Привет, Гость!
На главную
Вход
Дешево купить товаров с Китая в Таджикистан
Купить Качественные Смартфоны по низким ценам
Библиотека | Шеърхо Рубоихо Табрикот баромадхои таёр
1 2 3 >>

ЗАХИРА ВА ИМКОНИЯТХОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТХИ ДОНИШИ ДОНИШҶУЁН

Тэги:захира ва имкониятхои баланд бардоштани сатхи дониши донишҷуён | 2016
Добавил:Admin (24.02.2016 / 13:32)
Рейтинг:rating 227 article (0)
Прочтений:550
Комментарии:0
ЗАХИРА ВА ИМКОНИЯТХОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТХИ ДОНИШИ ДОНИШҶУЁН

Яке аз проблемахои мухими Ҷумхурии Тоҷикистон тайёр кардани кадрхои баландихтисос барои хама сохахои иктисодиёт мебошад. Барои ноил гаштан ба ин максад сифати таълим дар мактабхои тахсилоти умуми, махсуси касби ва алалхусус дар донишкадахо бояд ба сатхи баланд бардошта шавад. Чорахое андешида шаванд, ки барои баланд шудани хавасмандии донишандузии донишҷуён кумак расонад.
Яке аз сабабхои паст будани сатхи донишандузии донишҷуён, аз ҷониби онхо, надоштани одати мунтазам машщул шудан ба мехнати фикри мебошад. Бархе аз донишчуён, аз ин сабаб ба дониши кифоя сохиб намешаванд ва хатто донишгохро хатм намекунанд. Саволе ба миён меояд – чаро кисме аз донишҷуён дониши кифоя надоранд ва ба оддитарин саволхои барномахои таълими ҷавоби сахех намедиханд?
Яке аз сабабхои ин вазъият интихоби нодурусти касб аз ҷониби довталабон аз курсии донишҷуи мебошад. Аксар донишчуён касб ва донишгоххоро на аз руи дониш, шавку хавас, кобилият ва огах будан аз нозукихои касбхои мухталиф, балки бо хидояти калонсолон ё аз руи назарияи эхтимолият интихоб мекунанд. Довталаб, масалан, ба касби иктисодчи – молиячи гумон мекунад, ки агар сохиби диплом шавад, дар бонкхои тиҷорати, идорахои молияви, макомоти андоз, ширкатхои калон дар вазифахои бонуфуз кор мекунанд ва бо мехнати начандон мушкил сохиби даромадхои калон мешавад. Дар амал ин тавр нест. Кори рузмарраи иктисодчи метавон гуфт, ки мураккабтарин кори фикри махсуб мешавад. Барандаи ҷоизаи Нобели, асосгузори физикаи кванти Макс Планк бехуда нагуфтааст: - « Ман дар ҷавони бо илми иктисоди машщул будам ва ин илм барои ман чунон мушкил буд, ки нихоят ман онро тарк кардам» х2.29].
Мехнати иктисодчи, алалхусус молиячи – ин мехнати харрузаи пуршиддати фикри буда, аз шахсе, ки бо он машщул аст, омузиш ва инкишофи дониши худро якумра талаб менамояд. Чунин мехнат донишҷуро водор месозад, ки дар солхои тахсил пайваста омузад ва худро ба мехнати пуршиддати оянда тайёр созад.
Донишҷуёни имруза аз рузхои аввали тахсил дар донишгох бояд возех дарк намоянд, ки тахсил дар факултаи иктисодии молияви душвор аст.
Худи истилохи лотинии «студент», ки ба тоҷики донишҷу тарчума шудааст, «бо ҷидду ҷахд кор кардан ва машщул будан»-ро ифода мекунад. Баъди донишҷу шудан ҷавон бояд донад, ки панҷ соли тахсил – ин солхои интизории хаёти оянда ё солхои тайёри ба хаёти оянда набуда, балки ин хаёти хозираи асли ва мехнати мебошад.
Хамаи инро дарк накарда, нафахмида баъзе чавонон ба худ касб интихоб менамоянд. Баъд аз донишҷу шудан онхо ботези бовари хосил мекунанд, ки касби интихобкардаашон табъи дилашон нест, ба хохиш ва ишку завкашон мувофикат намекунад. Баъзехо бо як дахшат эхсос менамоянд, ки дар давоми панҷ сол бо мехнати фавкуллода азим бояд машгул шаванд.
Чи тавре ки дар урфият мегуянд, нокифоя будани дониши амали мусибати калон нест ва ислохшаванда аст. Дониш кори дарёбшаванда мебошад. Норасоии кобилияти табии – мушкилоти хело бад аст, зеро бо кушишу щайрати калон хам ҷои онеро, ки табиат кохиш додаст, пур кардан мумкин нест. Ва умуман кори бефоида аст, агар ба касбу кори худ мухаббат набошад ё мухаббат кам зохир шавад, агар ращбати хакикии афзоянда набошад.
Дар мамлакати мо шавку ращбат ба тахсилоти оли хело калон аст. Хазорон ҷавонон хар сол ба донишкадахои оли меоянд. Меоянд, ки дониш гиранд, касб омузанд, рохи хаёти худро ёбанд ва орзу менамоянд, ки ба комёбихои калон бирасанд. Дар айни замон, кисме аз онхо умед мекунанд, ки комёби ба онхо хамчун натиҷаи мурури табии вакт хатман насиб хохад шуд. Дар хакикат бошад, кадамхои аввалин собит менамоянд, ки комёбии асил дар натиҷаи муборизаи душвор ва суботкорона, пеш аз хама бо худ насиб мегардад. Дар тахсил ба мушкилихо дучор шуда, баъзе донишҷуён нисбати худ серталабиро сарфи назар мекунанд, даст меафшонанд, бе мубориза аз орзухои худ даст мекашанд.
Хамеша набояд аз хотир фаромуш кард, ки барои дар донишгох бомуваффакият тахсил кардан, мехнат, мехнати суботкоронаи муттасил, матонат ва истодагари заруранд. Маркс навишта буд: - «Дар илм рохи васеи сангфарш нест ва оне ба куллахои нурафшонаш расида метавонад, ки аз хасташави натарсида бо пайрохахои санглохаш гаваккашон хазида мебарояд».
Хачми маълумоте, ки донишчу бояд азхуд кунад, бо барномахои мактабхои тахсилоти умуми ба хеҷ ваҷх мукоисашаванда намебошад. Микдори зиёди фанхои таълими, ки дар донишгох омухта мешаванд, китобхои дарсии калонхаҷм, зарурати омухтани сарчашмахои илмии иловаги имкон намедиханд, ки донишҷу бо усули мактаби тахсил намояд ва хама гуна кушиши бо усули мактаби кориазёд кардани кулли маводхои таълими ба нокоми анчом меёбад.
Мутаассифона, кисме аз донишҷуён малакаи мехнати фикри надоранд ва хатто донишҷуёни болаёкат, ки мехнати фикрии худро дуруст ташкил карда наметавонанд, ба катори донишҷуёни бадхон дохил мешаванд. Аз ин лихоз, ташкили мехнати фикри аз ҷониби донишҷуён, асоси пешрафт ва муваффакияти онхо дар тахсил мебошад.
Барои ташкили мехнати фикри, пеш аз хама, банакшагирии (ба плангирии) он зарурати ногузир дорад. Ин маънои онро дорад, ки донишҷу бояд тартиби аз руи накша (план) кор карданро азхуд намояд. Накшаи кор – ин ҷадвали таквимии дакик ва боасоси иҷрои корхои алохида дар муддати зарури мебошад.
Барои азхуд кардани банакшагирии дуруст ва аз хама мухимаш, иҷро кардани корхои ба накша даровардашуда иродаи матин зарур аст. Шахсони беирода ба ин кор кодир нестанд. Одамони боирода бошанд, максади устувор доранд, акидахои худро хифз менамоянд, барои дар вакти зарури кабул кардани карори дахлдор кобиланд, кори худро бо катъият ба охир мерасонанд, ботамкину ботахаммуланд, боинтизоманд, барои ба максад расидан тайёранд аз бахри бисёр неъматхо ва хатто хаёти худ гузаранд, яъне ҷасур ва диловаранд. Ин хислатхои наҷиби инсони дар одамони сустирода вуҷуд надорад. Онхо ниятхои хуб доранд, аммо дар хаёт, чун анъана ба чизе сохиб намешаванд.
Барои мустахкам кардани ирода ба сомон расонидани корхои пурдабдаба ва кахрамони зарур нестанд. Ирода аз хама бехтар дар корхои майда – чуйда сайкал меёбад, аммо факат дар машкхои харруза, мавриди хатман риоя кардани шарти «карор карди - иҷро кун» тарбия меёбад.
Дар хар маврид барои машк додани иродаи худ имкониятхои фаровон мавҷуданд: машщулиятхои мунтазами харруза, азчумла омузиши фанхои таълими, ки ба назар шавковар наменамоянд, аз ухдаи дар дарсхо нишастан ва гуш кардани лексияхо баромадан, чи тавре ки мушкил набошад, бо шарикдарсони кафои миз гуфтугу накардан, аз худ дур кардани фикрхои бегона – омилхои асосии сайкал додани ирода мебошанд.
Кисме аз донишҷуён сустирода мебошанд ва ба тахсил муносибати ҷидди намекунанд ва рафтори онхо хайратовар мебошад. Онхо бо мушкилихои зиёд ба донишгох дохил мешаванд, музди тахсил месупоранд ба хотири он, ки дониш гиранд ва сохиби касб шаванд. Падар ва модарони онхо умедвор ва интизор мешаванд, ки фарзандашон илм меомузад, сохибмаълумот мешавад, сохиби касб мешавад ва ба ояндаи нек мерасад. Дар асл бошад, донишҷуи сустирода аксар рузхо аз хона «ба дарс меравам» - гуён мебарояд ва ба ҷои он
Скачать txt | fb2
1 2 3 >>
НАШ ПАБЛИК ЧАТ В ВАЙБЕРЕ
На главную
0 / 33

OkTj.ru тест тестхои саволу чавоб точики калид китобхои Точики китобхонаи милли tj 2015 2016 2017 Одноклассники Таджикистан Точикистон Душанбе Хучанд Худжанд Куляб Хоруғ скачать бесплатно музика видео mp3 сайти точики

Statok.net
©