Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Книги / Китобхо
1 2 3 ... 69 >>

КОДЕКСИ ХУКУКВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ Чумхурии Точикистон

Тэги:кодекси хукуквайронкунии маъмурии чумхурии точикистон чт 2016 бо таигиру иловахои нав 2016 | чт 2016 | кодекси хукуквайронкунии маъмурии чт | кодекси хукуквайронкунии маъмурии
Добавил:Admin (30.06.2016 / 16:13)
Рейтинг:rating 240 article (0)
Прочтений:1035
Комментарии:0
КОДЕКСИ
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321,
№9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7–9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108;
Қонунҳои ҶТ аз 15.03.2016 с., №1277; аз 15.03.2016 с., №1278; аз 15.03.2016 с., №1279;
аз 14.05.2016 с., №1308; аз 14.05.2016 с., №1310)

ФАСЛИ I.
ҚИСМИ УМУМӢ

БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
2. Дар ҳолати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқат накардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.

Моддаи 2. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи саломатӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ҳифзи ахлоқи ҷамъиятӣ, солимгардонии муҳити зист, ҳифзи тартиби муқарраргардидаи амалӣ кардани ҳокимияти давлатӣ, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, моликият, ҳимояи манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат мебошад.

Моддаи 3. Муносибатҳое, ки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
танзим менамояд

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кодекси мазкур) муносибатҳои зеринро танзим менамояд:
- қоидаҳои умумӣ ва принсипҳои қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- кирдоре (амале ё беамалие), ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф мешавад;
- ҷавобгарии маъмурии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани меъёрҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур;
- намудҳои ҷазои маъмурӣ ва қоидаҳои татбиқи онҳо.

Моддаи 4 бо ҚҶТ аз 22.07.13 с., № 980 хориҷ шуд

Моддаи 5. Амали Кодекси мазкур дар замону макон

1. Шахси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содирнамуда дар асоси қонуне, ки дар замон ва макони содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ амал мекунад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
2. Қонуне, ки ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сабук ё бекор мекунад ё ба тариқи дигар вазъи шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро беҳтар менамояд, қувваи бозгашт дорад, яъне дар ҳаққи шахсе татбиқ мешавад, ки то эътибор пайдо кардани чунин қонун ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир намудааст ё то ин вақт дар ҳаққи ў қарори таъйини ҷазои маъмурӣ иҷро нагардидааст.
3. Қонуне, ки ҷавобгариро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар ё пурзўр менамояд ё ба тариқи дигар вазъи шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад.

Моддаи 6. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузирии ҷазо, ҷавобгарӣ ва гунаҳгории инфиродӣ, адолатнокӣ, инсондўстӣ асос меёбад.

Моддаи 7. Принсипи қонуният

1. Эътироф намудани кирдор (амал ё беамалӣ), ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани он, инчунин оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо тибқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешавад.
2. Ҳеҷ кас бе қарори суд, қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ва бар хилофи тартибу асосҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад, инчунин дар ҳаққи ҳеҷ кас ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи маъмурӣ татбиқ карда намешавад.
3. Татбиқи меъёрҳои Кодекси мазкур аз рўйи қиёс манъ аст.
4. Ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) дар доираи салоҳияташон мутобиқи Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд.
5. Риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва татбиқи чораҳои таъсиррасонии маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тавассути назорати мунтазами мақомоти ваколатдори давлатӣ, шахсони мансабдори ваколатдори болоӣ ва назорати прокурорӣ таъмин карда мешавад.
6. Мазмуни меъёрҳои Кодекси мазкур бояд дар мутобиқати дақиқ бо матни он фаҳмида шавад.
7. Мувофиқи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур барои риоя накардани қоидаҳо, стандартҳо, дастуруламал, низомнома ва дигар меъёрҳо ба шарте ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда мешавад, ки чунин муқаррарот тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ё қабул шуда бошанд.

Моддаи 8. Принсипи баробарӣ дар назди қонун

1. Шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, дар назди қонун баробаранд.
2. Шахси воқеӣ, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
3. Шахси мансабдор ва шахси ба ў баробаркардашуда, сарфи назар аз иҷрои ваколатҳои хизматӣ ва мансаби ишғолкардаашон, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., № 718)
4. Шахси ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, тобеият ва дигар ҳолатҳо барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
5. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бо иҷозати Маҷлиси дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ, ки ба тариқи судӣ таъйин карда мешавад, кашидан мумкин аст.
6. Шахсоне, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд, бе иҷозати мақомоти дахлдор мшуд юавриди ҳабси маъмурӣ, дастгиркунӣ, маҷбуран овардан, кофтукови шахсӣ қарор дода намешаванд.

Моддаи 9. Принсипи ногузирии ҷазо

Ҳар шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, сазовори ҷазои маъмурӣ мегардад ва нисбати ў чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар Кодекси мазкур муқарраршуда татбиқ карда мешавад.

Моддаи 10. Принсипи ҷавобгарӣ ва гунаҳгории инфиродӣ

1. Шахси воқеӣ,
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 69 >>
На главную
0 / 33

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©