Привет, Гость!
На главную
Вход
Библиотека | Книги / Китобхо
1 2 3 ... 68 >>

КОДЕКСИ ЧИНОЯТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 2016

Тэги:кодекси чинояти | кодекси чинояти чт | кодекси чт | кодекси чиноятии чумхурии точикистон | кодекси чиноятии чумхурии точикистон 2016 | кодекси чиноятии чумхурии точикистон бо тагиру иловахои нав | кодекси чинояти точикистон | угаловний кодекст республики таджикистана 2016
Добавил:Admin (30.06.2016 / 15:48)
Рейтинг:rating 239 article (0)
Прочтений:1995
Комментарии:3
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1 қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444, мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ.1, мод. 986, №12, қ.2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694, с. 2013, №6, мод. 403; мод. 404; №11, мод. 785; №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141; №7, қ. 1, мод. 385; мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199; №11, мод. 949;
Қонунҳои ҶТ аз 25.12.2015 с., №1261; аз 15.03.2016 с., №1274; аз 14.05.2016 с., №1304; аз 14.05.2016 с., №1305)

ҚИСМИ УМУМӢ

ФАСЛИ I.
ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ

БОБИ 1
ВАЗИФА ВА ПРИНЦИПҲОИ КОНУНИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,
АСОСИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ

Моддаи 1. Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамин Кодекс иборат аст. Қонунҳои наве, ки ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамоянд, ба Кодекси ҷиноятӣ бояд дохил карда шаванд.
2) Ҳамин Кодекс ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос меёбад.

Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1) Вазифаҳои ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳлӣ, муҳити зист, тартиботи ҷиноятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст.
2) Барои татбиқи ин вазифаҳо ҳамин Кодекс асосу принципҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорҳои барои шахсият, ҷамъият ё давлат хавфнок ҷиноят эътироф мегарданд ва намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар менамояд.

Моддаи 3. Принсипҳои Қонуни ҷиноятӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ

Қонуни ҷиноятӣ ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, ногузир будани ҷавобгарӣ, ҷавобгарии фардӣ, гунаҳгорӣ, адолат, инсондустӣ ва демократизм асос меёбад.

Моддаи 4. Принсипи қонуният

1) Ҷиноят будани кирдор, сазовори ҷазо ва оқибатҳои дигари ҳуқуқии ҷиноӣ будани онро танҳо ҳамин Кодекс муайян менамояд.
2) Ҳеҷ кас дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашида намешавад ба ҷуз бо ҳукми суд ва дар асоси қонун.
3) Татбиқи қонуни ҷиноятӣ аз рўи қиёс манъ аст.
4) Мазмуни Кодекси ҷиноятӣ бояд дақиқан мутобиқи матни он фаҳмида шавад.

Моддаи 5. Принсипи баробарӣ дар назди қонун

Шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, шаҳрвандӣ, забон, муносибат ба дин, ақидаҳои сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молу мулкӣ, мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, маҳалли истиқоматашон ва дигар ҳолатҳо дар назди қонун баробаранд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Моддаи 6. Принсипи ногузирии ҷавобгарӣ

Ҳар шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, бояд таҳти ҷазо қарор гирад ё нисбати ў чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноии дар ҳамин Кодекс пешбинишуда татбиқ гардад.

Моддаи 7. Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ

1) Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё баҳаракатӣ) шахсии худ.
2) Шахс танҳо барои он кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати хавфнокии ҷамъиятии ба вуқўъ пайвастани он, ки гуноҳи ў нисбати он муайян шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
3) Гунаҳгоркунии объективӣ, яъне барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.

Моддаи 8. Принсипи адолат

1) Ҷазо ва чораҳои дигари дорои хусусиятӣ ҳуқуқии ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда татбиқ мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, ҳолатҳои содир намудани он ва шахсияти гунаҳгор мувофиқ бошанд.

Моддаи 9. Принсипи инсондўстӣ

1) Ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ў ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ бошад.
2) Ҷазо ё чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқи ҷиноӣ, ки нисбати шахси ҷиноят содирнамуда истифода мешавад, мақсади озори ҷисмонӣ, таҳқири шаъну эътибори инсонро надорад.

Моддаи 10. Принсипи демократизм

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои ислоҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон ё коллективҳо бо дархосту ризоияти онҳо ҷалб карда мешаванд.

Моддаи 11. Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ

Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аст.

Моддаи 111. Қоидаҳои тафсири қонуни ҷиноятӣ

1) Агар меъёри ҳуқуқӣ ҷиноятӣ духўра ифода ёфта башад, ё худ онро ду маънидод намоянд, дар ин сурат он ба мафиати айбдоршаванда (судшаванда, маҳкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.
2) Ибораҳо ва (ё) мафҳумҳое, ки дар ҳамин Кодекс истифода бурда мешаванд, ҳамон маъноеро дороянд, ки дар қонунҳои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси ҷиноятӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маъноҳои гуногун тафсир кардани мафҳуми якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи ҳамин Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавҷуд набошад.

БОБИ 2
АМАЛИ ҚОНУНИ ҶИНОЯТӢ ДАР ЗАМОНУ МАКОН

Моддаи 12. Амали Қонуни ҷиноятӣ дар замон

1) Ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад.
2) Вақти содир намудани ҷиноят, вақти содир шудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибатҳои он, эътироф карда мешавад.

Моддаи 13. Қувваи бозгашти Қонуни ҷиноятӣ

1) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад, яъне ба шахсоне татбиқ мегардад, ки то эътибор пайдо кардани чунин қонун кирдор содир кардаанд, аз ҷумла ба шахсоне, ки мўҳлати ҷазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доғи судӣ доранд. Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани қонуне, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, кирдори то эътибор пайдо кардани қонун содиршуда ҷиноят ҳисоб намешавад.
2) Агар қонуни нави ҷиноятӣ ҷазои кирдореро, ки шахс барои содир кардани он мўҳлати ҷазоро адо мекунад, сабук созад, ҷазои таъиншуда бояд мутобиқи ҳадди болоии ҷазое, ки қонуни ҷиноятии нав муайян кардааст, ихтисор карда шавад.
3) Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро муқаррар менамояд, ҷазоро пурзўр мекунад ё ба тариқи дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир намудааст, бадтар месозад, қувваи бозгашт
Скачать txt | fb2
1 2 3 ... 68 >>
На главную
0 / 33

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©