Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Шири гов аз даҳонаш вобаста аст.
НАШ Viber Чат OKTJ.RU
Библиотека | Кори Дипломи курси илми
1 2 3 ... 15 >>

РИСОЛАИ ДИПЛОМӢ Самтҳои асосии танзим ва идораи қарзҳои дохилӣ ва хориҷии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷик

Тэги:намунаи кори курси | мавзуи | кори дипломи рисолаи дипломи | кори курси аз фанни молия | кори курси аз фанни назарияи иктисоди | кори курси аз фанни педагогика | кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук | кори курсове аз фанни макроиктисод | дипломная работа как написать | дипломная работа пример | дипломная работа скачать бесплатно | дипломная работа купить | дипломная работа цена | дипломная работа фильм | дипломная работа на заказ | дипломная работа оформление
Добавил:Admin (04.05.2017 / 12:26)
Рейтинг:rating 266 article (0)
Прочтений:1733
Комментарии:0
М У Н Д А Р И Ҷ А

Сарсухан……………………………………………………………………… 3
Боби 1. Мафҳум, моҳият ва вазифаҳои қарзи давлатӣ.……………….. 6
1.1. Қарзи давлатӣ ва моҳияти он ………….…………………………. 6
1.2. Гурӯҳбандии қарзи давлатӣ ………………………………..…...... 12
1.3. Навъҳои қарзгирии давлатӣ………………………………………. 16
Боби 2. Зарурияти қарзи давлатӣ дар такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ ……………………………………………………………………..
22
2.1. Қарзи давлатӣ дар инкишофи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон …………………………...……………………………..
22
2.2. Кафолати давлатӣ аз рӯи маблаѓи қарзи давлатӣ……………… 35
Боби 3. Танзим ва идораи қарзҳои дохилӣ ва хориҷии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон………………………………………………………
39
3.1. Мафҳуми идоракунии қарзи давлатӣ……………………………. 39
3.2. Мақомотҳои идоракунандаи қарзи давлатӣ……………………. 47
3.3. Хизматрасонии қарзи давлатӣ……………………………………. 49
Хулоса………………………………………………………………………… 60
Феҳрасти адабиёти истифодашуда………………………………………. 62






С А Р С У Х А Н
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ҳамчун давлати соҳибихтиёр эълон шуд. Давлати соҳибихтиёр шудани Тоҷикистон дар натиҷаи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омад.
Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ байни 15 ҷумҳуриҳои иттифоқ ҳама гуна муносибатҳои иқтисодӣ вайрон шуда, риштаҳои пайванди байни онҳо канда шуд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора ба сатҳи пасттарини иқтисодӣ омада расид. Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон то андозои 7,1% дар соли 1991 ва 29% дар соли 1992 поён шуд. Аз он ҷумла ҳаҷми истеҳсоли соҳаи саноат то андозаи 7,1% дар соли 1991 ва то андозаи 34% дар соли 1992 паст шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ то андозаи 4,4% дар соли 1991 ва 27,9% дар соли 1992 паст шуд.
Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад бе ёрдами дигар мамлакатҳои дунё яъне бе гирифтани қарзи давлатӣ иқтисодиётро ба роҳи дуруст равона созад.
Ҳатто дар соли 1992 камомади буҷаи давлатӣ андозаи 31,2 %- ро нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ташкил мекард. Барои сари вақт пӯшонидани ин камомадҳо лозим омад, ки давлати Тоҷикистон ба дигар давлатҳои хориҷа муроҷиат намуда қарз гирад.
Аз ин ҷо пайдоиши қарзи давлатӣ сар зад ва барои пешбурди иқтисодиёти мамлакат каме ҳам бошад кӯмаки худро расонад.
Ташкили иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон кушода шудани роҳҳо ва интегратсияи ӯро ба хоҷагии ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Ҳар кадом корхона, ташкилот, фирма ва муассисоте, ки дар муносибатҳои бозорӣ иштирок мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон бояд ба бозорҳои беруна роҳҳо дошта бошанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат ҳаракати ҳақиқии онҳоро дар ҷараёнҳои иқтисодии байналхалқӣ дидан мумкин аст.
Санҷидан ва баҳо додани мавқеи берунӣ ё худ хориҷии мамлакат - ин қадамҳои зарурӣ дар қабули қарорҳои сиёсати иқтисодӣ мебошад. Тамоми амалиётҳо ва муносибатҳои молиявии байни корхонаю ташкилотҳо ва воситаи давлат барқарор карда мешавад, ва ҳамаи он қарордодҳое, ки баста мешавад ҳамчун кафолатдиҳандаи баргардони-дани маблаѓ, давлат баромад мекунад.
Тамоми амалиётҳое, ки дар хориҷи кишвар мегузарад дар дохили давлат ҳамеша таҳлил карда шуда бо розигии Ҳукумат, қарордодҳо қабул карда мешаванд ва тамоми ин амалиётҳо бо воситаи Вазорати молияи Ҷумҳурӣ ба тавозуни савдои берунаи давлат дохил карда мешаванд.
Дар алоқамандӣ бо ин имрӯзҳо равиши асосии кор на танҳо тартиб ва бавуҷудорӣ, балки барқарор намудани муносибатҳои барҳамхӯрда дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст. Қарзи давлатӣ таҳлил ва тайёр кардани пешгӯиҳои кӯтоҳ-мӯҳлату миёнамӯҳлати нишондиҳандаҳои он ҳам тартиб дода мешавад.
Аз он, ки тараққиёти дохилӣ ва берунӣ фаъолияти тамоми мамолики ҷаҳон бо ҳам алоқаи зиҷ доранд, пас Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кӯшишу ѓайрати зиёд намояд то ин, ки муносибатҳои қарзии худро ба дигар мамоликҳои тараққикардаи дунё беҳтар намояд.
Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, ки «…ҷалби ҳарчи бештар сармоя ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат…. Агар соли 2006 дар Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои байналмиллалии молиявӣ 33 лоиҳаи муштараки сармоя-гузорӣ ба маблаѓи 409 миллон сомонӣ амалӣ шуда бошад, ҳоло 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблаѓи 10 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар давоми солҳои 2006-2012 сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвари мо беш аз 20 миллиард сомониро ташкил додааст.»
Иқтисодиёти мамлакатҳои гуногнуни ҷаҳон, ки ҳоло бо ҳам вобастагии калон дошата, ин вобастагӣ рӯз то рӯз афзуда истодааст, талаботро ба омори молиявии Вазорати молия зиёд мекунад. Нақшаи омори мазкур барои интегратсияи бозори байналхалқӣ ва қарзи давлатӣ калон мебошад.
Мақсади асосии ин кори дипломӣ омӯхтани таҳлили макро-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёфтани роҳҳои истифодабарии самараноки захираҳои дохилию берунии иқтисодӣ, роҳҳои афзудани иқтидори фаъолияти инвеститсионии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Аз рӯи дар асоси мақсадҳои гузошташуда дар ин кори дипломӣ мо кӯшиш менамоем, ки то масъалаҳои зеринро ҳал намуда оиди он суханронӣ намоем:
- таҳлилнамоии моҳият ва зарурияти қарзҳои дохилӣ ва берунии ҷумҳурӣ;
- омӯхтани тарзҳо ва гурӯҳбандии қарзи давлатӣ;
- таҳлили қарзи давлатӣ дар ҷумҳурӣ.
Объекти навиштани кори дипломӣ маълумотҳои Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Кори дипломии мазкур аз сарсухан се боб, хулоса ва рӯйхати адабиёти истифодашуда иборат мебошад.
Асоси назарявӣ ва илмии кор тараққиёти иқтисодӣ ва такрор-истеҳсолот, ки аз тарафи донишмандони иқтисодчӣ кор карда шудаанд ва қарорҳои мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъ-алаҳои маблаѓгузории хориҷӣ ва фаъолити берунии иқтисодӣ бахшида шудаанд иборат мебошад.
Ба сифати базаи ахборотҳо маълумотҳои Бонки Миллии Тоҷикистон, Комитети омории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазо-рати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маълумотҳое, ки дар гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз худ кардам истифода бурда шудаанд.

БОБИ 1. МАФҲУМ, МОҲИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ
1.1. Қарзи давлатӣ ва моҳияти он
Дар шароити бозор давлат ҳамчун соҳибкору ташкилкунандаи соҳибкорӣ ва муайянкунандаи қоидаҳо дар мамлакат баромад мекунад. Дар ин маврид ӯ на танҳо муносибати шахсони воқеию ҳуқуқиро нисбан ба худ, балки нисбати онҳо ӯҳдадариҳои зиёде ба мисоли: таъмини амният ва ҳимояи мамлакат, суѓуртаи иҷтимоию маблаѓгузорӣ ба иқтисодиёт, идораи мамлакат ва ѓайраро ба зимма мегирад.
Ӯҳдадориҳои номбаршуда талаб менамоянд, ки давлат манбаҳои молиявии дар ихтиёр доштаашро самаранок ба мақсади таъмини рушди устувори мамлакат истифода барад ва дар мавриде, ки захираҳои молиявӣ барои ҳалли талаботи ҷамъият намерасанд, аз аҳолию соҳибкорони мамлакати худ ва ё аз соҳибкорону давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ қарз гирад.
Қарз гуфта маблаѓи пулро меномем, ки мутобиқи шартнома гирифта шуда ба ҳамон андоза, бо фоиз аз истифодаи он дар вақти муайян баргардонида мешавад. Мӯҳлатнокии қарз шакли асосии бозгардонии он аст. Усули мӯҳлатнокӣ нишон медиҳад, ки дар мӯҳлати муаяйншуда
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 15 >>
На главную
Загрузка...
0 / 19

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru