Привет, Гость!
На главную
Вход
китайские товары в Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Реферат Иншо Кори курси
1 2 3 >>

РЕФЕРАТ Нақши соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурӣ.

Тэги:реферат | скачать
Добавил:Admin (03.04.2015 / 15:21)
Рейтинг:rating 23 article (0)
Прочтений:3887
Комментарии:0
Мавзӯъ: Нақши соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурӣ
Нақша:
1. Нақши соҳибкории дар Ҷумҳурӣ.
2. Фаъолияти бизнеси хурду миёна дар Тоҷикистон.




















1.Нақши соҳибкорӣ дар Ҷумҳурӣ.
Фаъолияти сохибкори хамчун мачмўи амалиётхои сохибко-рон оиди ба сомон расонидани корхои пешбиникардашуда, яъне аз гузориши маблаѓхои ибтидои сар карда, то ба даст овардани фоида - хамчун хадафи нихоии фирма сурат мегирад. Ин давраи фаъолият дар адабиёти иќтисоди хамчун “бизнес - оператсия” (амалиётхои корчаллони) маънидод карда мешавад. Дар амалияи хочагидори он хамчун муомилаи байни як ё якчанд субъект-хои иќтисоди (сохибкорон) сурат мегирад.
Муайян кардани амалиётхои чудогонаи бизнес имкон меди-хад, ки хар як сохибкор тавонад оѓозу охири корро муайян намояд, хисобу китобро оиди захирахои иќтисоди (сармоя, мехнат) ва натичаи нихоии истехсолот аниќ кунад. Одатан, тадбиќи ин вазифа бо воситаи паи хам ё худ мунтазаму мутаносибан хал кардани амалиётхои пешбинишуда анчом дода мешавад.
Дар адабиётхои кунунии иќтисоди чунин омилхои муайянкунандаи амалиётхои фаъолияти сохибкори нишон дода мешаванд (4, 542-548):
- эхёи ѓоя (идея) ва пухтагии ният ва маќсад оиди оѓози кор;
- банаќшагирию бастани ќарордодхо (контрактхо);
- таъминот бо захирахо;
- тавлид ва фурўши молхо.
Ѓоя - хамчун наќшаи ибтидоии андеша оиди эхё ва бунёд кардани фаъолият, муайян кардани самтхои асосии сохибкори, густариши он ё худ дигар кардани ният ва ѓайра сурат мегирад.
Баъд аз пайдо шудани нияту орзухои нек оиди ташкили шакл ва намудхои фаъолияти сохибкори мархалаи дигар - муайян кардани сарчашма ва омилхои ташаккули он, захирахое, ки аз он махсулот истехсол карда хохад шуд, ќобилият ва иќтидори корхона, миќдори махсулоти истехсол кардашаванда, воситахои моддию молиявии худи сохибкор, мўхлати истехсол, фурўш, хачми фоидаи ба даст овардашаванда ва дигар масъалахо оѓоз ва давом дода мешавад.
Баъд аз оѓоз ва пухтагии нияту андешахо мархалаи дуввум - тархрезии амалиётхои сохибкори ба сомон мерасад. Дар ин мар-хала бо таври мушаххас роххои халли вазифа, муќоисаи маќсади ибтидоию интихои, миќдори воќеии омилхои истехсолот, восита ва тарзи дар амал тадбиќ гардонии ѓояхои ќабулшуда, халли масоили кам кардани харочот, меъёри даромаду фоида ва ѓайра ташхис карда мешавад. Тархрезии комили шакл ва намуди со-хибкори бо воситаи бизнес-план (наќшаи бизнес) ва бизнес-проект (лоихаи бизнес) ба рох монда мешавад.
Фаъолияти сохибкори бидуни равобити мутаќобила бо дигар ашхосони хуќуќи имконнопазир мебошад. Ин алоќаманди бо воситаи ќарордодхо мустахкам карда мешавад. Хар як сохиб-кор бо молики захирахо (сармоя, мехнат, замин), бо харидорон, таъминотгарони унсурхои махсулоти нихои, бо ичорадиханда-гону ќарздихандагон ва ѓайра шартномахо мебанданд. Шартнома бо молики ќувваи коргари, коргарони кироя, менечерон, рохбарони кироя ва дигарон низ баста мешавад.
Дар асоси ќарордодхо сохибкор имконият пайдо мекунад, ки фаъолияти худро бо барномагузорихои наќшави муќоиса намояд, вазъи хозираю ояндаи корхонаи худро муайян кунад, нисбат ба талаботхои ќарордод фикру андешахои худро баён созад.
Тачриба нишон медихад, ки байни сохибкорони инфироди бисёр ваќт бо тарзи хатти шартнома баста намешавад. Ќарордо-дхо дар мехвари бовари, ќавли сохибкор сурат мегирад.
Таъминот бо захирахо, яке аз унсурхои мухимтарини фаъолияти сохибкори мебошад. Чи тавре дар саволи якўм ќайд карда гузаштем, хар як сохибкор барои тахсис, бунёду инкишоф додан ва нигох доштани таносуби муозини таќозо ва арзаи бозори, бояд захирахоро тибќи фармоишхои пешаки ба даст орад. Баробари ин материалхо, тачхизот, молу ашё, яъне фондхои асосию гардонро ташкил дихад; коргаронро киро карда гирад; перомуни фаъолияти худ иттилоотхои зарури андўхта бошад; манобеи молиявиро дастрас намояд. Ин гурўхи захирахо барои фаъолияти сохибкори дар даврахои гуногун: то ибтидои фаъолият, дар давраи фаъолият ва баъди хатми фаъолият ва аз нав эхё намудани он лозим меояд. Аз ин нигах, сохибкор кўшиш ба харч меди-хад, ки чараёни истифодаи захирахо муозин ва муназзам сурат гирад.
Натичаи чидду чахди фаъолияти сохибкори ба даст овардани махсулот мебошад. Барои амали гардондани ин маќсад со-хибкор аз хамаи имкониятхо, яъне захирахову омилхои истехсо-лот пурра истифода мекунад.
Фаъолияти сохибкории тичорати асосан барои харидан ва ба истеъмолкунанда бурда расондани мол, нигох доштан ва тайёр кардан барои фурўш, фурўхтан бо воситаи нуќтахои савдо нигаронида мешавад.
Объекти сохибкорони молиявиро пул, захирахои пулию молияви, тайёр кардани хуччатхои лозими ва шароитхои муфид барои амали гардондани ниятхои мизочон ва ѓайра ташкил медихад.
Дар чараёни сохибкории миёнарави иттилоотхои зарури оиди имкониятхои тарафхои мутаќобила, хусусан он тарафе ки миёнарав ба он манфиатнок аст, чамъовари карда мешавад.

Дар бизнеси суѓуртави бошад, кўшиш ба харч дода мешавад, ки бештар субъектхоеро, ки аз хизмати ин соха мехоханд истифода кунанд, дарёбанд.
Хамин тавр метавон чамъбаст намуд, ки фаќат дар раванди сохибкории истехсоли молу хадамот тавлид карда мешаванду халос. Дар дигар холатхо, ба даст овардани махсулот, дар шакли фурўши махсулот, адои хизмат ва ичрои ягон кор ба вуќўъ мепайвандад. Аз ин нигах, амалиётхои сохибкори, вобаста ба сирати шакл ва намудхои он харлела сурат мегирад.
Фурўши махсулот - яке аз амалиётхои интихоии фаъолияти сохибкори (бизнес) мебошад. Вазифаи асосии амалиётхои сохиб-кори - ба истеъмолкунанда бурда расондани махсулоти нихои, фурўхтан ва ба ивази он ба даст овардани фоида мебошад. Ин вазифа дар хамон лахза ба вуќўъ мепайвандад, агар хамаи молхо пурра ё худ аз набудани имконият бо нархи паст фурўхта шуда бошад. Охирон, дар хамон ваќте имконпазир мегардад, ки фоидаи гирифташуда харочотхои мавчудаи сохибкорро пурра рў-пўш карда тавонад.
Хамин тавр, аз тахлили унсурхои зикршуда, хулоса бармеояд, ки фаъолияти сохибкори аз омилхои зиёде вобастаги дорад: сатх ва дарачаи ташкилу ташаккули онхо, мустаќиман раванди ташаккул ва тахаввули сохибкориро муайян мекунанд.
2 Бизнес, мохият ва шаклхои ташкили он
Бизнес аз вожаи англисии “business” гирифта шуда, маънои кор, фаъолият, шуѓлро ифода мекунад, ки он ягон навъи даромад ва фоидаро таъмин карда тавонад.
То кунун тахти бизнес хулќ ё худ рафторе тасаввур карда мешавад, ки он фаќат доираи хариду фурўшро дарбар мегирифта бошад. Яъне “бизнесменро” хамчун шахсе, ки “гирифт - фу-рўхт”, пули зиёди муфтро ба даст овард ва сохиби молу мулку сарват гардид, тасаввур мекунанд. Ин “хариду фурўш” дар асл муносибатхои беинтихову бисёрчанба ва мураккаби байни субъ-ектхои иќтисодиро ифода мекунад, ки онхо на хамеша айёнанд. Дар хаёти воќеи ба бизнесмен лозим меояд, ки он молу махсу-лот, ашё, мавод ва дигар захирахоро кобад, ёбад, интихоб намояд, миќдору сифати онро аниќ кунад, бо нарххои пасту мувофиќ онхоро дастрас намуда, бо харочоти кам (харочоти наќлиёт, борпечони, боркашони...) то ба бозор бурда расонад, онхоро солим нигох дорад, хифз намояд, бозорро интихоб карда онхоро фурўшад, бо раќибон харифона
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 22

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©