Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Хурӯс бошу «петух» не
Библиотека | Кори Дипломи курси илми
1 2 3 ... 5 >>

Дар мавзўи: «Ба касрҳои соддатарин паҳн намудани касрҳои ратсионалӣ

Тэги:намунаи кори курси | мавзуи | кори дипломи рисолаи дипломи | кори курси аз фанни молия | кори курси аз фанни назарияи иктисоди | кори курси аз фанни педагогика | кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук | кори курсове аз фанни макроиктисод | дипломная работа как написать | дипломная работа пример | дипломная работа скачать бесплатно | дипломная работа купить | дипломная работа цена | дипломная работа фильм | дипломная работа на заказ | дипломная работа оформление
Добавил:Admin (05.05.2017 / 07:56)
Рейтинг:rating 273 article (0)
Прочтений:782
Комментарии:0
Наыша:
1)Маълумот умуми дар бораи Ҷаъмияти Саххомии Пушидаи Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
2) Намудхои амонат дар «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
3) ТАРОФАҲО барои пешниҳоди хизматрасониҳои ҶСП ТАҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ" ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 2017 с.


























ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - ин ташкилоти амонатии қарзии хурд мебошад, ки дар қаламрави Тоҷикистон барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ хизматҳои молиявӣ мерасонад.
Вазифаи асосии ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» - ин мусоидат кардан ба рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, мададгорӣ намудан ба беҳтар кардани сифати зиндагӣ бо роҳи таъмини воридшавии устувор ба молияи қисми аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ. Дурнамои ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» аз он иборат аст, ки аҳолии Тоҷикистон ба хизматҳои молиявии босифат, инноватсионӣ ва шаффоф дастрасӣ дошта бошанд.Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) Ташкилоти амонатии қарзии хурди (ТАҚХ) «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 декабри соли 2012 ба қайд гирифта шуда, иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро аз 07 январи соли 2013 дорост.













Таърихи рушду тараққиёти «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
1999 Ассотситсияи миллии занони соҳибкори Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМЗСҶТ) ба татбиқи барномаи «Қарзҳои хурд дар Тоҷикикистон» оғоз намуд, ки ба баланд бардоштани маърифати тиҷоратии занон нигаронида шуда буд
2000
Нахустин маротиба қарз дода шуд
2005 Қонун «Дар бораи маблағгзории хурд дар ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд ва дар заминаи он Фонди қарздиҳии хурди «ИМОН» таъсис ёфт, ки теъдоди мизоҷонаш 15182 нафар ва портфели молиявиаш 30 млн. долларро ташкил медод. (Ин банд бо андаке таҳрир тарҷума шуд. Зеро, варианти русиаш чандон саҳеҳ нест!!!)
2008 Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо 15182 мизоҷ ва портфели қарзиаш 30 млн. доллар ташкил ёфт.
2013 Дар асоси Иҷозатномаи Бонки миллии ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба ташкилоти қарзии хурди депозитӣ табдил ёфт, ки дар ин давра теъдоди мизоҷонаш ба 70826 нафар расида буд. Портфели фаъоли қарзиаш бошад, зиёда аз 1 млн. долларро ташкил медод.




















Шӯрои Нозирон мақомоти роҳбарикунанда аст, ки манфиатҳои саҳомонро муаррифӣ менамояд. Ҳайати роҳбарикунандаи ташкилоти «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» аз нафарони зерин иборат аст:
КИМ ПИТИН - ДИРЕКТОРИ АМАЛИЁТИИ MEDA
Ким Питин таи 30 сол дар ҷодаи маъмурикунонӣ, идоракунии захираҳои касбӣ ва рушду таълим фаъолият бурдааст. Аз моҳи январи соли 2008 то ба имрӯз Ким Питин раиси Шӯрои нозирони ҶСП «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» мебошад. Ким Питин айни ҳол дар вазифаи директори амалиётии Ассотсиатсияи рушди иқтисодии Менонит (MEDA) фаъолият дорад. Дар MEDA ӯ таи 25 сол дар вазифаҳоги гуногун аз ҷумла ноиби Президент оид ба амалиётҳои байналмилалӣ (2003-2010), директории гурӯҳи консалтингии MEDA (1997-2003), директори шӯъбаи захираҳои техникӣ (1994-1997), директор оид ба ҳайати шахсият (1992-2010), директори лоиҳаи «Рушди тиҷорати хурд», MEDA Гаити (1991-1992) кор кардааст. Соли 1984 Ким Питин дараҷаи маъмурикунонии кориро дар мактаби тиҷорати Ивейи Донишгоҳи Онтариои Ғарб соҳиб шудааст. Соли 1996 ба ӯ сертификати таълими калонсолон аз тарафи Донишгоҳи Сант Френсиса Хавьер додаанд.
ЛЛОЙД Д. МАККОРМИК – ДИРЕКТОРИ БАРНОМАИ РУШДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Мавсуф дирктори Барномаи рушди бйналмилалии «ChildFundInternational» ИМА мебошад Ӯ дорои таҷрибаи беш аз 20 сола дар ҷодаи рушди байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва имплементатсияи майдамаблағгзорӣ ва барномаи рушди иқтисодиву ҷавонон аст. Ллойд Маккормик таҷрибаи муайянро дар ҷодаи идоракунии тиҷорат дар бахши хусусӣ соҳиб аст, ки ба он қабули қарор ва назорати амалиёт дар ҷодаи маркетинг, идоракунии ҷомеаи меҳнатӣ, молия, назорати сифат, раванди истеҳсолот ва хизматрасонӣ ба мизоҷон дохил мешавад. Ӯ дараҷаи МВА - и Донишгоҳи Клорадои Шимолиро гирифтааст. Вай ба сифати менеҷери барномаи «Корпуси шафқат» дар Тоҷикистон таи солҳои 1999-2002 фаъолият бурда, дар таъсиси «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» саҳми арзандаи худро гузоштааст.
САНАВБАР ШАРИПОВА - КОРШИНОСИ ПЕШБАР ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД ВА ИНКИШОФИ СТРАТЕГӢ, МУАССИСИ ҶСП «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
Санавбар Шарипова дорои зиёда аз 30 соли таҷрибаи касбӣ буда, аз ин ҳисоб 20 сол дар ташкилотҳои маҳаллии ҷамъиятӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоии ба ҷавонон ва афзун намудани ҳуқуқу имкониятҳои занон, паст кардани сатҳи камбизоативу таъмини дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ равонашуда фаъолият бурдааст. Ў асосгузори Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори (корчаллони) Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таи 10 сол ин ташкилоти ҷамъиятиро сарварӣ кардааст. 10 соли охир бошад, малакаи касбиашро ба сифати Муассис ва директории генералии ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» сарф намуда, ба таҳия ва ташаккули барномаи ҷамъиятии маблағгузории хурд дар муассисаи молияи махсуси депозитӣ роҳбарӣ кардааст. Санавбар Шарифова дорои дараҷаи магистр дар соҳаи илмҳои иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Москваи Федератсияи Русия буда, дараҷаи магистриро дар соҳаи молия ва кори бонкӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳои аъло соҳиб шудааст. Ҳамзамон дараҷаи магистриро дар Донишгоҳи штати Мичигани ИМА дар соҳаи кори бонкӣ дорост. Санвбар Шарипова барандаи идрорпулии (стипендияи) барномаи стипендии «Хамфри» мебошад, ки ин барнома аз тарафти ҳукумати ИМА маблағгзорӣ мешавад. Дар як вақт хатмкарда ва аъзои доимии Пешвоёни Фонди Рокфеллер дар соҳаи муҳити атроф ва рушд аст. Солҳои 2008-2009 ў таҷрибаи касбомўзиро дар WellsFargoBank гузаштааст. Соли 2010 бошад, Санавбар Шарипова аз тарафи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд қадршиносӣ мешавад. Ӯ «Беҳтарин зан дар соҳаи тиҷорат» эътироф гардидааст.
ЗАКИР АБДРАШИТОВ - ШАРИКИ ҶММ «MICROFINANCECONSULTING»
Закир Абдрашитов мушовири баҳисобгирии муҳосибот ва андозбандист. Оғоз аз соли 2005 бо бонкҳо ва ташкилотҳои майдамолиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти пурзӯр сохтани назорати дохила ва рушди сиёсати амалиёти бонкӣ ҳамкорӣ кардааст. Ҳамзамон мавсуф бо ташкилотҳои байналмилаливу молиявӣ оид ба мсъалаҳои пурзӯр сохтани сифат ва шаффофияти ҳисобот дар Фонди байналмилалии асъори Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ намудааст. Ӯ баҳои бозор ва таҳлили амалиётҳои лизингӣ, мақоми онҳо дар рушди маблағгузории хурдро муаррифӣ кардааст. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои андозсупорандагон дар вазифаҳои идоракунии Ассотситсияҳои ғайритиҷоратии Қирғизистон фаъолият бурдааст. Закир Абдрашитов дорои дараҷаи бакалавр дар соҳаи ҳисоби бухгалтерӣ, Коллеҷи Гвинеди Мерси, Пенсильвания, ИМА мебошад. Ӯ дараҷаи МВА - ро дар соҳаи иқтисодиёти байналмилалӣ дар Донишгоҳи Русия - Қирғизистони Славяни, дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳрии Қирғизистон гирифтааст.
ПИТЕР КУИ - МУШОВИРИ ПЕШБАР ОИД БА ИДОРАИ КОРПОРАТИВӢ ВА РУШДИ СТРАТЕГӢ
Питер Куи соли 1958 дар давлати Нидерландия ба дунё омадааст. Дараҷаи магистриро дар соҳаи тиҷорат ва иқтисодиёт дар Донишгоҳи Эразмуси штати Роттердам гирифтааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи сарварони ширкатҳои Австралия мебошад. Оғоз аз соли 1993 таи 7 сол фаъолияташро дар ACLEDA Бонк, Камбоҷа ба сифати мушовир оид ба маблағгузории хурд ва трансорфматсияи
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 5 >>
На главную
Загрузка...
0 / 37

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru