Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Оқил забонашро дар қалб ва аҳмақ дар даҳон ҷой додааст.
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси

ОБ ПАЙҒОМИ СУЛҲ БОШАД НА НИЗОЪ

Тэги:об | об манбаи хает | дар бораи обхои точикистон | 10 солаи об барои хаёт | 2018 2028 | 10солаи об точикистон | точики | точикистон
Добавил:Admin (27.02.2017 / 09:03)
Рейтинг:rating 254 article (0)
Прочтений:801
Комментарии:0
ОБ ПАЙҒОМИ СУЛҲ БОШАД НА НИЗОЪ
( Дар ҳошияи эълон шудани солҳои 2018 - 2028
“ Об борои рушди устувор” )
Яке аз масъалаҳои мубраме, ки шояд дар даҳсолаи оянда сарбории зиёде ба сокинони сайёра гардад, ин дасрасӣ ба оби тоза аст. Президенти кишвар бо дарки муҳимияти масъала борҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ ин масъаларо пешрӯи аҳли ҷомеа қарор дода, роҳҳои ҳалли онро дар ҳамбастагиву ҳамкорӣ номидааст. Амалиёти 10 – солаи “Об барои ҳаёт” ва солҳои 2018 – 2028 “Об барои рушди устувор’’ маҳс бо пешниҳоди кишвари мо элон шудааст. Ин мавқегирӣ бори дигар дар конфронси байналмиллалӣ аз забони Президенти кишвар гуфта шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба мушкилоти вобаста ба афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим,бӯҳронҳои молиявӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ, таъкид дошт, ки ”ҳадафҳои рушди устувор барои муддати дароз бояд мушаххасу шаффоф бошанд ва аз ҳама муҳимтараш, ба қонеъ намудани ниёзҳои табақаҳои аз ҳама осебпазири мардум ва занону кӯдакон равона гарданд“.
Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони соли 2013 чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об аз тамоми давлатҳо даъват намуд, <<дар кори васеътар гузаронидани чорабиниҳои ин соли фаъолтар ширкат варзанд, то муколамаву ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи истифодаи устувор ва дастаҷамъонаи зохираҳои об амалӣ гардад>>.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масоили обро асоси татбиқи босамари Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола, рушди устувор барои ҳама,энергетика барои ҳама, пешбурди << иқтисодиёти сабз >>, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрастии умумӣ ба озуқаворӣ, таъмини санитария ва дигар ҳадафҳои эълоншудаи глоболӣ номида, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳия ва қабули стратегияҳои мушаххаси маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба идоракунии зоҳираҳои об даъват намуд.
Воқаен ҳам тибқи маълумотҳои оморӣ танҳо дар минтақаи Осиё ҳудуди 1,1 миллиард нафар аҳолӣ дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ надоранд. Беш аз 2,4 миллиард нафар бошад, оби ғайри қабили нушокиро истеъмол мекунанд.
СЕКУНҶАИ БЕОБӢ
Аллакай чанде аз кишварҳои давлатҳои арабӣ шурӯъ аз Тунис то Покистону Судан ба оби ошомиданӣ танқисии зиёд мекашанд. Дар ин мамлакатҳо бо назардошти талоботи аграрӣ ба ҳар як сари аҳолӣ ҳамагӣ 1000 литр об мерасаду халос.
Мушкилии дигар он аст, сифати таркибии об чандон қобили истеъмол нест. Аз мушоидаҳо бармеояд, ки ҳар чи қадар зиёд мо обро исроф кунем, ҳамон андоза сифати таркибии об дурушт мешавад. Дар кишварҳои пешрафтаи олам 70 дар сади партовҳои корҳонаҳои саноатӣ ба об партофта мешавад.
СОКИНОНИ САЙЁРА ЗИЁД ВА ОБ
КАМ ШУДА ИСТОДААСТ.
Ҳар сол бинобар дастрас набудан ба оби тозаи ошомиданӣ дар курраи замин беш аз 5 миллион одам мефавтад. Аз рӯи маълумоти мутахассисон дар 15 солаи наздик аҳолии саёра ба 8,5 миллард мерасад. Ва мувофиқи хулосаи коршиносон зохираи об дар ин 15 сол бинобар гарм омадани иқлим сеяк кам мешавад.
Мувофиқи баҳодиҳии Созмони милали мутаҳид агар истемоли ҳозираи оби ошомиданиро ба назар гирем, пас аз 20 сол зиёда аз 1,8 миллиард аҳолии саёра ба танқисии об мувоҷеҳ мегарданд.
Ин раванд сол то сол боз ҳам мушкилтар мешавад, дар ҳоле ки шумораи зиёди сокинони деҳот бинобар паст будани ҳолати иҷтимоӣ рӯ ба шаҳрҳои бузург меоранд ва мусаллам аст, ки истеъмоли оби нӯшокӣ низ дар шаҳрҳо меъёри худро дорад. Аллакай мувофиқи ҳисобу китобҳо то соли 2020 шаҳрҳое, ки аҳолиашон аз 8 милион мегузарад, ба 33 адад расида аксари ин шаҳрҳо дар минтақаҳои ҷойгиранд, ки оби ошомиданӣ кам аст.
МАДАНИЯТИ БАЛАНД БОИСИ ЗИЁДШАВИИ ОБ
Ҷаҳони мутамаддин ба суръате пеш меравад, ки онро ба даҳсолаи наздик тасаввур кардан нашояд. Ва ин хоҳем нахоҳем ба зиёд шудани талабот ба об расонда истодааст. Аксари ба қавле элитаҳо имрӯз дар ҳавлиҳои беруназшаҳрии худ ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар воситаҳои истифодабарри аз ҳад беҳади обро доранд, ки ин гуна тараққиёт хоҳ –нохоҳ ба он оварда мерасонад, ки танқисӣ ба об шавад.
Исбот шудааст, ки ҳар як сокини аврупо ба ҳисоби миёна 6 маротиба бештар обро нисбати гузаштагони ҳуд зиёдтар истеъмол мекунад. Яне ки рузе ба ҳисоби миёна аз 100 литр то 200 литр об истеъмол карда мешавад. Ин рақами дар кишварҳои Амрикву Австралия аз 400 литр то 1000 литр барои як сари аҳолӣ дар як рӯз ҳисоб карда мешавад.
45 дар сади об беҳуда сарф мешавад
Танҳо ҳудуди 55 дар сади об тарафи аҳолӣ мақсаднок сарф мешавад, боқимонда 45 дар сад беҳуда масраф мешавад. Дар намеравем, дар як худи шаҳри Хуҷанд даҳҳо нуқтаҳои кранҳоро мебинем, ки об ройгон ҷорӣ шуда истодааст.Чанде пеш роҳбари маркази солимгардонии << Ҳамдам>> Мирзоҳамдам Қурбонов аз масъулини назорати оби шаҳри Хуҷанд тариқи телефон ба мо ,, ба мо аз он шикоят карданд, ки дар ҳудуди Марказ як ҷои ноободро дар ҳаҷми 00,3 сотих онҳо гирифта обод карда, як макони сабз карданд, аммо кормандони хоҷагии об омада, маблағи зиёд талаб карданд, ҳол он ки ин порча замин оби зиёдро талаб намекунад. Чун рафта аз воқеъияти ҳол огоҳ шудем, ростӣ дар шигифт мондем. Дар наздикии Марказ моҳҳои дароз трубаи об кафидаву об ройгон ҷорӣ мешавад, касеро аз он парво нест. Ҷое ки обро мақсаднок сарф мекунад, маҷбур мекунад, маҷбур мекунад, то ҷарима супорад.
Чӣ БОЯД КАРД?
Дар 25 солаи наздик барои беҳ гардонидани вазъи бо оби ошомиданӣ тоза таъмин намудани мардум 180 миллиард доллар мерасад. Тоҷикистон чун макони обҳои ширину шифобахш дар минтақа ном баровардааст ва Президенти кишвар борҳо дар суханрониаш аз давлатҳои ҳамсоя даъват ба амал овард, ки аз оби тозаи кӯли Сарез тавассути бунёди хатти нӯшоки ройгон истифода баранд. Дар назар аст, ки дар солҳои наздик миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи ҳамкории муштарак оиди аз ҷониби Тоҷикистонсодир намудани оби тозаи ошомидани ва аз Эрон ворид намудани нафти арзон ҷорӣ карда шавад. Имрӯз кишварҳои ҳамсоя ба об ин неъмати бузурги табиат хеле муносибати нохуб доранд. Бо он ки ҳазорҳо гектар даштҳои ташнашиканро шодоб мекунанд, боз даъво пеш меоранд, ки кишварҳои дар саргаҳи об буда намегузоранд то минтақоҳои поён об бо дастрасӣ дошта бошанд. Пас аз ин хулоса баровардан мумкин аст, кишвари мо бо амалҳои садоқатмандонаи Президенти кишвар натанҳо ғами сокиношанро мехӯрад, балки ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор дода истодааст, ки ба қадри об бояд расид вагарна об масъалаи ҷанг хоҳад шуд.
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 16

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru