Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Ҳамеша дар ёрӣ ва кумаки дигарон бош!
Библиотека | Таджикистан / Точикистон

Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об. 2018-2028

Тэги:об | об манбаи хает | дар бораи обхои точикистон | 10 солаи об барои хаёт | 2018 2028 | 10солаи об точикистон | точики | точикистон
Добавил:Admin (27.02.2017 / 08:38)
Рейтинг:rating 249 article (0)
Прочтений:493
Комментарии:0
Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об.
Боиси хурсандист ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди тоҷикистони аст, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани «Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти об барои рушди устувор 2018-2028» дар Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо қабули қатънома пазироӣ гардид. Ибтикороти навбатии Пешвои миллат аҳамияти бузурги ҷаҳонӣ дорад ва он аз сатҳи баланд дастгирӣ ёфт.Зеро имрӯз дар дунё давлатҳои зиёде мавҷуданд, ки аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд. Ин иқдоми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бардошт. Маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015- Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» ва соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардида буд. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.
Ташаббуси навбатии Тоҷикистон идомаи мантиқии пешниҳодҳои қаблӣ буда барои густариши ҳалли мубрами масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд.
Пешвои миллат ҳанӯз дар форуми VII-уми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаи об, 12-апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», ки 9-11 августи соли 2016 дар Душанбе баргузор шуд, пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад. Яке аз ҳадафҳои асосии Даҳсола аз он иборатаст, ки он барои таъмини амнияти экологии сайёра нақши муҳим дорад.
Гузашта аз ин дар номаи табрикотии худ котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки даҳсолаи нав дар таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об қадами муҳим мебошад. Даҳсолаи нав дар татбиқи иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда метавонад нақши назаррас бозад. Оиди ин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 ба маврид таъкид намудаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳодоти Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байнамилалии «Об-барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Барои татбиқи Даҳсолаи нав Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияти сохторҳои марбути минтақавӣ ва байналмилалии соҳаи обро фаъол гардонида шарикӣ ва ҳамгироии онҳоро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи дигар тақвият бахшад».
Дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид, ки алҳол бузургтарин созмони ҷаҳонист, қабул шудани сеюмин ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба идоракунии захираҳои об дар миқёси байналмилалӣ рӯйдоди дорои аҳамияти сайёравист. Ин иқдом гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ва амну субот дар баробари ҳалли масоили сиёсати дохилии кишвар ва минтақа, инчунин дар миқёси олам низ ба ҳалли мушкилоти мардумони аксар мамолики дунё дар масъалаи дастрасӣ ба захираҳои об бо дарназардошти алоқамандии захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зист дар партави Ҳадафҳои рушди устувор расидагӣ мекунад. Аз ҷониби 177 давлати ҷаҳон истиқбол ёфтани ташаббуси Тоҷикистон гувоҳи дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи баланд доштани Тоҷикистон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон хеле фарогиру доманадор ва пураҳаммият дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошанд. Масалан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ доир ба иқлим соли 2009 дар Женева, сипас ҳамон сол дар Конфронси 15 – уми Созмони Миллали Муттаҳид оид ба таѓироти иқлим дар Дания пешниҳод намуданд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пирияхҳо таъсис дода шавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нобуд шудани 1000 пирях дар давоми 30 соли охир далели он аст, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда мушкилоти экологии шадиде домангир хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳоло ба камбуди оби ошомиданӣ дучор аст. Муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи кунунии таъмини минтақа бо об ақидаи интиқоли обро аз кӯли Сарез ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб пешниҳод намуданд. Зеро Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъди Русия дар ҷои дуюм ва дар ҷаҳон баъди Чин, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум меистад, ки ин барои Тоҷикистон бисёр бузург аст.
Бе об ҳаёт нест. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебеҳо бирасем ва онро оқилонаву сарфакорона истифода барем,
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 11

OkTj.ru тестхо саволу чавоб калиди тестхо шеърхо китобхои Точики tj 2017 2018 Таджикистан Точикистон скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики Худжанд Душанбе Куляб

Statok.net Яндекс.Метрика
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru