Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Таджикистан / Точикистон
1 2 3 ... 50 >>

Точикон-китоби Бобочон Ғафуров аз 1 то 4боб

Тэги:точикон | китоби | бобочон | ғафуров | таърих | точикистон
Добавил:Admin (03.04.2015 / 16:01)
Рейтинг:rating 25 article (0)
Прочтений:6293
Комментарии:0
Б. Ғ. ҒАФУРОВ



ТОҶИКОН



ТАЪРИХИ ҚАДИМТАРИН,
ҚАДИМ, АСРҲОИ МИЁНА
ВА ДАВРАИ НАВ








ДУШАНБЕ
НАШРИЁТИ «ДОНИШ»
2008
ББК 63,3 (2Т)
Ғ 45


ББК 63,3 (2Т)
Ғ 45
ISӣN – 978-99947-38-38-0




Б.Ғ.Ғафуров. Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав - Душанбе: Дониш, 2008. 870 саҳ.


















© Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРЧАШМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони ко-мил нест!
Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузурго-ни илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гeш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омeзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта намета-вонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва, ба таъбири имрeзиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо чӣ хел худро инсон мешуморӣ?
Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?
Таърих гувоҳ аст, ки аз рeи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Дар аҳди бостон чунин мисолҳо фа-ровонанд.
Сарнавишти миллати тоҷик дар тeли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фа-роз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.
Таърихи саршор аз лаҳзаҳои пирeзӣ, часпу талош ба-рои ташаккули тафаккури милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва ... гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор ... Аммо пeшида нест, ки солҳои тeлонӣ мо аз омeзиши мероси таърихии халқи худ як ан-доза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба фарзандони мо ба ҷои таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигарро меомeзонданд. Ва ин муносибати носолим рахнае гузошт дар таърихомeзӣ ва таърихдонии мардуми мо. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, коҳидани ахлоқи ҷомеаи мо аз ҳамин иборат буд.
Ва, хушбахтона, ду фарзанди нобиғаи миллати тоҷик - устод Садриддин Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров ҳамин норасоиро эҳсос карданд ва ҷиддан аз пайи ислоҳи он шуданд. Аллома Айнӣ бо рисола ва мақолоти зиёдаш дар хусуси зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои илму фарҳанг ва сиёсату давлатдорӣ мардумро бо гузаштаи пурифтихор ва фарзандони некноми миллат ошно сохт, онҳоро бо таърихи ибратомeзу пурифтихори худ пайваст. Мардум бо нигоҳи зиракона ва хирадмандонаи Айнӣ аз барору нокомиҳои ниёгон дар набарди зиндагӣ огоҳ шуданд.
Ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров бо ҳидояти ин пири хирад ба кори пуршарафе камар баст. Вай дар солҳои басо мушкил ба тадқиқ ва таълифи китобе аз таърихи халқи тоҷик шурeъ намуд. Ковишу ҷустуҷeйҳои пайвастаи e дар ин роҳ самараи дилхоҳ доданд. Ва нахустин асари илмии Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» панҷоҳ сол муқаддам - соли 1947 аз чоп баромад. Вай чун фарзанди дилсeзи миллат баробари фаъолияти давлатдориву сиёсӣ ин корро ба анҷом расонд ва барои ҳамзабонону ҳаммиллатонаш равзане кушод аз олами таърих. Ин таҷрибаи аввалини таърихнависии тоҷик дар замони шeравӣ буд ва онро муҳаққиқони намоён, шарқшиносони машҳури дунё хуш пазируфтанд.
Хонандаи тоҷик тавассути ин асар аз мақоми худши-носӣ ба омeхтани таърихи гузаштаи худ рe овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд? Аз куҷо ба зиндагӣ шурeъ карданд? Чӣ тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?»- посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд.
Ман ин асари аҷоиб ва пурмeҳтаворо ҳанeз солҳои до-нишҷeӣ мутолиа карда, гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболидам, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шeҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дилам реш мегашту ба ан-деша меафтодам. Пайваста фикр мекардам, миллате, ки як замон соҳиби тамаддуни олӣ буд, имрeз аз коҳидани маънавияти ҷомеа меноладу азоб мекашад?!
Пeшида нест, ки баъди инқилоб мардуми мо ба таври сунъӣ аз омeхтани таърихи чандинҳазорсолаи худ бена-сиб гашт ва маънавияту ахлоқаш аз нарасидани ин ғизо коҳид. Асари Бобоҷон Ғафуров, ки чун обу ҳаво барои ху-догоҳӣ ва рушди тафаккури таърихии мардум зарур буд, дар тeли панҷоҳ сол танҳо як маротиба нашр шуд. Албат-та, ин боиси таассуф аст. Аз рeи инсоф мебоист ин асар борҳо аз чоп мебаромад ва дастраси ҳар як фарди тоҷик мегардид.
Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози милла-ти худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тeфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад.
Омeхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ- хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира,- сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.
Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худ-ро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва, хуш-бахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт. Бояд таъкид бикунам, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар эҷоди ин асар, ба таъби-ри устод Айнӣ, яке аз «...шартҳои муҳими таърихнависӣ - муҳокимаронии бетарафона»-ро риоя кардааст.
Ин асар аввал ба забони русӣ дар Москва чоп шуд ва ҳамчунин аз ҷониби олимони машҳури собиқ шeравӣ ва хориҷӣ баҳои арзанда гирифт. Асар танҳо ба омeзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон, саҳми беназири онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ маҳдуд намешавад. Инчу-нин, дар он таърихи мардуми ҳамзабонамон ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Аз ин хотир баъди он ки «Тоҷикон» ба хати русиасоси тоҷикӣ дар Душанбе ба табъ расид, дарҳол диққати муаррихони Афғонистонро ҷалб намуд. Ва дар ин кишвари дeсту бародар асари мазкур бо ҳуруфи форсӣ аз чоп баромад, сипас
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 50 >>
На главную
0 / 37

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©