Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Агарчӣ сухани нек надошта бошӣ, пас, дили нек дошта бош.
Библиотека | Кори Дипломи курси илми

МАКОМИ ЗАН ДАР ЧОМЕА

Тэги:намунаи кори курси | мавзуи | кори дипломи рисолаи дипломи | кори курси аз фанни молия | кори курси аз фанни назарияи иктисоди | кори курси аз фанни педагогика | кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук | кори курсове аз фанни макроиктисод | дипломная работа как написать | дипломная работа пример | дипломная работа скачать бесплатно | дипломная работа купить | дипломная работа цена | дипломная работа фильм | дипломная работа на заказ | дипломная работа оформление
Добавил:Admin (05.05.2017 / 07:54)
Рейтинг:rating 272 article (0)
Прочтений:1768
Комментарии:0
МАКОМИ ЗАН ДАР ЧОМЕА
Зан дар оилаи точикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода, кӯшишдааст, ки занон дар чомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар чомеаи мо оила бунёд мекунанд. Пеш аз он ки фарзандон ба ҳаёти мустахқилона гусел карда шаванд, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, хуллас аз мачмуи талаботи моддию маънавӣ огоҳӣ дошта бошанд. Аз чумла, ба тарбияи духтарон ба ин мақсад аҳамияти зарурӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат, муошират омӯзонда мешавад. Дар баробари ин дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки дар лаҳзаҳои ҳассос занони точик дар қатори мардон мардонагиву шучоат ва қаҳрамонӣ нишон додаанд. Намунаи ин қаҳрамониҳоро дар фаъолияти Малика Томирис, қаҳрамониҳои Рухшона, чил духтари покдомани хатлонӣ, чонфишониҳои Гурдофарид ва ватандӯстии Ойгул Муҳаммадчонова дида метавонем.
Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Чунин мисолҳо хеле бисёранд, масалан модари Садриддин Айнӣ-Қаҳрамони Точикистон зани босаводу бомаърифат буд. Садриддини Айнӣ нахустин гомҳояшро ба олами илму адаб таҳти сарпарастии модараш гузошт, хату савод баровард. Аллома Бобочон Ғафуров-писари шоираи маъруфу машҳур ва ватандӯсти точик Розия Озод мебошад. Ба олами илм бо ҳидояти модари донишмандаш омадааст. Ба халқу Ватан содиқона хидмат намуда, ба дарачаи роҳбари аввали мамлакат сабзида расида, дар илми шарқшиносии чаҳон олими шинохтаву эътирофшуда мебошад.
Маҳз ана ҳамин тачрибаҳоро омӯхта, дар бунёди чомеаи демократии Точикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваччуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеъи зан дар чомеа диққати ҳамагонро чалб месозанд. Зеро занон дар чомеаи Точикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хочагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар чалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хидмати давлатӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад. Ба ҳамин хотир Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеъи зан дар чомеаро содир кард. Зимни ин фармон барномаҳои муҳими давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд. Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар чомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва ичтимоиву фарҳангӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ бештар буда, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.
Бузурге фармудааст:
Чомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешшоҳангӣ дошта бошанд. Пас саволе матраҳ мешавад, ки кадом гурӯҳи занон дар чомеа пешоҳангиро уҳда карда метавонанд?
Маҳз ҳамон заноне дар чомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд. Оё зани муосир соҳиб маърифат аст? Суоле ҳаст, ки доимо бояд дар мадди назар бошад. Баъзан ҳолатҳое чой доранд, ки ба масъалаи омӯзиши занон соҳибкасб гардидани онҳо кам аҳамият дода мешавад. Ин гуна рафтор ба талаботи замон мувофиқ нест. Вақти он аст, ки аз суханпардозӣ ва ҳисобот пуркуниҳо даст кашида, ба кори амалӣ гузарем. Тарбияти занони бомаърифатро дар оила, дар мактаб ва чомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддао тарбияи духтарон дар мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Шуъбаҳои кор бо занон ва дигар ташкилоту муассисаҳои марбут ба тарбияи низ бояд маърифатнокии занонро дар дарачаи аввал гузоранд ва ин вазифаи чониашон низ ба ҳисоб меравад. Зеро ба ин хотир санадҳои меъёрию ҳуқуқии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ қабул гардида, барномаҳои мушаххаси давлатӣ таҳия ва роҳандозӣ шудаанд. Ҳадаф аз қонунҳои қабулшуда ва таҳияи барномаҳо нишон додани он аст, ки масъалаи маърифатнокии занон дар чомеа ҳамеша дар мадди аввал меистад ва дар ҳамаи давру замонҳо масъалаи дарачаи аввал аст. Ва ҳал кардани он ба пешрафти чомеа мусоидат мекунад.
Ҳамаи нуктаҳое, ки дар ин матлаб пешниҳод гардид, аз талаботи рушд бахшидан ба давлати соҳибистиқлолӣ Точикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва адолати ичтимоӣ дар чомеа бармеояд. Аз ин рӯ, аҳли чомеа муаззафанд, ки дар ин самт содиқона фаъолият кунанд.
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 22

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru