Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Мо худ умрро кӯтоҳ намекунем, кӯтоҳумрӣ ба мо насиб шудааст.
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 48 >>

Точикон китоби Бобочон Ғафуров Кисми 3

Тэги:точикон | китоби | бобочон | ғафуров | таърих | точикистон
Добавил:Admin (03.04.2015 / 16:17)
Рейтинг:rating 27 article (0)
Прочтений:7040
Комментарии:0
Боби панҷум
СОХТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МИЁНАИ ҚАДИМ
1. ИСТОРИОГРАФИЯИ МАСЪАЛАҲОИ ФОРМАТСИЯИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҒУЛОМДОРИИ ОСИЁИ МИЁНАИ ҚАДИМ
Нотавонии илми буржуазӣ, алалхусус ҳангоми чун як чизи том омeхтани таърихи иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна ва Шарқ маълум шуд. Муаррихони буржуазӣ ба-рои шарҳу тафсири ин масъалаҳо усулеро пеш гирифта-анд, ки ба методологияи ғайриилмӣ асос ёфтааст ва ман-зараи ҳақиқии таърихиро таҳриф менамояд. Бар хилофи муаррихони буржуазӣ муаррихони советӣ аллакай аз солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юм сар карда, дар ягона мавқеи дурусту ҳақиқатан илмӣ – дар мавқеи марксизм - ленинизм истода, ба тавзеҳи конкретии форматсияҳои иҷтимоию иқтисодии шарқ шурeъ намуданд.
Ин тадқиқотро новобаста ба дигар масъалаҳо, ҷудо аз он муборизаи ша-диди идеологӣ, ки илми мо зидди идео-логҳои империалистии Европаи ғарбӣ ва Америка бурда истодааст, тасаввур кардан мумкин не. Ин идеологҳо (рeй-рост ё худ пардапeшкунон) исбот карданӣ мешаванд, ки халқҳои Шарқ аз азал қафомонда мебошанд ва дар Шарқ тараққиёти ҷамъиятӣ гуфтанӣ чизе набуд. Иддаои «ка-рахтии» тараққиёти ҷамъиятӣ дар Шарқ бо чунин як даъво «тақвият» дода мешуд, ки аз давраҳои таъсиси авва-лин давлатҳои Миср ва Байнаннаҳрайн то рeзҳои мо дар Шарқ муносибатҳои феодалӣ вуҷуд доштанд.
Асари доҳиёнаи В.И.Ленин «Дар бораи давлат», ки соли 1929 нашр шуд, дар кори аз нуқтаи назари марксистӣ муайян кардани таърихи иҷтимоию иқтисодӣ роли калон бозид. Дар ин асар навишта шудааст: «Тараққии та-моми ҷамъиятҳои инсонӣ дар давоми ҳазорҳо сол беистисно дар ҳамаи мамлакатҳо ба мо қонунияти умумӣ, дурустӣ, мунтазамии ин тараққиётро ба ин тариқа нишон медиҳад, ки дар аввал мо ҷамъияти бесинф - ҷамъияти аввалини патриархалӣ, ҷамъияти ибтидоиро мебинем, ки дар он ҷамъият аристократҳо набуданд, баъд ҷамъияти ба ғуломӣ асосёфта, ҷамъияти ғуломдориро мебинем. Ин роҳро тамоми Европаи мадании замони ҳозира тай кардааст – ғуломдорӣ 2 ҳазор сол пеш аз ин комилан ҳукмрон буд. Ин роҳро аксарияти бузурги халқҳои қитъаҳои дигари олам ҳам тай кардааст» .
Тадқиқи марксистии масъалаи форматсияҳои иҷти-моию иқтисодии Шарқ дар солҳои 20 – 30-юм акнун оғоз меёфт. Яке аз мушкилиҳои он солҳо ҳамин буд, ки аксари-яти насли калонсоли шарқшиносон, ки соҳиби дониши фактҳои конкрет буданд, дар соҳаи идеологияи марк-систӣ ҳанeз тайёрии казоӣ надоштанд. Дар ин бобат нутқи яке аз барҷастатарин намояндагони «насли калон-сол» академик С.Ф.Олденбург, ки дар маҷлиси фавқулод-даи АФ СССР июни соли 1931 эрод карда буд, ниҳоят ба мавриду муносиб шуд. О.Ф.Олденбург гуфта буд: «Мо халқҳо ва мамлакатҳоро ба халқу мамлакатҳои Шарқу Ғарб, халқу мамлакатҳои ба ҳамдигар муқобил ва ҳар яке-ро ба тарзи худ омeхташаванда ҷудо намекунем, зеро Шарқ бо ҳуқуқи баробар бо Ғарб ба Иттифоқи мо дохил шуд ва мо Ғарбро бо кадом методологияи марксистӣ меомeхта бошем, Шарқро ҳам бо ҳамон методология тадқиқ мекунем. Чи тавре дар Ғарб муборизаи синфӣ ра-вад, дар Шарқ ҳам чунин мубориза давом дорад. Дар Шарқ ҳам худи ҳамон форматсияҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар таърихи ғарб ҳастанд. Ин нуктаҳои асосии шарқши-носии мо мебошад» . Ана ҳамин тавр шоҳроҳи инкишофи шарқшиносии советӣ, ки ба таҳкурсии мазбути марксизм - ленинизм асос дорад, муқаррар карда шуд. Хуллас, диди марксистӣ ба таърихи халқҳои Шарқ тамоман хилофи он ҷараёни реаксионии илми буржуазӣ мебошад, ки мабдаву сиришти он чунин суханони маддоҳи империализми Британия Киплинг аст: «Бидонед, ки Шарқ Шарқ асту Ғарб Ғарб ва то рeзи арасот онҳо бо ҳам як нахоҳанд шуд!»
В.В.Струве маъхазҳои таърихи Миср ва Байнаннаҳрайни Қадимро марк-систона тавзеҳ дода ва онҳоро бо диққати тамом тадқиқ намуда, дар ибтидои солҳои 30-юм ба чунин хулосае омад, ки давлатҳои Шарқи қадим ҷамъиятҳои навъи ниҳоят соддатарини ғуломдорӣ буданд . Соли 1933 вай дар маърeзаи махсуси худ, ки барои Академияи давлатии таърихи маданияти моддӣ тайёр карда буд, ин ақидаи худро изҳор намуд ва он дере нагу-зашта аз чоп ҳам баромад . Ғояти ҷасорат будани гуфтаҳои вай роҷеъ ба мавҷуд будани форматсияи иҷти-моию иқтисодии ғуломдории Шарқ, ба ин дараҷа конкрет ва навоварона масъала гузоштани вай ва дар айни ҳол баъзе камбудиҳои ақидаҳои вай, яъне аз ҳад зиёд баланд бардоштани роли ғуломон ва баҳои лозима надодан ба аҳли ҷамоат боиси он гардид, ки баъзе олимони машҳур ба тавзеҳоти В.В.Струве зид баромаданд. Дигар олимон нуктаи дар Шарқ вуҷуд доштани форматсияи ғуломдори-ро қабул карда, онро инкишоф доданд .
Дар худи ҳамон соли 1933 С.П.Толстов дар пленуми Академияи маданияти моддӣ, ки ба масъалаҳои пайдоиш ва тараққии феодализм бахшида шуда буд, дар мавзeи «Генезиси феодализм дар ҷамъиятҳои кeчманчии чорво-дор» маърeза кард. Вай бисёр нуктаҳоеро асоснок намуд, ки баъдтар ба дурдонаҳои ганҷинаи илми таърихшино-сии советӣ мубаддал гардиданд, масалан, яке аз онҳо нук-таи робитаи зич доштани кeчманчиён ва зироаткорони муқимӣ мебошад ва ғ.
Дар айни ҳол, вай фарзияе пеш ниҳод, ки кeчманчиёни Осиёи Миёна (аз хуннҳо сар карда) аз асри II пеш аз милод то худи асрҳои VIII–IХ давраи инкишофи ғуломдориро аз сар гузаронданд ва зимнан «дар инкишофи ҷамъиятҳое, ки дар онҳо чорводории кeчӣ афзалият дошт, давраи ғуломдорие, ки ба форматсияҳои антиқии баҳри Миёназамин ҳамгун буд, дар як шакли ба худ хос демократияи ҳарбии ғуломдорӣ вусъат меёфт» . Ин фарзияи вай ба тафсил асоснок ва конкрет таҳлил нашуда буд ва иддаои С.П.Толстов аз он сабаб ҳам рахнапазир ҳисоб мешуд, ки баъзе нуктаҳои он ғалат буд (масалан, чунин иддао, ки дар байни туркманҳо дар асри ХIХ сохти ғуломдорӣ вуҷуд дошт ва ғ.). Вале умуман ақидаи С.П.Толстов, ки нисбат ба Шарқ таълимоти марксистии форматсияҳои иҷтимоию иқтисодиро конкрет татбиқ менамуд, хеле судбахш баромад. Аз ин ақида мантиқан бармеомад, ки нафақат халқҳои кeчманчии Осиёи Миёна, балки халқҳои муқимии ба онҳо зич робита дошта ҳам марҳалаи тараққиёти ғуломдориро аз сар гузарондаанд.
Гузориши нави масъала боиси эътирози сахти як қатор олимон гардид. Масалан, А.Н.Бернштам дар пленуми соли 1933 тарафдори чунин ақида шуд, ки «қисми зиёди Осиё (Осиёи Миёнаро ҳам вай ба ин ҷо ҳамроҳ мекард.– Б. Ғ.) форматсияи ғуломдориро аз сар нагузаронда аз коммунизми ибтидоӣ ба ҷамъияти феодалӣ гузаштааст» .
Ду сол сонитар, соли 1935 М. Е. Массон даъво кард, ки дар давраи баъди асри VIII милодӣ дар Осиёи Миёна ал-лакай «заволи муносибатҳои кeҳнаи феодалӣ» сар шуда буд .
Вале чунин нукта, ки халқҳои Осиёи Миёна давраи ғуломдориро аз сар гузарондаанд, тадриҷан ба саҳифаҳои нашрияҳои илмии оммавӣ ва махсус роҳ меёбад .
Соли 1938 С. Толстов бори нахуст сохти ғуломдории Осиёи Миёнаи қадимро муфассал тафсир дод. Нуктаҳои асосии он тафсир инҳоанд:
Аъёну ашрофи суғдиён дар арафаи истилои арабҳо хосияти «ғуломдорӣ ва сардорони қабилаву авлод»-ро мепазируфтанд.
Ҳокимияти он ба «дастаҳои мусаллаҳи ғуломони чақир... ва ба лашкари боимтиёзи савораи ҷавонони аш-рофзода», ки маъхазҳои арабию форсӣ ва хитоӣ аз онҳо ривоят менамоянд, такя мекард. Ин намуди ташкили да-стаҳои ҳарбӣ дар давраи портҳо ҳам расм буд.
Тамаддуни қадими воҳаҳои Осиёи Миёна симои хоси «шаҳрӣ» дошт.
Кeчманчиён
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 48 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 42

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©