Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Бо сипохй ( милиса ) ҷ ура нашав, ба занат сири дилатро наг ӯ й ва аз навкиса карз магир
Библиотека | Тестхо Саволу чавоб,Тесты,Вопросы и ответы
1 2 3 ... 15 >>

500 – тест аз забон ва адабиёти точик бо калид

Тэги:тест | тестхо аз фанни забони модари | забони точики | тест аз фанни забони модари ва адабиети точики | 2017 | 2018тестхои 2017 | тести забон | 500 тест аз забони модари ва адабиети точик
Добавил:Admin (27.02.2017 / 08:48)
Рейтинг:rating 252 article (0)
Прочтений:3657
Комментарии:0
500 – тест аз забон ва адабиёти точик

1.Забони тоҷикӣ кай мақоми давлатӣ гирифтааст ва Рӯзи забон кадом рӯз аст?
а) 9 сентябри соли 1991 б) 1 сентябри соли 1990
в) 22 июли соли 1989 г) 5 октябри соли 2009

2. Масдар чист?
а) ҳиссаи нутқ, ки амалу ҳолатро мефаҳмонад
б) ҳиссаи нутқ, ки ҳаракату амалро мефаҳмонад
в) шакли феълие, ки амалро номбар карда, шахсу шумора ва замон надорад
г) шакли феълие, ки шахсу шумора ва замон дорад

3. Кадоме аз ин калимаҳо феъли таркибӣ мебошанд?
а) хонда дод, рафта истодааст, хӯрда истодааст б) мехонам, мебурд, бихонд
в) бозгашт, бардошт, дарёфт г) дид, омад, гирифт

4. Феъли замони ҳозира-оянда чиро мефаҳмонад?
а) амалеро мефаҳмонад, ки пеш аз лаҳзаи нутқ ба вуқӯъ омадааст
б) амали давомдорро ифода мекунад
в) амалеро ифода мекунад, ки дар гузаштаи нисбатан дур воқеъ шудааст
г) амалеро мефаҳмонад, ки он алҳол воқеъ шуда истодааст ё минбаъд ба вуқӯъ хоҳад омад

5. Зада дар куҷо намеафтад?
а) ба пайвандаки пайвасткунандаи –у (-ю) б) ба ҳиҷои охирин
в) ба пешванди феълии ме-, би- г) ба пасвандҳои калимасоз

6.Ҷонишини таъинӣ кадом аст?
а) ҳама, ҳар, ҳар кӣ, ҳар чӣ б) худ, хеш, хештан
в) ин, он, ҳамин, ин хел г) ман, мо, шумо, вай

7. Шумораҳо аз ҷиҳати маъно чанд хел мешаванд?
а) танҳо ва ҷамъ б) муайян ва номуайян
в) миқдорӣ ва тартибӣ г) миқдорӣ ва ададӣ

8.«Даргирифт» аз рӯи сохт чӣ гуна феъл аст?
а) содда б) сохта в) мураккаб г) таркибӣ

9. Кадом ибора нодуруст навишта шудааст?
а) мавқеи хуб б) масъалаи осон в) мавзӯъи дарс г) ҷамъи мардум

10. Кадоме аз ин калимаҳо сифати мураккаб аст?
а) гули зебо, донишҷӯи доно, нони гарм б) ранги сурх, хонанда, тиреза
в) бинои баландошёна, хонандаи ҳозирҷавоб г) шишаи шикаста, гулҳои шукуфтагӣ

11. Мақсади таълими фанни «Забони тоҷикӣ» дар макотиби олӣ аз чӣ иборат аст?
а) бо таърихи забон шинос шудан б) забонҳоро муқоиса кардан
в) алифборо ёд кардан
г) аз қоидаҳои калимасозӣ, ибораороӣ, ҷумлабандӣ ва меъёри талаффуз огоҳ шуда, онҳоро дар амал корбаст кардан

12. Маънои калимаи «адаб» -ро ёбед.
а) дарс б) тарбия в) одоб г) таълим

13. Мавзӯи баҳси фонетика чист?
а) калима, ибора б) овоз, ҷумла в) овоз, оҳанг г) калимасозӣ

14. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар куҷо таваллуд шудааст?
а) Бухоро б) Панҷакент в) Эрон г) Афғонистон

15. Миқдори ҳарфу овозҳои калимаи «дарё»-ро муайян кунед.
а) 4 ҳарфу 4 овоз б) 4 ҳарфу 6 овоз в) 4 ҳарфу 5 овоз г) 4 ҳарфу 3 овоз

16. Гурӯҳи овозҳои йотбарсар кадом аст?
а) й, ё, ю, я. б) ю, е, ё, й. в) э, ю, я, е. г) е, ё, ю, я.

17. Сифати феълӣ бо чӣ навъ воситаи грамматикӣ сохта мешавад?
а) бо пешоянд б) бо бандак в) бо пайвандак г) бо пешванду пасванд

18. Кадом ҳиссачаҳо бо дефис навишта мешаванд?
а) чи, ку, а в) ана, не, раваду б) гӯё, магар, кошкӣ г) гӯё, наход, ҳа

19. Пасвандҳои ҷамъбандии забони тоҷикиро муайян кунед.
а) –зор, -истон, -сор б) –ӣ, -ча в) –ҳо, -он, -ён, -вон, -гон г) –чӣ, -гар

20. Пешванди ягона дар исм кадом аст?
а) бе- б) бар- в) но- г) ҳам-

21. Сифат аз ҷиҳати сохт чанд хел мешавад?
а) содда, мураккаб, сохта б) оддӣ, муқоисавӣ, олӣ
в) содда, сохта, мураккаб, таркибӣ г) аслӣ ва нисбӣ

22. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз чанд байт иборат аст?
а) 10 000 б) 26 000 в) 12 000 г) 60 000

23. Кадом тарзи навишт дуруст аст?
а) ҳаштсад б) ҳашсад в) ҳашт сад г) ҳашт-сад

24. Алифбо ва имлои забони тоҷикӣ кай тасдиқ шудааст?
а) 4-уми ноябри соли 2000 б) 4-октябри соли 2011
в) 1-уми декабри соли 1995 г) 22-уми июли соли 1989
25. Дар ҷумлаи «Биёед, суруди модари озод, таронаи модари хушбахти моро бишнавед!» кадом хели сиға истифода шудааст?
а) сиғаи хабарӣ б) сиғаи амрӣ в) сиғми шартӣ-хоҳишмандӣ г) сиғаи эҳтимолӣ

26. Пасванди –гоҳ ба калима чӣ гуна тобиши маъноӣ мебахшад?
а) тарзи амал б) ҳамроҳӣ в) маконӣ г) замонӣ

27. Кадоме аз ин феълҳо ба замони гузаштаи нақлии наздик дахл доранд?
а) медидааст, хонда будааст, меомадааст б) гуфт, хонд, нишаст
в) сохтаам, дидааст, рафтааст г) рафта буд, хонда буд, дида буд

28. Сиғаи шартию хоҳишмандӣ чиро мефаҳмонад?
а) амалеро мефаҳмонад, ки нисбат ба шахси дуюм гуфта шудааст
б) амалеро мефаҳмонад, ки воқеъ шудани он ба майлу хоҳиш ва ё шарте вобаста аст
в) амалеро ифода мекунад, ки ба вуқӯъ омадани он эҳтимолу гумон аст
г) ба вуқӯъ омадан ва ё наомадани амалро дар замони феъл ифода мекунад

29. Замони гузаштаи ҳикоягӣ чиро ифода мекунад?
а) амалеро ифода мекунад, ки худи ҳозир ба вуқӯъ омадааст
б) амалеро ифода мекунад, дар гузаштаи нисбатан дур воқеъ шудааст
в) амали давомдорро ифода мекунад г) ҳаракату амалро мефаҳмонад

30. Сиға чист?
а) воқеъ шудан ё нашудани амал б) воқеъ шудани амал ба шарте
в) муносибати амал ба воқеа г) муносибати амал ба ҳангоми нутқ

31. Дар байти зерин калимаи ишоратшуда ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад?
Миёни гиря механдам, ки чун шамъ андар ин маҷлис,
Забони оташинам ҳаст, лекин дарнамегирад. (Ҳофиз)
а) исм б) ҷонишин в) сифат г) зарф

32. Кадом калима дар шакли масдар навишта шудааст?
а) хондам б) омӯхтӣ в) гуфт г) сохтан

33. Исмҳои мураккаб чӣ хел сохта мешаванд?
а) бо роҳи бевосита ҳамроҳ кардани калимаҳои гуногун б) ба воситаи садоноки –и-
в) ба воситаи пешванди ме- г) ба воситаи пасванди –гар

34. Замони ҳозираи феъл чӣ тавр сохта мешавад?
а) бо феъли ёридиҳандаи «истодан» б) бо феъли ёридиҳандаи «хостан»
в) бо пешванди ме- г) бо феъли ёридиҳандаи «будан»

35. Зарфи замон кадом аст?
а) дирӯз, имрӯз, фардо б) ноилоҷ, маҷбуран, тасодуфан
в) хеле, андак, зиёд г) дар он ҷо, дар ин ҷо
36. Қисматҳои асосии забоншиносӣ кадомҳоянд?
а) грамматика, фразеология б) имло, синтаксис
в) фонетика, лексикология, имло, синтаксис, фразеология, услубшиносӣ
г) фонетика, луғатшиносӣ, услубшиносӣ

37. Имло чиро меомӯзад?
а) ҳиссаҳои
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 15 >>
На главную
Загрузка...
0 / 43

OkTj.ru тестхо саволу чавоб китобхои Точики китобхона tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru