Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
То вақте, ки дар дегат шӯрбо меҷӯшад, аз ту дида одами хуб нест.
Библиотека | Кори Дипломи курси илми
1 2 >>

МЕҲРИ ВАТАН

Тэги:точикистон | ватан | иншо дар бораи ватан | иншо барои точикистон | намунаи кори курси | мавзуи | кори дипломи рисолаи дипломи | кори курси аз фанни молия | кори курси аз фанни назарияи иктисоди | кори курси аз фанни педагогика | кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук | кори курсове аз фанни макроиктисод | дипломная работа как написать | дипломная работа пример | дипломная работа скачать бесплатно | дипломная работа купить | дипломная работа цена | дипломная работа фильм | дипломная работа на заказ | дипломная работа оформление
Добавил:Admin (05.05.2017 / 08:03)
Рейтинг:rating 275 article (0)
Прочтений:728
Комментарии:0
МЕҲРИ ВАТАН
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.
Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.
Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.
Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Педагоги машҳур В.А.Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагй», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад.
Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.
Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Каҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи тоҷик Лоик Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:
Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.
Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандустӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:
Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,
Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.
Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бар меояд, ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеч ганҷе наметавон иваз намуд.
Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масьулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда буда, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт ycтувop набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.
Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташакул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан он чунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандустӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.
Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Хаким Фирдавсӣ дар «Шохнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳист ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:
Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ӯ ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад:
Ватанро бинозам, маро дар канор,
Чу модар гирифту намуд бахтиёр…
Мурод аз офаридани образи ватандӯстона дар адабиёти олам бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист.
Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиклоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст:
Ҳиммат агар ҳимати мардон шавад,
Мӯр тавонад, ки Сулаймон шавад.
Мо ҷавонон ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хуби огоҳ ва бархурдор бошем. Маҳз мо ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт.

Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд.
Аз баландиҳои шаъну шони ту,
Ман баландиҳои даврон дидаам.
Аз булури чашмаҳои равшанат, Равшании рӯзгорон дидаам.
Истиқлолият шараф ва номуси хар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеи ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Шукргузори онам, ки миллати бузурги точик имрӯз давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун барои халқи тоҷик чун обу ҳаво ваҳдати миллӣ зарур аст. Танҳо якдилона мо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ояндасози миллат ҷавонон. Бале, мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта мешавад. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдоди ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад, ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Ва инчунин барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.


Дар хақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона метавонем кор ва фаъолият намоем.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият мукаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту.
Мекунам шукрона аз озарму озори ту,
Аз ту ман сарват намехоҳам.
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Эй кишвари умеди орзуҳоям, Тоҷикистон! Эй сарзамини дилситонам! Бе туву бе ёди ту нахоҳам зист, зеро ту бароям баҳори бехазонӣ, бароям баҳори шукуфонӣ, бароям нури чашму қувваи танӣ. Ту ифтихори миллии манӣ. Чашмаи ноби илҳоми манӣ, муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳонӣ. Магар мо ҳақ надорем аз ту ифтихор дошта бошем? Магар мо ҳақ надорем аз ту паноҳ дошта бошем? Магар ту нестӣ мо ифтихор аз миллат дорем, ифтихор аз ҳувият дорем, ифтихор аз ваҳдат дорем, ифтихор аз
Скачать txt | fb2
1 2 >>
На главную
Загрузка...
0 / 36

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru