Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Шароби бепулро ҳам қозӣ мехӯрад.
Библиотека | Таджикистан / Точикистон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Тэги:об | об манбаи хает | дар бораи обхои точикистон | 10 солаи об барои хаёт | 2018 2028 | 10солаи об точикистон | точики | точикистон
Добавил:Admin (27.02.2017 / 08:39)
Рейтинг:rating 250 article (0)
Прочтений:882
Комментарии:0
Боиси фараҳу сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки санаи 22 декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул ва дар матбуоти ҷаҳон ба тасвиб расид. Мояи ифтихори тоҷикон аст, ки амалӣ гаштани ин ҳуҷҷати муҳим ба иқдому пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дошта, мавқеи устувор касб менамояд.
Пазируфта шудани тадбири дурандешонаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи об имрўзҳо дар ҷомеаҳои меҳнатии кишвар рўҳбаландии афзунро ба миён овардааст.
Конференсияи илмӣ – назариявие, ки санаи 28 декабри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи устодону муҳассилин, меҳмонон аз мақомоти давлатию қудратӣ ва муассисаҳои дигар, ҳамчунин намояндагони ВАО таҳти унвони «Иқдоми шоистаи Пешвои миллат: Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ҷараён гирифт, мўҷиби ифтихори бемунтаҳои аҳли ҷомеаи меҳнатӣ аз қабули Қатъномаи навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аст.
Конференсияи илмӣ – назариявӣ бо сухани ифтитоҳӣ ва маърўзаи пурмўҳтавои ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода ҳусни ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр рафт, мардуми сарбаланди кишвар таҳти таассуроти гуворои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии шоиставу фаъолияти пурсамар намуда, ҳамзамон аз он тафохур доранд, ки иқдоми наҷибу навбатии Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба масъалаи об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Таъкид гашт, ки «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар роҳи таҳкиму мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд гузошта, бобати ҳалли мушкилоти имрўз ва оянда нақши назаррасе рўи кор хоҳад овард.
Мутахассиси пешбари шўъбаи робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Суғд Набиев Мирзотоҳир Сайфиддинович бо самимият вобаста ба Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», қисматҳои ин ҳуҷҷати муҳими байналмилалӣ, иқдоми наҷиби навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Прокурори калони шўъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири дараҷаи IIҶўраева Донохон Тўрахоновна дар конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Масъалаи амалиёти об барои ҳаёт дар Паёми Пешвои миллат» муфассал сухан карда, аз ҷумла зикр намуд:
« - Бо ташаббус ва иқдоми созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид.
Питер Томсон – раиси Маҷмаи умумии СММ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст: «Бо камоли ифтихор мехостам Шумо ва мардуми Шуморо бо қабули муваффақонаи Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки рўзи 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, табрик намоям. Боварии комил дорам, Даҳсолаи нав, ки ба масъалаи рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо таваҷҷўҳ дорад, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшуда марбут ба об, бахусус ҳадафҳои дар рўзномаи рушди устувори 2030 инъикосшуда, мусоидат намояд».
Қатъномаи мазкур мисли ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар мавзўи об дар Маҷмаи Умумии СММ дастгирии ҳамаҷониба ёфта, бо қабул гардидани он аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми пурарзиш гузошта, мақсади нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, ки ба хотири ҳаёт ва инсоният равона шудааст».
Ҳамзамон, мавсуф дар заминаи такя ба санаду далелҳои мушаххасу раднопазир андешаҳои хешро идома бахшида, таъкидан зикр сохт: «Ҳамагон хуб дарк менамоянд, ки об дар ҳастии инсоният мавқеи хосаро ишғол намуда, ҳамчун дурри гаронбаҳо маънидод мегардад, зеро он ҳаёт, рушд, тараққиёт, пешрафт ва ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти оламро аз об медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мўъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партов партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад.
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, қимат донистани ҳар қатраи ин мўъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рўшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист».
Дар конференсияи илмӣ – назариявӣ маърўзаи номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Тоатов Ҳабибулло Саидович таҳти унвони «Аҳамияти таърихӣ ва сиёсии иқдоми Пешвои миллат доир ба масъалаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ Болтуев Самад Шарифович дар пайванд ба мавзўи «Нуктаҳои ҳуқуқии истифодаи об ҳамчун омили рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ» ироа гардид. Дар маърўзаҳо дар такя ба ташаббуси навини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, ҳолати захираҳои об дар миқёси сайёра, тақсимоти ҷуғрофии истифодабарии об, муаммоҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираи об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, барномаи ҳавзаи баҳри Арал, ташаббусҳои байналмилалии қаблии Сарвари давлати Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муаммоҳои об, омилҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ташаббусҳои нав дар пайванд ба ҳалли муаммоҳои об водор намуданд ва дигарҳо муфассал мавриди таҳлили амиқи илмиву мунъакис гаштанд.
Дар ҷараёни конференсияи илмӣ – назариявӣ тавассути истифода аз воситаҳои техникӣ силсилаи слайдҳо, аксҳову видеонаворҳо манзури ҳозирин гаштанд.
Дар фарҷоми конференсияи илмӣ – назариявӣ ректори донишгоҳ, профессор Ҷ. Ҷўразода андешаҳои ҷамъбастии хешро дар заминаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз намуда, аз тасмимоти раёсати донишгоҳ бобати дар факултетҳо ва сохторҳои боргоҳи илму маонӣ гузаронидани маҳфилу чораҷўиҳои судманд, хонишҳои сиёсӣ, мизи гирд, баргузор намудани соатҳои тарбиявӣ вобаста ба мавзўи дар боло зикргашта ёдрас гардид.
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 20

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru