Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Бекор – забони бадгӯй дорад.
Библиотека | Кори Дипломи курси илми
1 2 3 ... 13 >>

РИСОЛАИ ХАТМ дар мавзӯи «Хусусиятҳои муайян намудани мизони боҷҳои гумрукӣ»

Тэги:намунаи кори курси | мавзуи | кори дипломи рисолаи дипломи | кори курси аз фанни молия | кори курси аз фанни назарияи иктисоди | кори курси аз фанни педагогика | кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук | кори курсове аз фанни макроиктисод | дипломная работа как написать | дипломная работа пример | дипломная работа скачать бесплатно | дипломная работа купить | дипломная работа цена | дипломная работа фильм | дипломная работа на заказ | дипломная работа оформление
Добавил:Admin (04.05.2017 / 12:30)
Рейтинг:rating 267 article (0)
Прочтений:805
Комментарии:0
«Гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибихтиёр нақши муҳимеро мебозад. Аз фаъолияти самараноки гумрук пур кардани хазинаи давлат ва буҷети он таъмини моддии соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлат вобастагӣ дорад. Ба ин андеша боз метавон ҳаминро илова кард, ки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологии мамлакат бевосита ба фаъолияти Хадамоти гумрук вобаста мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон

САРСУХАН

9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти милии худро ба даст овард ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳони муосир эътироф гардид. Вобаста ба ин, яке аз рукнҳои соҳибихтиёрии давлат ин доштани марзи ягонаи ў аст ва ин марз дахлнопазир ва тақсимнашаванда мебошад.
Дар баробари ин барои ҳимояи ҳудуд, манфиатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва бехатарии миллӣ бояд, ки дар ҳар давлати алоҳида таъмин бошад. Ин корро давлат бо воситаи таъсис додани мақомотҳои давлатии худ метавонад роҳандозӣ кунад.
Яке аз мақомотҳои амаликунандаи нуқтаҳои дар боло зикргардида, ин мақомоти гумрук мебошад. Мусаллам аст, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўзҳо нисбат ба дигар мақомотҳои давлатӣ бо вазифаҳои аз ҷониби давлат ба ў гузошташуда, дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва тараққиёти иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамарро анҷом дода истодааст.
Муҳимтарин вазифае, ки дар айни замон мақоми гумрук иҷро карда истодааст, ин вазифаи фискалии он мебошад.
Вазифаи фискалиро мақомоти гумрук бо танзими тарифи гумрукӣ ва истифодаи усулҳои самараноки тарифӣ метавонад ба сомон расонад.
Танзими тарифии гумрукӣ равона мегардад ба муайян намудани мизони боҷи гумрукӣ ва вобаста ба ин ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз молҳои тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда бо мақсади саҳмгузорӣ ва ѓанигардонии буҷети давлатии мамлакат амалӣ карда мешавад.
Мақсади асосии рисолаи дипломӣ ин истифодаи самараноки тарифҳои гумрукӣ нисбат ба молҳои воридотӣ ва ба ин васила тараққӣ додани иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Актуалӣ будани мавзўи рисолаи дипломӣ дар он аст, ки истифодаи босамари тарифҳои гумрукӣ заминаи мусоиди муносибатҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.






















БОБИ 1. ТАНЗИМИ ТАРИФИ ГУМРУКӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ ИДОРАКУНИИ ТИҶОРАТИ ХОРИҶӢ
1.1. Мафҳум ва элементи асосии танзими тарифи гумрукӣ
Дар давраи иқтисодиёти бозоргонӣ давлатҳо танзими фаъолияти иқтисодии берунаи худро бо мақсади таъмини бехатарии мамлакат ва манфиатҳои умумимиллӣ ба роҳ мемонанд.
Фаъолияти мақомотҳои давлатӣ дар танзими фаъолияти иқтисодии беруна бо истифодаи шакл ва усулҳои батанзимдарорӣ ва татбиқи сиёсати дохила ва беруна ба амал оварда мешавад.
Барои пешрафти иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими гурукию тарифӣ ҷойи намоёнро ишѓол мекунад. Барои ба амал овардани танзими гумрукию тарифӣ саҳми мақомоти гумрук назаррас мебошад.
Танзими гумрукӣ аз муқаррар намудани тартиб ва қоидаҳое иборат мебошад, ки шахсон ҳангоми риояи онҳо ҳуқуқи аз сарҳади гумрукӣ интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиётро пайдо мекунанд. Танзими гумрукӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Барои фаҳмидани мавқеи танзими гумрукию тарифӣ ҳамчун воситаи танзимкунандаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мо бояд ба ин мафҳум эътибор диҳем.
Фаъолияти гумрукӣ маҷмўи усулҳо ва воситаҳои таъмини риояи тадбири танзими гумрукию тарифӣ, мамнўият ва маҳдудиятҳоеро дарбар мегирад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ муқаррар шудааст . Яъне фаъолияти гумрукӣ ин худ танзими гумрукию тарифиро дар бар мегирад. Тарифи гумрукӣ инчунин усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии мол ва ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ, механизми ҷорӣ намудан, таѓйир додан ва бекор кардани онҳо, қоидаҳои муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи молро дарбар мегирад.
Воситаи барҷастаи танзимкунандаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – ин тарифи гумрукӣ мебошад, ки он чандон хислати иқтисодии танзимкуниро дорад.
Тарифи гумрукӣ – аз калимаи фаронсавии (Customs tarif) гирифта шуда, маънояш системаи ставкаҳо (мизонҳое) мебошад, ки мувофиқи он пардохтҳои гумрукӣ аз молҳои тариқи сарҳади гумрукӣ интиқолёбанда ситонда мешаванд .
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарифи гумрукӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» ва Кодекси гумрук танзим карда мешавад.
Мақсади асосии тарифи гумрукӣ аз инҳо иборат аст:
1. Ба таври ратсионалӣ ба роҳ мондани воридоти молҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Шароити мусоид фароҳам овардан барои роҳ ёфтани молҳои ватанӣ ба бозори ҷаҳонӣ;
3. Ба вуҷудории рақобати солим бо мақсади ҳамгироии иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ.
Тарифи гумрукӣ аз элементҳои зерин иборат мебошад:
- боҷҳои гумрукӣ, ставка ва намудҳои онҳо;
- арзиши гумрукии молҳо ва усулҳои муайян намудани он;
- имтиёзҳои тарифӣ ва озодкунии молҳои алоҳида аз пардохтҳои гумрукӣ.
Элементҳои дар боло зикир гардидаро дар саволҳои ояндаи мавзў ба таври муфассал дида мебароем.
Дар зери мафҳуми танзими тарифи гумрукӣ ҳаминро низ фаҳмидан мумкин аст, ки ин танзим маҷмўи муқаррароти давлатиест, ки бо чораҳои иқтисодӣ (тарифӣ) ва маъмурӣ (ѓайритарифӣ) танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади ҳимояи бозори дохилӣ, истеҳсолкунандагони ватанӣ, танзими варидоту содироти молҳо ва ниҳоят пур намудани буҷети давлатӣ ба роҳ мемонад.
Ставкаҳои тарифҳои гумрукӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи танзими тарифи гумрукӣ муайян карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори тарифҳои гумрукӣ, имтиёзҳои тарифӣ ва гумрукиро низ муайян мекунад.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар ҳамроҳӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати давлатҳои хориҷӣ сиёсати гумрукиро ҷорӣ менамояд.
Сиёсати гумрукӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Аз он сабаб, ки мақомоти гумрук мақомоти давлатӣ мебошад ва он сиёсате, ки дар саҳаи фаъолияти гумрук аз тарафи давлат гирифта мешавад онро дар амал татбиқ менамояд.
Исботи мақоми давлатӣ будани мақомоти гумрук дар Кодекси гумрукӣ ба таври возеҳ ва равшан дарҷ гардидааст.
Мутобиқи моддаи 460 КГҶТ мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, ҳеҷ яке аз мақомотҳои давлатӣ, ба истиснои Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд қароре қабул намоянд, ки ба салоҳияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл намояд, бе иҷозати дахлдор вазифаҳои онҳоро иҷро намояд
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 13 >>
На главную
Загрузка...
0 / 38

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru