Привет, Гость!
На главную
Вход
Загрузка...
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Қарз ҳайзи мард аст
Библиотека | Таджикистан / Точикистон

Об барои ҳаёт 2005-2015

Тэги:об | об манбаи хает | дар бораи обхои точикистон | 10 солаи об барои хаёт
Добавил:Admin (27.02.2017 / 08:31)
Рейтинг:rating 248 article (0)
Прочтений:420
Комментарии:0
19 декабри соли 2014 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” бо иттифоқи оро қабул кард. Қатъномаи мазкур бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби банди 19-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки иқдоми мазкури Тоҷикистон чун ташаббусҳои қаблии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфта, зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Беларус, Боливия, Венгрия, Венесуэла, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Индонезия, Ироқ, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кувайт, Малайзия, Марокаш, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Озарбойҷон, Парагвай, Покистон, Қатар, Молдова, Русия, Ҷазираҳои Сейшел, Сенегал, Сингапур, Сурия, Судон, Таиланд, Тимор-Леште, Того, Туркманистон, Украина, Филиппин, Финляндия, Ҳаити, Ҳиндустон, Хорватия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эритрея, Эрон, Яман, Япония ба рӯйхати ҳаммуалифони он дохил гардидаанд.
Тибқи қатъномаи мазкур ҷиҳати арзёбии раванди татбиқи Даҳсолаи амал “Об барои ҳаёт 2005-2015” ва муайян кардани иқдомоти минбаъда барои дастрасӣ ба рушди захираҳои обӣ баргузории ду чорабинии сатҳи баланд, яке дар Ню-Йорк (Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ, моҳи марти соли 2015) ва дигаре дар Душанбе (Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, моҳи июни соли 2015) ба нақша гирифта шудааст.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” идомаи иқдомоти Тоҷикистон дар масъалаҳои мудирияти устувори захираҳои обӣ маҳсуб мешавад.
Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.
Скачать txt | fb2
На главную
Загрузка...
0 / 45

OkTj.ru тестхо саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2017 2018 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Правообладателям и Соглашения сайта oktj.ru