Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Бо бадон ва ҷоҳилон ҳамнишин нашав!
Библиотека | Кори Дипломи курси илми
1 2 3 >>

дар мавзӯи «Принсипҳои фаъолияти хоҷагидории фирма»

Тэги:намунаи кори курси | мавзуи | кори дипломи рисолаи дипломи | кори курси аз фанни молия | кори курси аз фанни назарияи иктисоди | кори курси аз фанни педагогика | кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук | кори курсове аз фанни макроиктисод | дипломная работа как написать | дипломная работа пример | дипломная работа скачать бесплатно | дипломная работа купить | дипломная работа цена | дипломная работа фильм | дипломная работа на заказ | дипломная работа оформление
Добавил:Admin (05.05.2017 / 07:52)
Рейтинг:rating 270 article (0)
Прочтений:529
Комментарии:0
№ 67 Принсипьои фаъолияти хожагидории фирма

Наыша
Сарсухан
1. Мазмун, моьият ва таърихи пайдоиши фирма (ширкат)
2. Вазифа, омильо ва принсипьои фаъолияти хожагидории фирма (ширкат)
3. Таьрезии фаъолияти фирма (ширкат)
4. Субъект, объект ва муносибатьои меьнатц дар фирма (ширкат)
Хулоса
Адабиёт



















67.1. Мазмун, моьият ва таърихи пайдоиши фирма (ширкат)
Пайдоиши фирмаҳо таърихи қадима дошта, зинаи асосии рушди онҳо ба солҳои 60 - уми асри ХХ рост меояд.Фирма аз калимаи итолиёвии «firma» гирифта шудааст, маънои он мафьуми савдогар ё худ тожирро дорад. Аммо дар замони муосир бо рушду нум=и муносибатҳои иқтисодию иҷтимоц, пешрафти илму техника ва дар маҷмуи башарият мазмун ва моҳияти аслии он аз байн рафта имр=зҳо таҳти фирма-корхонаҳо ва ё худ ташкилотҳое фаҳмида мешаванд, ки ба истеҳсоли маҳсулот ва ё расонидани хизмат машғул мебошанд. Фирмаҳо асосан бо нишон, имедҷ ва маҳсулоти сифатнок ва дараҷаи баланди хизматрасонии худ аз дигар корхонаҳо фарқ мекунанд.
Бо ибораи дигар фирма - гуфта тарзи муайяни ба ҳам пайваст намудани воситаҳои истеҳсолот ва қувваи коргариро дар миқёси як корхона меноманд. Асосан фирмаҳо корхонаҳое ҳастанд, ки мақсади ягона ва марказии онҳо дар сатҳи минималӣ қарор додани хароҷот ва ба сатҳи максималӣ расонидани фоида мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф онҳо ҳамеша аз техникаву технологияҳои пешрафта, шаклҳои самараноки идоракунӣ ва тамоми имконияту захираҳои дар ихтиёр дошта истифода мекунанд.
Таърифи классикии фирма сароғоз аз жониби Адам Смит ва минбаъд К. Маркс дода шудааст. Инчунин фирма (корхона) звенои хочагиест, ки манфиатьои хешро тавассути истехсолц ва фур=ши мольо, хидмат бо роьи банақшагирии мувофиыаткунонии омильои истеьсолот таъмин мекунад.
Иқтисодчии амрикоц Ф.Найт гумон дорад, ки фирма дар натиҷаи ҷидду ҷахди агентҳои бозорц ба ҳалди ақал расонидани хавф (таваккал) ва номаълумиҳо ба миён меояд. Чц қадаре, ки номаълумиҳо мураккаб бошанд, ҳамон қадар афзалияти фирма низ нисбат ба бозор бештар мегардад.
Мувофиқи ақидаи Р.Коуз фирма ҳамчун институти иқтисодц, аз боиси бори гарон (қиммат) будани мутобиқгардонии равандҳои бозор ба миён меояд.
Тибқи назарияҳои муосир рушди фирмаҳо асосан аз 2 сарчашма таъмин карда мешавад.
1. Сарчашмаи дохила – яъне аз ҳисоби фоидаи тақсимнашуда ва дар корхона монда, барориши саҳмияҳо, қарзи бонкӣ ва ғайра
2. Сарчашмаи беруна – яъне бо роҳи якҷоя кардани фаъолияти як ё якчанд корхонаҳо ва харида гирифтани пакети саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва монанди инҳо.
Бояд тазаккур дод, ки дар шароити гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ таъсис ва бунёд гардидани корхона ва ташкилотҳо дар асоси шаклҳои гуногуни моликият масъалаи таъмин кардани ҳуқуқи соҳибкорӣ, шароити танзими муносибатҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ, ташкили сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ва тарзу услуби фаъолияти корхонаҳо дар низоми иқтисодӣ дар мадди аввал гузошта мешавад. Шакли ҳуқуқии корхона дар Кодекси гражданӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда муайян карда мешавад. Масалан: тибқи Кодекси гражданӣ шаклҳои зерини корхона иҷозат дода шудааст:
1. Корхонаҳои давлатӣ;
2. Корхонаҳои хусусӣ;
3. Корхонаҳои муштарак;
4. Корхонаҳои мунисипиалӣ ва ғайра.
Корхонаҳои давлатӣ корхонаҳое мебошанд, ки моликияти онҳо пурра ба давлат таалуқ дошта, аз ҷониби Ьукумат баҳри иҷро кардани вазифаҳои нақшавии давлат истифода карда мешаванд.
Корхонаҳои хусусӣ одатан дар шакли корхонаҳои хурду миёна дар асоси моликияти шахсии як ё якчанд нафар ташкил карда мешавад. Бурду бохт фоида ва зарар ба души таъсисдиҳандагон мебошад.
Корхонаҳои муштарак – ин шакли корхонаҳо дар асоси моликияти давлати ва дигар шаклҳои моликият (моликияти хусусӣ, моликияти мамлакатҳои хориҷа ва ғайра) таъсис дода мешавад. Дар корхонаҳои муштарак аз сабаби мавҷуд будани ҳиссаи нафарони гуногун (давлат, шахсони инфиродӣ, нафарони хориҷӣ ва ғайра) фаъолияти онҳо дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат ба роҳ монда мешавад.
Корхонаҳои мунисипиалӣ корхонаҳое мебошанд, ки дар асоси моликияти давлатц таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо дар асоси принсипи худидоракунӣ, худтаъминкунӣ дар ихтиёри субъектҳои иқтисодц гузошта мешаванд. Умуман, донишмандон корхонаҳоро нуқтаи ибтидоц ва асосии идораи иқтисодиёти мамлакат маънидод мекунанд, зеро саҳми онҳо дар рушди иқтисодц басо ҳалкунанда аст.
67.2. Вазифа, омильо ва принсипьои фаъолияти хожагидории фирма (ширкат)
Фирма ва бозор ба якдигар алоқамандии зич дошта, бе алоқамандии якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Ин вобастагии онҳо аз 2 ҷиҳат сурат мегирад:
1. Ҳамчун ташкилотест, ки захираҳои ибтидоиро ба маҳсулоти имтиҳоц табдил медиҳад.
2. Шакли мустақимона ташкил шудани бизнес.
Новобаста аз сирати мансубият ба ин ё он шакли моликият ҳар як корхона барои иҷрои вазифа ва мақсади муайян нигаронида мешавад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ фирмаҳо вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:



















Самаранокии фаъолияти ниҳоии фирма ба омилҳои гуногун муайян
карда мешавад, ки онҳоро ба омилҳои мусбат ва манфӣ ҷудо мекунанд.
- Омилҳои мусбат омилҳое мебошанд, ки ба раванди истеҳсолот ва фаъолияти хоҷагидорц таъсири мусбат мерасонанд.
- Омилҳои манфӣ омилҳое мебошанд, ки ба ҷараёни истеҳсолот таъсири манфӣ мерасонанд.
Вобаста нақш ва мақоми бунёд ва густариш ёфтан, онҳоро ба омилҳои дохилӣ (эндогенӣ) ва берунӣ (экзогенӣ) ҷудо мекунанд.
Омилҳои дохилӣ инҳо мебошанд:
- шахсияти роҳбарикунандаи корхона, қобилияти роҳбарц доштани он дар шароити иқтисоди бозорӣ;
- тезонидани пешрафти илму техника, навоварӣ ва сиёсати сармоягузории корхона;
- такмилдиьии ҳамешагии истеҳсолот ва меҳнат;
- ба вуҷуд овардани муҳити солими иҷтимои- психологӣ дар коллектив;
- шакли ташкилию ҳуқуқии хоҷагидорӣ;
- сифат ва рақобатпазирии маҳсулот, идораи хароҷот, сиёсати нархгузорӣ ва ғайра.
Ба омильои берунӣ бошанд инҳо дохил мешаванд:
- дигаргуншавии вазъи сиёсц дар дохил ва беруни мамлакат;
- тағйири вазъи конструктураи бозор дар дохил ва берун аз мамлакат;
- тағйироти раванди таваррум (инфлятсия, беқурбшавӣ);
- тағйироте, ки ба фаъолияти давлат яъне ба сиёсати иқтисодию сармоягузорӣ таъсир меравсонад.
Фаъолияти корхона, хоҳ - нохоҳ бо принсипҳои иқтисоди бозорц (интихоби озодонаи намуд ва шакли фаъолият, баробарҳуқуқии субъектҳои бозорц тибқи шаклҳои гуногуни моликият, нарх муқарраркунии озод, худтанзимкунии фаъолияти хоҷагидорц, ҷавобгарии иқтисодц, худмаблаггузорц, худидоракунӣ, худтанзимкунц...) алоқаманд мебошад.
Аз ин нуқтаи назар принсипҳои фаъолияти корхона ҳамчун фишурдаи моҳият ва мазмуни қонунҳои давлат оид ба шакли моликият, корхона, фаъолияти соҳибкорй, коллективҳои меҳнатц ва ғайра сурат мегирад.
Фаъолияти хоҷагидорц (истифода ва соҳибц кардан) маънои на танҳо истеҳсол кардани неъматҳои иқтисодц, балки ба вуҷуд овардани шароити истеҳсолот, фурӯхтани мол ва ба даст овардани фоидаро ҳамчун воситаи ба худ ҷалбкунц ва ҳамбастагии мақсад ва вазифаҳои истеҳсолот, тиҷорат, молия ва идора намудани намудҳои фаъолият ба мақсади тавлиди маҳсулоти дорои
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
На главную
Загрузка...
0 / 27

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru