафҳумҳои зан, модар, табиат, офтоб ва сулҳро дар як радиф гузоштанду онҳоро бузургу муқаддас медонистанд ва ба онҳо саҷда меоварданд. Зеро инҳо ҳама офаранда ва парастандаи зиндагӣ, рамзи адабият ва ҷовидонагии ҳаёт мебошанд.
Б2. Офаридагор будани зан, модар моҳияти васеъ ва густурда дорад. Он аз таваллуду тарбият кардани фарзанд сар карда, то ободии хонадон ва дар маҷмӯи ҷомеаро дарбар мегирад. Беҳуда нагуфтаанд, ки зан чароғи хонадон ва машъали раҳнамои ҷомеа мебошад.
Халқ гӯяд, ки модарон ҷовид,
Чун замину чун осмон ҷовид.
Чунки модар зи худ сириштавлод,
Адабият бо одамиятзод.
2. Б1. Суруди “МАМА” дар иҷрои Аминова Дилоромхон ва Маҳмудова Оминахон.
Б1. Бале, аз рӯи модар ин ҳама зебоиҳои рӯи ҷаҳон ибтидо гирифтааст. Модар - ситораи дурахшонтаринест, ки роҳи фарзандонашро равшан месозад.
Замину осмони ман туи модар, туи модар,
Ҷаҳони беканори ман туи модар, туи модар.
Б2. Модар - чашмаест, ки меҳри фарзанд дар он доимо ҷӯш мезанад. Як нигоҳи гарму самимии модарон моро аз ҳама ташвишҳои ҷаҳон озод мекунад.
3. Рақс дар иҷрои духтарон.
Б1. Оре парастиши зан - модар ба фарзанди тоҷик мероси ниёгон аст, суннатест, аз қадим меояд ва аз сари чашмаи ҳазорсолаҳо об мехӯрад. Хизмати модар ба ҷигарбанд як кори шарафбанд ва боифтихор аст ва ҳаргиз миннатнопазир.
4. Б2. Саҳнача дар бораи “Модар”
5. Ролик дар бораи Модар.
Б1. Рӯзу шаб хобат намеояд, зи сӯзишҳои дил,
Дар ғами ман кӯчахандон, хонагирён модарам.
Б2. Сӯи лаб намурда, нон аз дасти ларзонат фитод,
Боз ҳастӣ боаҷал дасту гиребон модарам.
6. Ҳикояи “Овоз аз қабр”–ро Қориҷумъаев Файзулло ва шеъри “Насиҳати модар”–ро Ниёзов Ҷафъарҷон қироат мекунанд.
Б1. Модари хушназарам ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам, агар он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадият паи парвози дароз,
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Б2. Хоксори ту он қадар моро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар роҳи ман ҳама дам дидам тар доштам,
Ки аз он дидаи ту шеъри тарам ҳадяи туст.
7. Дар иҷрои хонандагон Чистонҳо.
Б1. Гарам шоир намесозӣ куҷо ман шеър мегуфтам,
Ғазалҳои равони ман туи модар туи модар.
Б2. Суруди аввалини ман суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туи модар, туи модар.
8. Суруди “Иди занон” дар иҷрои хонандагон.



Б2. Ба вақти рақси мавзунат,
Ба оҳанги дилафзунат.
Кабӯтар дар ҳаво,
Оҳу ба саҳро гашта маҷнунад.
9. Рақс дар иҷрои духтарон.
Б1. Аз ҳастият доди бақо бар рӯзгорам, модарам,
Аз меҳри ёдат доимо ман бахтиёрам, модарам.
Шири сафедат хӯрдаам, кайфу ҳаловат кардаам,
Завқ аз сурудат бурдаам, субҳи баҳорам модарам.
Б2. Дилу ҷонам фидои номи модар,
Дило, фирӯз бод айёми модар.
Чу дид осори ранҷурии фарзанд,
Шакар талхӣ кунад дар коми модар.
Модарони меҳрубону дилсӯз, занони поксиришт,хоҳарони иззатманд. Бори дигар ҳамаи шумоёнро бо иди байналхалқии занону духтарон 8–уми март табрику таҳният гуфта, барои шумоён тамоми шираҳои ширинтарини ҳаётро таманно дорам ман. Бигзор шумоён занони шукӯҳи зиннати ин дунёи бузург, ба бахти мо фарзандонатон шоду сарбаланд бимонед.
Идатон муборак модарону хоҳарони дилбанд!
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 33

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru