Привет, Гость!
На главную
Вход
Зарбулмасалхо панду насихатхо аз бузургон
Суханро ба андоза бигӯ!
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр

Шеърхо дар васфи Модар

Тэги:модар шеър | шеърхо барои зодрӯзи модар | модар | шеърхо барои модарон | модар табрик | шеърхои табрик модар | шеърхо дар васфи модар | лоик шерали шеърхо дар васфи модар падар | шеърхо дар васфи ватан | шеърхо дар васфи муаллим | шеър дар васфи модар аз лоик шерали шеър дар бораи зодруз | дарди модари точик | шеър дар бораи ошики
Добавил:Admin (08.03.2016 / 08:36)
Рейтинг:rating 231 article (0)
Прочтений:11543
Комментарии:2
ШЕЪРХО ДАР ВАСФИ МОДАР

Cад чону дил фидои як муддаои модар,
Фатху кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дуньёи сахтгушон,
Ангезаест шояд аз аллахои модар!!! Бӯи ҷону бӯи нону бӯи пистон,
Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ,
Бӯи шири гарми навдӯшида меояд зи дастони ту, модар.
Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,
Офарин хонанд бар азму ба имони ту, модар.

Дар он соат,ки дилгирам куҷоӣ модари пирам,
Биё бинмой тадбирам,ки дар гирдоби тақдирам
***************************************************

ТИФЛИВУ ДОМОНИ МОДАР ХУШ БИХИШТЕ БУДААСТ,
МО БА ПОИ ХУД РАВОН ГАШТЕМУ САРГАРДОН ШУДЕМ.

РУБОӢ ВА ДУБАЙТИҲО

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам,
Ман мӯи сафеди хешро бишморам.
Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад,
Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.
* * *
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
* * *
Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.
* * *
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.
* * *
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.
* * *
Модар, модар, чаро чунин зодҳ маро?
Дар чорсуи азоб раҳ додҳ маро?
Аз синаи гарми хеш берун кардҳ,
Дар синаи сарди хок бинҳодҳ маро.
* * *
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.
* * *
Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
* * *
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.
* * *
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.
* * *
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?
* * *
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.
* * *
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.
* * *
Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?
* * *
Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.
* * *
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!
* * *
Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз
Биё аз гӯру биншин бар сари ман.
Чодарат аз гиря тар шуд, Умри ту бо гиря сар шуд.
Аз ду чашмат хоб рафту хандаҳои ту назар шуд.
Модарам, ай модарак, хокат шавам,
Хоки андӯҳи дили покат шавам.
Буғчаат бар дӯши хаста,
Ай парешон, ай муҳоҷир.
Ай зан, ай мазлуми торих,
Ай тамоми шаб мусофир.
Модарам, ай модарак, хокат шавам,
Хоки андӯҳи дили покат шавам…


Модар! дар чехраи ту мехру сафо мавч мезанад,
Эй шухра дар вафову сафо! мепарастамат,
Дархам шикаста чехраи ту, маъбади Худост,
Эй боргохи кудси Худо мепарастамат.

Зиндаги гар суи ман тире кушод
тир суи калби покам шуд равон
модарам аз пеш гашти чун сипар
ними хумрат аз бароям шуд ба бод

Биё, эй ки умрат ба ҳафтод рафт,
Магар хуфта будӣ, ки барбод рафт?
Ҳама барги будан ҳамесохтӣ,
Ба тадбири рафтан напардохтӣ.
Қиёмат ки бозори менӯ ниҳанд,
Манозил ба аъмоли некӯ диҳанд.
Бизоъат ба чандон ки орӣ, барӣ,
В-агар муфлисӣ, шармсорӣ барӣ.
Ки бозор чандон ки огандатар,
Тиҳидастро дил парокандатар.
Зи панҷаҳ дирам панҷ агар кам шавад,
Дилат реши сарпанҷаи ғам шавад.
Чу панҷоҳ солат бурун шуд зи даст,
Ғанимат шумар панҷ рӯзе ки ҳаст.
Агар мурда мискин забон доштӣ,
Ба фарёду зорӣ фиғон доштӣ.
Ки эй зинда, чун ҳаст имкони гуфт,
Лаб аз зикр чун мурда барҳам махуфт
Скачать txt | fb2
На главную
0 / 51

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
© Провообладателям и Соглашения сайта oktj.ru