Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Хар ҳарчанд давон бошад, ҳам асп шуда наметавонад.
Библиотека | Кори Дипломи курси илми
1 2 3 ... 17 >>

РИСОЛАИ ДИПЛОМӢ дар мавзӯъи: «Баҳодиҳии устувории молиявии бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳҳои беҳтаркунии о

Тэги:намунаи кори курси | мавзуи | кори дипломи рисолаи дипломи | кори курси аз фанни молия | кори курси аз фанни назарияи иктисоди | кори курси аз фанни педагогика | кори курси аз фанни назарияи давлат ва хукук | кори курсове аз фанни макроиктисод | дипломная работа как написать | дипломная работа пример | дипломная работа скачать бесплатно | дипломная работа купить | дипломная работа цена | дипломная работа фильм | дипломная работа на заказ | дипломная работа оформление
Добавил:Admin (04.05.2017 / 12:22)
Рейтинг:rating 265 article (0)
Прочтений:1158
Комментарии:0
М У Н Д А Р И Ҷ А
Сарсухан……………………………………………………………………..
Боби I. Асосҳои назариявии устувории молиявии бонкҳо……………
1.1. Моҳият ва зарурияти таҳлили молиявии бонкҳои тиҷоратӣ……
1.2. Ҳолати молиявӣ ва устувории филиалҳои ҶСК «Агроинвест-бонк» дар вилояти Суғд дар соли 2013...........................................

Боби II. Таҳлили ҳолати молиявии бонкҳои тиҷоратӣ (дар мисоли филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд……….
2.1. Таҳлили фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории бонк………….........
2.1. Таҳлили нишондиҳандаҳои вазъи молиявии филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд…………………….
Боби III. Роҳҳои беҳтар намудани устувории молиявии филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд………………..
3.1. Баҳодиҳӣ ва такмили идоракунии бозоргирӣ ва пардохтпазирӣ………………………………………………………..
3.2. Роҳҳои беҳтар намудани устувории молиявии филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд …………..
Хулоса………………………………………………………………………..
Адабиёт…………………………………………………………..
Замимаҳо

С А Р С У Х А Н

Дар шароити рушди босубот ва мунтазами рақобати бонкӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд ба таҳлили ҳолати молиявӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Масъалаҳои таҳлили устувории бонки тиҷоратии муосир ва таъмини мавқеи устувори он дар бозори рақобат-нок дар низоми бонкии миллӣ аҳамияти хоса пайдо намудааст.
Барои таъмини рақобатпазирии бонкӣ ва таъмин намудани устувории молиявии он мавқеи асосиро таҳлили вазъи молиявии бонки тиҷоратӣ ишғол менамояд. Барои он ки кулли қарорҳои молиявии бонк аз рӯи натиҷаҳои таҳлили молиявӣ қабул карда мешавад.
Дар бобати таъмини устувории бонкӣ дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ азҷумла чунин таъкид омадааст: «…дар соли 1995-ум меъёри таваррум қариб ба 1000 фоиз ва қарзи берунии мамлакат ба 130 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шуда, соли 2000-ум сатҳи таваррум қариб 61 фоизро ташкил дода буд.
Дар ин раванд, қабл аз ҳама, вобаста ба вазъи макроиқтисодӣ паст кардани фоизи бонкӣ, фаъол намудани бозори қарзӣ, бозори асъор ва коғазҳои қиматнок, татбиқи босамари сиёсати пуливу қарзӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пул ва афзун намудани захираҳои байналмилалӣ нақши муассир гузоштанд.
Ҳаҷми муомилот дар бозори байнибонкии асъор дар ҳафт соли охир 836 баробар афзуда, ҳаҷми захираҳои асъорӣ 4,3 баробар зиёд гардидааст.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ислоҳот дар низоми бонкдории кишвар идома дода, ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани хизматрасонии электронӣ ва шаффофияти фаъолият назорати бонкӣ ва амалисозии мониторинги молиявӣ пурзӯр карда шавад.
Ин амал ба ҷалби фаъолияти ҳамаи субъектҳои хоҷагидор ба иқтисодиёт, пастшавии сатҳи иқтисоди пинҳонӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи коррупсия дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар баробари амалисозии сиёсати пулӣ ва андозу буҷет зарур аст, ки сиёсати макроиқтисодии ҳамоҳангшуда ва мутавозин татбиқ карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, бояд ҷиҳати афзун намудани шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои дарозмуддат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ чораҷӯӣ карда шавад» .
Дар партави гуфтаҳои боло, мавриди навиштани рисолаи дипломӣ роҳҳо ва усулҳои таҳлили ҳолати молиявии бонкҳо, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири баҳодиҳии вазъи молиявии бонкҳо истифода бурда мешаванд.
Мақсади рисолаи дипломӣ ин ошкор намудани самтҳои асосии таъмини устувории молиявии бонкҳо ва пешниҳоди роҳҳои асосии такмили онҳо дар шароити рақобати бошиддати бонкӣ дар низоми қарзӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад вазифаҳои зерин муайян карда шудаанд:
- дида баромадани принсипхо, давраҳо, усулҳо ва тарзҳои таҳлили молиявии бонкҳо ва ғайра;
- муайян намудани меъёрҳои баҳодиҳии вазъи молиявии бонкҳои тиҷоратӣ;
- омӯзиши методологияи баҳодиҳии сатҳи хавфи бонки тиҷоратӣ;
- таҳлили нишондиҳандаҳои тавозуни филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд;
- таҳлили нишондиҳандаҳои вазъи молиявии филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд;
- такмили идоракунии бозоргирӣ ва пардохтпазирӣ;
- роҳҳои баланд бардоштани даромаднокии филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд.
Сохтори рисолаи дипломӣ сарсухан, се боб, хулоса ва руйхати адабиёти истифодашударо фаро мегирад.
Дар боби аввал паҳлӯҳои назариявию методии мавзӯъ дар асоси истифода аз асноди меъёриву ҳуқуқии соҳа, азҷумла дастурамалҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтаанд.
Боби дуввуми рисолаи дипломӣ ба масъалаҳои бевоситаи таҳлили ҳолати молиявии бонки тиҷоратӣ аз рӯи маводҳои омории филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд бо ёрии коэффисиентҳои иқтисодӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин боб ҳуҷҷатҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва яке аз бонкҳои пешсафи вилоят – филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд дар самти таҳлил ва ҳисобкунии нишондиҳандаҳои бозоргирӣ ва пардохтпазирии бонкӣ истифода шудаанд.
Дар боби сеюми кори дипломӣ, дар асоси натиҷаҳои таҳлил, самтҳои такмили идоракунии бозоргирӣ ва пардохтпазирӣ, ҳамчунин роҳҳои баланд бардоштани даромаднокии филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд кор карда баромада шудаанд.
Бо мақсади инъикоси пурраи мавзӯи мазкур қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомнома ва дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилии бонки тиҷоратӣ, ки муаммоҳои таҳлили ҳолати молиявии бонкҳоро танзим менамоянд, инчунин мақолаҳо, маводҳо ва адабиёти олимони ватаниву хориҷӣ, сомонаҳои интернетии инъикоскунандаи муаммои мазкур истифода гардидаанд.

БОБИ I. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ УСТУВОРИИ МОЛИЯВИИ БОНКҲО

1.1. Моҳият ва зарурияти таҳлили молиявии бонкҳои тиҷоратӣ

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои амонатгузорону қарздеҳон ва таъмини суботи молиявии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон меъёрҳои мақбули (пруденсиалии) ҳатмии зеринро барои танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар мекунад :
- ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) навтаъсис;
ҳадди ақалли сармояи танзимшаванда барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) амалкунанда;
андозаи ниҳоии қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ;
андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;
меъёри кифоятии сармоя;
меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;
меъёри хавфҳои асъорӣ, фоизӣ ва ғайра;
меъёри истифодаи маблағҳои худии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) барои харидани cаҳмияҳои (ҳиссаҳои) шахсони ҳуқуқӣ;
андозаи ниҳоии қарзҳо (кредитҳо), кафолатҳо ва замонатҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ба шахсони вобастаи худ додаанд;
меъёри танзими амалиёти ҷалби амонатҳо ва пасандозҳо (барои ҷамъиятҳои қарздиҳӣ).
Бонки миллии Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи пешқадам ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар намуда, ҳангоми амалӣ намудани назорат онҳоро истифода мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои боби мазкур талаботро муқаррар мекунад, ки нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва бонкҳои фаръии онҳо дар заминаи назорати ҳамаҷонибаи маҷмӯӣ татбиқ мегарданд.
Бонки
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 17 >>
На главную
Загрузка...
0 / 21

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru