Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ба кӯрпаат нигоҳ карда, пой дароз кун.
Библиотека | Кори Дипломи курси илми
1 2 3 >>

дар мавзўи «Мавќеи нарх ва нархгузорї дар фаъолияти маркетингии ширкат»

Тэги:намунаи кори курси | мавзуи | кори дипломи рисолаи дипломи | кори курси аз фанни молия | кори курси аз фанни назарияи иктисоди | кори курси аз фанни педагогика | кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук | кори курсове аз фанни макроиктисод | дипломная работа как написать | дипломная работа пример | дипломная работа скачать бесплатно | дипломная работа купить | дипломная работа цена | дипломная работа фильм | дипломная работа на заказ | дипломная работа оформление
Добавил:Admin (05.05.2017 / 07:56)
Рейтинг:rating 274 article (0)
Прочтений:691
Комментарии:0
НАЌША:

Сарсухан ………………………………………………………………........... 3

1. Моњият ва ањамияти нарх дар шароити иќтисоди бозорӣ …….......... 4

2. Нархгузорӣ ва намудҳои он .............................. ………………......... 7

3. Нархгузории бозоргонї тибќи хосиятњои истеъмолии мањсулот ……. 8

Хулоса ………………………………………………………………………… 10

Адабиёт…………………………………………………………………...........12

















Сарсухан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли илму маориф доир ба Соли маориф ва фарҳанги техникї ақидаеро қайд карда буданд, ки «бо ташаккули фарҳанги илмию техникии ҷомеа, ҷалби технологияҳои нав, инноватсия ва дар маҷмӯъ ба таҳкими иқтисодии миллии мамлакат такони ҷиддӣ бахшем ва дар ин замина суръати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро тезонем» , ки мувофиқи мақсад буда, стратегияи инкишофёбии муносибатҳои бозориро дар мамлакат муайян менамояд.
Дар ҳақиқат, имкониятҳои иқтисоди бозорї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани рушду пешравии иқтисодию иҷтимоии мамлакат сафарбар гардидааст. Ташаккули минбаъдаи муносибатҳои бозорї дар ҷумҳурї бештар мукаммалгардонии сиёсати нархгузориро тақозо менамояд. Ин аст, ки масъалаҳои нарх ва нархгузорӣ доимо таҳти назорат қарор дошта, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои он чорабиниҳои иқтисодї ва қарорҳои мушаххас оид ба мукаммалгардонии системаи нарх ва ҷараёни озодшавии он татбиқ шудаанд, ки дар маҷмӯъ асоси сиёсати нархии мамлакатро ташкил медиҳад.
Барои муайян кардани имкониятҳои инкишофёбии муносибатҳои бозоргонӣ тадқиқоти масъалаҳои ташакулёбии асосҳои илмию назариявӣ ва амалии нархгузории озод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок ҳисобида мешавад. Дар ин самт мавқеъ ва нақши раванди нархгузориии озод аз нуқтаи илмию назариявӣ ва афзалияти нархҳои танзимшавандаи давлатї ва озодамалкунанда дар бунёдгардии системаи нархи ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мутобиқбуда бунёд шавад.
Нархгузорӣ, ки яке аз равияҳои афзалиятноки иқтисоди бозоргонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуда, тадқиқи онҳо дар шароити муосир аҳамияти зиёди илмӣ пайдо мекунад. Афзалиятҳои иқтисоди бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани тараққиёти иқтисодиёти миллї дар зинаи сифатан нав сафарбар шуда, минбаъд мукамалгардонии онҳо дар мамлакат бунёдгардии системаи нархгузории озодро талаб менамояд.
Дар шароити бозор нархгузорӣ ва сиёсати нарх масъалаи хеле мушкил ва мураккабе мебошад. Аз ин лиҳоз, таъйини нарх ба моли нав ва мавҷуда, ки бо нишондиҳандаҳои фоиданокӣ ва самарабахшии истеҳсолот алоқаманд аст, мақсад ва вазифаҳои муҳими маркетингӣ маҳсуб мешавад.
Дар раванди ташаккули сиёсати нарх таркиби бозор ҳои рақобатиро ба эътибор гирифта, ширкат ба мол нархеро бояд гузорад, ки харидор онро писандад. Танҳо дар ин сурат ҳаҷми фурӯш ва фоида таъмин мегардад.
Мақсад аз интихоби мавзӯи мазкур аз он иборат аст, ки мо, донишҷӯён бояд масъалаҳои нарх ва нархгузориро хуб донем, дар фаъолияти ояндаи касбии худ бо маҳорати баланди касбӣ истифода бурда тавонем. Аз ин рӯ, дар чорчӯбаи мавзӯи мазкур масъалаҳои моҳият ва аҳамияти нарх дар шароити иқтисоди бозорӣ, нархгузорӣ ва намудҳои он, усулҳои муайянкунии нарх дар фаъолияти маркетингии корхона омӯхта шудаанд.

1. Моҳият ва ањамияти нарх дар шароити иќтисоди бозорї

Иқтисоди бозорї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷараёни муқаррарї ба амал омада, имкониятҳои он барои рушду пешравии иқтисодию иҷтимоии мамлакатро таъмин намудан сафарбар гардидааст. Масъалаҳои нарх ва нархгузорї доимо тањти назорат қарор дошта, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он чорабиниҳои иқтисодї ва қарорњои мушаххас оид ба мукаммалгардонии системаи нарх ва ҷараёни озодшавии он андешаҳо тадбиқ шудаанд, ки дар маҷмӯъ асоси сиёсати нархи мамлакатро ташкил медиҳад.
Дар мафҳуми умумї нарх баҳо, арзиш ва ё қимати молро ифода мекунад. Аз нуқтаи назари Карл Маркс нарх ин арзише, ки дар мол таҷассум ёфтааст. Бо ибораи дигар, нарх ин ифодаи пулии арзиши ягон мол буда, сатҳ ва таносуби муайяни арзишро аниқ нишон медиҳад. Маълум мешавад, ки асоси маънои илмии нархро арзиш ташкил медиҳад. Арзиш ин меҳнатест, ки дар мол зоҳир ва таҷассум гардидааст. Умуман, нарх мафҳуми асосии иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб рафта, ба он истеҳсолу фурӯш, тақсимот, мубодилот ва истеъмоли маҳсулот бевосита вобаста аст. Яъне, нарх ҳамчун нишондиҳандаи баҳодиҳандаи ниҳоӣ ё ҷамъбасткунандаи маҳсулот истифода бурда шуда, маъноҳои эҳтиёҷ, талабот, дархост, мол, мубодилот, харидуфурӯш ва бозорро дар якҷоягї фаро мегирад.
Нархгузорї дар доираи иқтисоди бозорӣ мавқеи асосиро ишғол намуда, дар тараққиёти он нақши муҳимро мебозад. Ба нақши нарх ва тарифҳои хизматрасонӣ дар системаи истеҳсолоти иқтисоди бозории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зерин баҳо дода мешавад. Фақат ба воситаи нарх ба хароҷоти ҷамъиятии истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, натиҷаи молиявии истеҳсолот баҳо дода шуда, самаранокии истеҳсолоти иқтисоди бозорӣ муайян мегардад дигар ягон мафҳуми иқтисодӣ ин вазифаро иҷро карда наметавонад. Дар ин амалиёт нарх ба сифати воситаи асосии қабули қарордод оид ба идораи истеҳсолот истифода мешавад.
Тавассути он маълумотҳо барои баҳо додан ба самаранокии иқтисодии истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, муайян намудани стратегияи пешравии тараққиёт, бастани шартномаҳои манфиатнок, инкишофи робитаҳои иқтисодӣ ва зиёд кардани ҳаҷми фоида тайёр мегардад, ки вай дар оянда барои қабули қарордоди оқилона дар корхона асос мешавад.
Тибқи нарх ба фаъолияти иқтисодии корхонаҳои гуногунмоликият ва мухталифсоҳа, аз он ҷумла, давлатї, ҷамоавї, хусусї, иҷоравї, муштарак, саҳҳомї ва амсоли онҳо баҳо дода мешавад. Нарх ба мисли дигар воситаҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, яъне музди меҳнат, мукофот ва фоида қудрати маҳсулот истеҳсолкунандаро барои паст кардани хароҷот, баланд бардоштани сифат, сарфакорона истифода бурдани захираҳо ва беҳтар кардани чиҳатҳои истеъмолии маҳсулот сафарбар менамояд.
Нарх инчунин дар сифати мавзӯи идораи иқтисоди бозорӣ нақши муҳимро иҷро мекунад. Ҳукумат дар доираи нархҳои танзимшаванда сатҳ ва дараҷаи онҳоро тағйир медиҳад, таносуби нархҳои мухталифро нигоҳ медорад ва тартиби амали нархҳо (тарифҳо)–и озод амалкунандаро муайян менамояд. Дар китоби К. Р. Макконнелл ва С. Л. Брю “Экономикс” омӯзиши ҳамаи масъалаҳои иқтисоди бозоргонӣ вобаста ба амалиёти нарх дар бозор таҳлил шудаанд.
Табиати иқтисоди нарх бо функсияҳои он ошкор шуда, мавқеи батанзимдарории нархгузорӣ дар шароити иқтисоди бозоргонї муайян мегардад. Функсияи нарх ба қонунҳои объективии иқтисодї алоқаманд буда, амали хосиятҳои умумӣ ва хоси намудҳои гуногуни нархро ифода мекунад.
Функсияи баҳисобгирӣ ва ченаки хароҷот дар мавриди муқоиса намудани молҳои арзиши истеъмолии ҳархела ва сарфи меҳнати гуногуншуда иҷро мешавад. Бо амали ин функсия имконпазир мегардад, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои иқтисоди ба нақша гирифта ва ҳисоб карда шаванд. Нарх ҳамчун нишондиҳандаҳои баҳисобгирӣ ва назорат истифода
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
Загрузка...
0 / 38

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru