Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 3 >>

Умари Хайём Омар Хаям Рубоихо рубоиёт

Тэги:рубойихои точики | точики | рубоиет | умари хайём | стихи про любов | омар хаям | руброихо | рубоихои умари хаём | рубоиёти ошикона | умари хайём рубоиёт бо забони точики | китоби рубоиёти умари хайём умари хайём бо забони точики шеъри умари хайём бо забони точики рубоиёти умари хайём скачать умари хайём май умари хайём стихи | шеърхо дар бораи чудои | шеърхои ишки | шеърхо | шеърхои ишкию ошики | шеър барои духтар | ошики | шеърхо барои ошикон | рубоиёт
Добавил:Admin (22.11.2016 / 11:24)
Рейтинг:rating 242 article (0)
Прочтений:887
Комментарии:0
Санооти бадеи дар рубоиёти Хайём
Хайём яке аз бузургтарин рубоисаро шинохта шудааст. Рубоиёти Хайём
чахонро тасхир кардааст. Ин буд, ки Хайём мактаби худро гузошт. Масалан
яке аз бузургтарин шоири муосир Устод Лоик дар пайравии рубоиёти
Хайём рубои суруда, онро «Чоми Хайём»номгузори кардааст. Рубоиёти
Хайёмро хикмату фалсафа ва санъатхои бадеи зебо гардонидаанд. Инро мо
дар рубоиёти у ба мушохида гирифта метавонем. Ин чо мисолхое аз нусхаи
точикистонии он, ки соли 1983, дар нашриёти «Дониш» чоп шудааст ва
мураттиби он Мирзо Муллоахмадов мебошад ба кор бурдем. Шоир мегуяд:
Аз бодаи ноб лаъл шуд гавхари мо,
Омад ба фигон зи дасти мо согари мо.
Азбаски хамехурем май бар сари май,
Мо бар сари май шудему май бар сари мо.
Дар ин рубои мисраи дуюм дорои санъати муболига мебошад. Чунки согар
фарёд намекунад.
Харчанд, ки рангу руй зебост маро,
Чун лола руху чу сарв болост маро.
Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок,
Наккоши азал бахри чи орост маро.
Дар ин рубои санъати ташбех (ба воситаи калимаи «чун») корбаст шудааст.
Чандон бихурам шароб к-аз буй шароб,
Ояд зи туроб чун шавки зери туроб.
Гар бар сари хоки мо расад махмуре,
Аз буи шароби ман шавад масту хароб.
Дар ин рубои шоир мегуяд, ки агар бар сари хоки ман махмуре рассад аз
буй шароби ман масту хароб хохад шуд, инро санъати муболига мегуянд.
Он бахр, ки Бахром дар у чон гирифт,
Оху бача карду рубох ором гирифт.
Бахорон, ки Гур мегирифти хама умр,
Диди, ки чигуна гур Бахром гирифт?
Шоир ишора дорад ба киссаи Бахроми Гур, ки номи у Бахром буду ба худ
«Гур» тахаллус дода буд. Ин чо чун ба киссае ишора дорад санъати талмех
меноманд.
Ин кухнаработро, ки олам ном аст,
Оромгохи аблахи субху шом аст.
Базмест, ки вомондаи сад Чамшед аст,
Касрест, ки такягохи сад Бахром аст.
Дар ин рубои чанд санъати бадеи дида мешавад.
1. Ташбех.Шоир ин дунёро ба работи кухна монанд карда аст.
2. Санъати
3.
4. таносуби сухан. Работу оромгох. Чун харду ба хам мутаносибанд.
«Базм» бо «Чамшед». Чунки Чамшед базмхои зебо менамуд ва
пурхашамат.
5. Санъати талмех. Чун инчо аз Чамшеду Бахром ишора рафт, ин
санъатро ном бурдан мумкин аст.

Ин куза чу ман ошики зоре будаст,
В-андар талаби руи нигоре будаст.
Ин даста, ки дар гардани у мебини,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.

Вакте шоир «чу ман»-ро ба кор мебарад, мо метавонем онро санъати
ташбех гуям.

Хар косаи май, ки дар кафи махмурест,
Рухсораи мастеву лаби мастурест.
Хар куза, ки обхурдаи муздурест,
Аз дидаи шохеву дили дастурест

Дар ин рубои (дар байни аввал) санъати ташбех кор фармуда шудааст.

Бо бода нишин, ки мулки Махмуд ин аст,
Аз чанг шунав, ки лахни Довуд ин аст.
Аз мондаву аз рафта дигар ёд макун,
Хуш бош, ки аз вучуд максуд ин аст.

Дар ин рубои санъатхои ташбех, талмех таносуби сухан ба кор
рафтааст.
Чандин гаму молу хасрати дунё чист?
Харгиз диди касе, ки човид бизист?
Ин чанд нафас бар тани ту ориятист,
Бо орияти орияти бояд зист.

Дар ин рубои (дар байни аввал) санъати талмех истифода шудааст.
Чун абр ба Навруз рухи лола бишуст,
Бархезу ба чоми бода кун ахд дуруст.
К-ин сабза, ки имруз тамошогохи туст.
Фардо хама аз хоки ту бархохад руст
Дар ин чо санъати тасвир ба кор рафта аст.
Чун булбули маст рох дар бустон ёфт.
Руи гулу чоми бодаро хандон ёфт.
Омад ба забони хол дар гушам гуфт:
«Дарёб, ки умри рафтаро натвон ёфт»
Ин рубои дорои санъати ташбех (бо камоли «чун») ва ташхис (сухан
гуфтани гул) ба назар мерасад.
Чун лола кадах гир ба навруз ба даст,
Бо лоларухе агар туро фурсат хаст.
Май нуш ба хуррами, ки ин чархи кабуд,
Ногох туро чу хок гардонад паст.
Дар ин рубоии зебо шоир лоларо ба кадах ташбех карда, ки бисёр зебост.
Дардех санамо, май, ки чахонро тобест,
З-он май, ки гули нишотро з-у обест,
Биштоб, ки оташи чавони обест
Дарёб, ки бедории давлат хобест
Дар ин рубои санъати нидо истифода шудааст.
Дар хар даште, ки лолазоре будаст,
Он лола зи хуни шахриёре будаст.
Хар барги бунафша к-аз замин меруяд,
Холест,ки дар рухи нигоре будаст
Дар ин рубои (хам дар байти аввалу хам сони) санъати ташбех истифода
шудааст.
Дили ошики чашми масти турконаи туст.
Ту шамъиву олам хама парвонаи туст.
Чону дили мо ошики девонаи туст,
Ту хонаи дил шудию дил хонаи туст
Дар ин рубои шоир маъшукро ба шамъ ва худро ба парвона ташбех
кардааст.
Шоди биталаб, ки хосили умр дамест,
Хар зарра зи хоки Кайкубодиву Чамест.
Ахволи чахону мулки гети яксар
Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
Дар ин рубои сухан аз шодию гами дунё меравад ва шоир онро тавассути
санъати талмех зеботару гуворо карда аст.
Гар дар барии ман дилбари ёкутлабаст.
В-ар оби Хизр ба чои оби шаб аст.
Гар Зухра бувад мутрибу хадам Исо,
Чун дил набувад шод, чи чои тараб аст.
Дар рубоии боло санъати талмех истифода шудааст.
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост.
Чайхун асаре зи чашми полуда мост,
Дузах шараре зи ранчи бехудаи мост.
Фирдавс даме зи вакти осудаи мост.
Дар инчо шоир гардунро ба умри фарсуда, Чайхунро ба чашми ашкдор,
дузахро ба ранчи бехуда ва Фирдасро ба умри осоишта ташбех кардааст,
ки хеле зебову шоиронанд.
Лаъли ту ман музобу согар кон аст,
Чисми ту пиёлаву шаробаш чон аст.
Он чоми булурин, ки зи май хандон аст,
Ашкест, ки хушдил дар у пинхон аст.
Дар як рубои чун назар меафканам чанд ташбехро корбаст кардааст. Лабро
ба лаъл, чисмро ба пиёла… монанд кардааст. Боз дар ин рубои санъати
таносуби сухан ба кор рафтааст. Ба мисли: пиёлаву, согару чому май ва
амсоли он. Боз санъати муболига низ ба назар мерасанд. Мисол: хандидани
кадах.
Моем хамон аз гами хичронат,
Хар чой шави, дасти ману домонат.
Рафтиву хазор дил халок аз гами туст,
Боз омадиву хазор чон курбонат.
Бубинед Умари Хайём чи гуна санъати муболигаро корбаст карда. Инсон як
дил дорад вале шоир «сад дил аз гами ту халок» гуфта аст, ки ин ба санъати
муболига дохил мешавад.
Май хур ки хамеша рохати руи ту хаст,
Ооиши чону дили мачрухи ту аст.
Туфона хам гам дароят аз пешу пасат,
Дар бода гурез, ки киштии Нухи ту аст.
Рубои бо ибораи «май хур» огоз мегардад, ки ин санъати нидо махсуб
мегардад. Ибораи «туфони гам» бошад муболига аст. Боз «Киштии
Нух» гуфта аст, ки санъати талмех аст.
Май дех, ки дили реши маро мархам уст,
Савдозадагони ишкро хандаи уст
Пеши дили ман хоки яке чуръа бех аст,
Аз чарх, ки косаи сари олам уст.

Дар ин чо санъати нидо ба кор рафта аст.
Эй орази ту нихода бар насрин тарх,
Руй ту фиканда бар бутони Чин тарх.
В-эй гамзаи ту дода шахи Бобулро,
Аспу руху филу Байдоку фарзин тарх.
Дар ин рубои санъати тавсиф, муболига, талмех истифода шудааст. Вакте
шоир аз Чину шахи Бобул ёд мекунад мо хак бар он дорем, ки инро
санъати талмех ном барем. Чун шоир руи уро рашки бутони Чин мегуяд ин
санъати ташбех ва хам муболига низ мешавад.
Он кавм ки саччодапарастанд, харанд,
Зеро, ки ба зери бори солус доранд.
В-ин аз хама турфатар, ки дар пардаи зухд,
Ислом фурушанду зи кофар батаранд.
Дар
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 43

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©